Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
.
Иттилоияи
конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ зери унвони “20–солагии СҲШ: аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ” ба муносибати 20 – солагии СҲШ,
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттило медиҳад, ки бахшида ба 20 – умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай санаи 20 августи соли 2021 конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «20 соли СҲШ: аз форуми минтақавӣ то эътирофи ҷаҳонӣ”-ро баргузор менамояд. Конфронс дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2021 ба нақша гирифта шуда, дар шакли маҷозӣ доир карда мешавад.
Дар кори конфронс иштироки муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дабири кулли СҲШ, собиқ Дабири кулли СҲШ, инчунин роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои узв, нозирон ва шарикони муколамаи СҲШ, намояндагони котиботи ИДМ ва Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар назар аст.
Дар конфронс баррасии масъалаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
- СҲШ: 20 соли дастовардҳо ва дурнамои рушди ҳамкорӣ
- Нақши СҲШ дар тавсеаи ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар минтақа
- СҲШ ва дурнамои амнияти минтақавӣ
- Тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои СҲШ дар соҳаҳои тиҷорат, молия ва сармоягузорӣ
- Вусъати ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ дар фазои СҲШ
- Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм дар доираи СҲШ