Соли равон аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, 29 сол сипарӣ мегардад.
Маҳз бо шарофати ин дастоварди бузурги таърихӣ мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намуданд.
Аз ин хотир, Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолиятро неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллатамон номидаанд, ки барҳақ дуруст аст.
Хурду бузурги мардуми тоҷик аз он ифтихор доранд, ки дар бисту нӯҳ соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллӣ гузошта шуда, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузург ба анҷом расонида шуда, имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузоранд.
Мардуми тоҷик хуб дар ёд доранд ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки солҳои аввали истиқлолият бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо Тоҷикистони азиз ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуда буд.
Хатари пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон дар он айёми фоҷиабор ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.
Боиси хушбахтии бузург аст, ки мардуми кишвар дар атрофи Ҳукумати қонунӣ ва фарзандони бонангу номуси худ муттаҳид шуда, ягона роҳи дуруст яъне, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифтанд.
Бо дастгириву пуштибонии самимонаи сокинон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё карда шуданд.
Ҳамаи ин дастовардҳои кори саҳлу осон набуду бо бисёр мушкилиҳои зиёд ба даст омад, вале дар ин роҳ, мутаассифона ҳазорон нафар аз сокинони кишварамон ба ҳалокат расиданд, фарзандони фидокори миллатамон қурбонии ҷанги бародаркуш гардиданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистонро дар он айёми сангину ҳассос дастгирӣ намуданд, зеро он роҳ ба сӯи пешрафт ва бунёди ҷомеаи мутамаддин буд.
Бо фароҳам омадани сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули як қатор барномаҳои давлатӣ ва консепсияву стратегияҳои миллӣ ба шоҳроҳи рушди устувор ворид гардид.
Дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат ислоҳоти ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, корҳои бунёдкориву созандагӣ, яъне сохтмону таҷдиди инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ, иншооти энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва дигар иқдомоти созанда вусъат пайдо карданд.
Роҳбарияти давлат аз ибтидои фаъолияти худ ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул барои ҳамватанонамон пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамоянд.
Бо шарофати хизмати аҳлонаи халқи кишвар се ҳадафи стратегии миллиамон– таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расида, ҳадафи чорум- саноатикунонӣ низ ба роҳ монда шуда, бо ҷаҳду талошҳои пайваста комилан татбиқ хоҳад гашт.
Ба пуррагӣ амалӣ гардидани ҳадафҳои зикршуда боиси баланд гардидани сатҳи иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сатҳу сифати рӯзгори сокинони мамлакат мусоидат менамоянд.
Ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Таърихи башар собит намудааст, ки аксари халқу миллатҳо тавони ҳифзи онро накарда, ин неъмати бузургро аз даст додаанд.
Аз ин лиҳоз, ба қадри ин неъмати бебаҳо расидан ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода будан вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номуси кишвар мебошад.
Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доштан ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намудан аз муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон буда, асоси пойдории истиқлолияти давлату миллатамон шуморида мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳоияшон таъкид доштанд, ки «раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем».
Бо назардошти ин гуфтаҳо моро зарур аст, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсии кишварамонро ҳифз, ваҳдати миллиамонро таҳким бахшида, бо заҳмати содиқонаву софдилона дар рушди давлати соҳибистиқлоламон, болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ҷаҳду талош намоем.
Мо – хурду бузурги кишвар бояд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд кунем, иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойҳои нави кор муҳайё намоем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро мунтазам баланд бардорем, Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаҳои он ободу пешрафта гардонем ва собит созем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри бисту як ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи худро дорад.
Итминони комил дорем, ки ин ҳамаро мардуми соҳибмаърифату тамаддунсози тоҷик ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ба иҷро расонида метавонанд. Онҳо барои таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи озодӣ, пешрафти давлат ва ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон минбаъд низ тамоми талошу кӯшиши худро сафарбар месозанд.
Умед аз он дорем, ки халқи сарбаландамон баҳри таҳкими сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзуни кишварамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати Тоҷикистонро чун неъмати муққадаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша ҷонфидо бошем.
Мирзо Ашӯров, – корманди Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон