Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-уми июли соли 2024 соати 9:30 конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзӯи “Стратегияи табдили Тоҷикистон ба “кишвари сабз: заминаҳо, ҳадафҳо ва дурнамои татбиқи он” баргузор менамояд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлил ва омӯзиши вазъи кунунӣ тавсияю пешниҳодҳо доир ба масъалаҳои марбут ба дурнамои табдил додани Тоҷикистон ба “кишвари сабз”, заминаҳо барои беҳтар гардонидани истеҳсоли “неруи сабз”, ҳадафҳо ва дурнамои татбиқи он дар оянда, рушди гидроэнергетика, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия рушди “иқтисодиёти сабз” ва нақши он дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, дарёфти роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузории “иқтисодиёти сабз” ва самтҳои муҳимми фазои сармоягузорӣ дар ин раванд ва дигар масъалаҳои марбут ба “иқтисодиёти сабз” ва иқтидори истеҳсоли он дар кишвар дар шароити имрӯза аст.
Дар кори конфронс коршиносону мутахассисони соҳавии вазорату идораҳо, ташкилотҳо муассисаҳои олӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ширкат меварзанд.
Макони баргузорӣ: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 89, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.