Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 майи соли 2024, соати 09:30 дар мавзуи «Масъалаҳои рушди соҳибкории занон: вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» , конфронси илмӣ–амалиро баргузор менамояд.

Ҳадафи баргузории конфронс таҳлилу арзёбии вазъи кунуни тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон, дастрасии онҳо аз имтиёзҳою грантҳо ва захираҳои қарзию молиявӣ, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар ин самт ва дар ин замина пешниҳоду тавсияҳо барои рушди соҳибкории занон дар шароити имрӯза аст.

Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатии марбут ба соҳа, инчунин, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат меварзанд.

Макони баргузорӣ: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 89, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Чоп кунед