Рӯзҳои 22-23 майи соли 2023 бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи СҲШ таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми XVIII-уми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад.
Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай механизми бисёрҷонибаи машваратӣ-экспертии ҷамъиятӣ мебошад, ки барои мусоидат ва дастгирии илмӣ-таҳлилии фаъолияти СҲШ, рушди ҳамкории марказҳои илмӣ-тадқиқотии давлатҳои аъзои СҲШ, гузаронидани таҳқиқоти муштарак доир ба масъалаҳои мубрами доираи Созмон, тавсеаи табодули афкор байни олимон ва коршиносон дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, иҷтимоиёт, экология, технологияҳои нав ва ғайра равона шудааст.
Форуми мазкур соли 2006 таъсис дода шуда, аз ҳар кишвари узв як маркази муҳимми таҳлилӣ шомили он мебошад. Раёсатро дар Форум ҳар сол як маркази миллии таҳлилии кишвари узв ба зимма мегирад. Форумро аз номи Тоҷикистон Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
Аз замони таъсисёбиаш то имрӯз таҳти раёсати кишварҳои узв 17 ҷаласаи он баргузор шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан ду маротиба солҳои 2010 ва 2016 дар Форум раисӣ дошта, онро дар сатҳи баланди байналмилалӣ доир намуда буд. Маврид ба зикр аст, ки мақоми раисӣ дар Форуми СҲШ соли 2022 аз Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскави Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд ва имсол сеюмин давраи раисии Тоҷикистон дар Форуми СҲШ мебошад.
Дар Форум роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои узв, нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, Котиботи СҲШ, намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, ҳамзамон, коршиносони ватанӣ ширкат хоҳанд намуд.
Дар Форум баррасии доираи васеи масъалаҳои зерин дар назар аст:
- СҲШ ва воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ: вазъи кунунии иқтидори посухгӯйии Созмон ба чолишҳои муосир.
- Уфуқҳои стратегии СҲШ дар шароити ташаккулёбии ҷаҳони бисёрқутбӣ.
- Сиёсати амниятии СҲШ дар шароити тағйирёбии шаклҳо, табиат, ҷуғрофиё, миқёси чолишҳо ва таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ.
- Хатарҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ: дарки таҳдидҳо, таҷрибаҳои миллии муқовимат ва механизмҳои табодули таҷриба дар доираи СҲШ.
- Тамоюли нави ҳамкории давлатҳои СҲШ дар шароити нави ҷаҳонӣ: дурнамои рушди фарогири иқтисодӣ, инноватсионӣ ва технологӣ.
- Равандҳои муҳоҷират дар ҳавзаи СҲШ: вазъ ва масоили танзими он;
- Ҳамкориҳои гуманитарӣ дар доираи СҲШ: дастовардҳо, мақом ва нақши илм, маориф ва фарҳанг дар тавсеаи равандҳои ҳамгироӣ.
- Дастовардҳо ва дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи СҲШ: иттиҳодияи байнибонкӣ, системаи ягонаи молиявӣ, шабакаи ягонаи нақлиётӣ ва системаи ягонаи мониторинги боркашонӣ.
- Ташаккули самтҳои нави ҳамкорӣ дар доираи СҲШ: рушди иқтисоди сабз, энергияи сабз, ҳифзи муҳити зист ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим.
Макон: Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ошёнаи 2;
Оғози ҳамоиш: соати 9:00;
Забон: русӣ, чинӣ, англисӣ;
Эзоҳ: Аз кормандони расонаҳои хабарӣ хоҳиш дорем, ки қабл аз
оғози ҳамоиш ҳозир гарданд ва аз қайд гузаранд.
Телефон барои тамос: 2-21-32-26; 2-21-41-29;
E-mail: info@mts.tj;
Сайт: mts.tj;
Хадамоти матбуотии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон