Истиқлолият муқаддастарину арзишмандтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Бо шарофати ин руйдоди бузурги таърихӣ, Тоҷикистони азизи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конистутсия гашта, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустаъқил эътироф гардид.
Имрӯз бо дарки масъулият дар назди таърихи талхи тоҷик, дар назди номи неки миллат ва дар назди ояндагон, ки онҳо низ аз мо умедҳои калон доранд, мо бояд дар атрофи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, Истиқлолияти давлатиро бо кору фаъолияти содиқона, беғаразона муаррифӣ ва ҳифз намоем.
Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Бояд аз ин ифтихор намоему барои боз ҳам машҳуртар гардидани кишвар кӯшишу талош дошта бошем.
Имрӯз мо дар остонаи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлати соҳибихтиёри тоҷикон истодаем. Давлатсозиву давлатдорӣ кори як даҳсола ва ҳатто як насли инсонӣ набуда, як даврони дурударози таърихӣ ва пайвасти ногусастании онҳо, анъанаҳо ва арзишҳои халқиро тақозо дорад.
Давраи навини давлатсозиву давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди мамлакат ба иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушодем.
Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ягон кишвари тоза мустақилгардидаи собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд. Қувваҳои бадхоҳ ва ашхосони гумроҳ бо нақшаву дастурҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехостанд бар хилофи иродаи мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари халқи тоҷик бор кунанд ба мақсад нарасиданд. Ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз панҷ сол идома ёфта, рушди Тоҷикистони тозаистиқлолро даҳсолаҳо боздошта, ба иқтисодиёти кишвар зарару хисороти ниҳоят калон расонид. Зарбаи аз ҳама даҳшатноки ҷанг он буд, ки боиси ҳалокати ҳазорон нафар гардида, даҳҳо ҳазор кӯдакон аз падару модар маҳрум гаштанд ва беш аз як миллион нафар сокинони Тоҷикистон ба худ номи гурезаро гирифта, ҷойи зисти доимиро тарк намуданд.
Дар он айёми фоҷиабор беназмиву беқонунӣ ба ҳадде расида буд, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ягона мақоми қобили кор, натавонист иҷлосияи худро дар пойтахти кишвар –шаҳри Душанбе баргузор созад ва маҷбур гардид, ки бо ташаббуси гуруҳи вакилон ҷаласаи худро дар шаҳри бостонии Хуҷанд барпо намояд.
Ин иҷлосия, ки минбаъд дар таърихи навини халқамон бо номи “Иҷлосияи тақдирсози Шонздаҳум” сабт шуд, дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар нақши бузурги таърихӣ бозид ва роҳу сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷикро муайян намуд. Яке аз масъалаҳои муҳими иҷлосия муайян кардани сохти давлатдорӣ ва роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлати соҳибистиқлол буд, зеро дар он вазъияти мураккаб дар ҷомеа андешаҳои ба ҳам мухолифе пайдо шуда буданд, ки онҳоро қувваҳои иртиҷоъпарасти дохиливу берунӣ пуштибонӣ мекарданд.
Шукр мекунем, ки тайи ин муддат корҳои зиёди давлатсозию давлатдориро анҷом дода, дар шоҳроҳи таҷрибаи идораи пешқадами ҷаҳонӣ роҳи дурусти бунёдгузории давлати миллии худро пайдо намудем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин падидаи муҳимро таъкид менамояд ва мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он чун гавҳараки чашм роҳнамоӣ намуда, онро тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини миллиамон меномад: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Давлати тозамустақил ва халқи азиятдидаи тоҷикро баҳри устувории Истиқлолият, нигоҳдошти якпорачагии марзу бум, идораи давлат ва ба роҳ мондани истеҳсолот ва барқарории муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, лозим буд, ки Конститутсияи кишвари орзую ормонашро бо якдилӣ қабул намояд. Агар гӯем, қабули Конститутсия дуюмин дастоварди бузурги сиёсии замони Истиқлолият ба шумор меравад, ҳеҷ иштибоҳ нахоҳем кард, зеро барои расидан ба сулҳи умумӣ ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама, пояи қонунии фаъолияти ҳокимият лозим буд ва инро танҳо Қонуни асосии мукаммал ва мутобиқ ба талаботи замони муосир бароварда менамуд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст , дар остонаи таҷлили 28-умин Солгарди Истиқлолияти давлатӣ чархаи дуюми НБО-“Роғун” ба кор дароварда мешавад. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ боз як қадами ҷиддӣ дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ буда, дар рушди устувори давлатӣ аҳамияти стратегӣ хоҳад дошт.
Ҳамин тариқ, арҷгузорӣ, ҳифз ва шинохти воқеии арзишмандтарин неъмат Истиқлолияти давлатӣ, вазифа ва қарзи ҷонии тамоми мардуми Тоҷикистони азиз ба ҳисоб рафта, ҳар як сокини ватандӯсти кишвари азизамон бояд саҳми воқеии худро дар рушди беҳдошти ватани куҳанбуёд гузорад.
Сино Исмоилов, мутахассиси
Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии МТС-и назди
Президенти Чумҳурии Тоҷикистон