Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3-юми июли соли 2024 соати 10:00 мизи гирди илмӣ-амалиро таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таъмини суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» баргузор менамояд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии заминаю омилҳои тақвиятбахши суботи сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон вазъи кунунӣ ва дар ин замина таҳияи тавсияҳо доир ба равандҳои пурзиддияти муосир ва таъсири онҳо ба суботи сиёсӣ, нақши маориф дар ташаккули шуури ҷамъиятӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ, мавқеи ВАО дар таҳкими суботи сиёсӣ ва мусоидат ба устувории фазоии иттиллоотии кишвар дар қиболи ин падидаҳо, бартарафсозии ҷанбаҳои осебпазири суботи иқтисодӣ ва роҳҳои мусоидат ба рушди стратегии сиёсати давлатӣ дар қаринаи таҳдиду чолишҳои муосири байналмилалӣ дар шароити имрӯза аст.
Дар кори ҳамоиш иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар назар аст.
Макони баргузорӣ: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 89, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.