Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 феврали соли 2024 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ховари Миёна: замина, дурнамои ҳамкорӣ ва самтҳои асосии ҳамгироӣ”  баргузор менамояд.

Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28.12.2023) ироа гардида буданд ва баррасии доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои  Ховари Миёна доир карда мешавад.

Дар кори конфронс иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мутахассисон ва коршиносони самти ховаршиносӣ, таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамоиш масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Ховари Миёна: ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ.
  2. Ҷустуҷӯи имкониятҳои истифоданашуда дар муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Ховари Миёна ва роҳҳои муассири татбиқи онҳо.
  3. Ҳолат ва дурнамои гардиши савдо ва тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Ховари Миёна.
  4. Сармоягузории кишварҳои Ховари Миёна ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилот.
  5. Ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ бо кишварҳои Ховари Миёна дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ.
  6. Таъсири вазъи Ховари Миёна ба Осиёи Марказӣ.
  7. Омилҳои бавуҷудоии низоъ дар Ховари Миёна ва таъсири онҳо ба дурнамои шаклгирии вазъият дар ин минтақа.
  8. Омилҳои таҳдидкунанда ба ҳамгироии Тоҷикистон ва Ховари Миёна ва дигар масъалаҳо.

Санаи баргузорӣ: ˗ 29 феврали соли 2024
Оғоз: ˗ 09:30
Суроға: ˗ хиёбони Рӯдакӣ-89
Макон: ˗ толори Марказ, ошёнаи 4
Забони чорабинӣ: ˗ тоҷикӣ, русӣ
Тамос ˗ 221-32-26;
Сайт: ˗ mts.tj;

Чоп кунед