Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи Шумо мерасонад, ки дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Конфронси байналмилалиро дар мавзуи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» санаи 10 марти соли 2023 баргузор менамояд. Дар кори конфронс роҳбарону коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.

Конфронс соати 10:00 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ оғоз менамояд.

Дар ҳамоиш нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар самти мазкур арзёбӣ мегарданд. Ҳамзамон, сиёсати ҳамҷаворӣ ва ҳолату дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини субот ва рушди устувор дар шароити тағйироти куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед