“Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки озодӣ ва истиқлолият ба осонӣ ба даст намеояд. Миллатҳои гуногуни олам вақти тӯлониро барои ба даст овардани озодӣ ва мустақилият, инчунин, соҳиби марзи муайяни худ гаштан, сипарӣ намудаанд. Мо ҳам бояд ёдовар аз он гардем, ки халқи тоҷик давраҳои гуногуни таърихи пурфоҷиаро баҳри ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ, аз даст надодани марзи давлат, соҳиби миллати хеш будан ва ҳимояи ҳокимияти олии хеш аз сар гузаронидааст.
Истиқлоли сиёсӣ ва ба даст овардани он ба мо имкон дод, ки оид ба рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз назари нав андеша намуда, роҳҳои муносиби рушдро ҷустуҷӯ ва дарёфт намоем.
Дар баробари ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ, ҳифзи он низ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа барои давлат ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо бисёр миллатҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки дар пайи ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ солҳои зиёд муборизаҳои тӯлонӣ мебаранд.
Таъмини истиқлоли сиёсӣ ва амнияти миллии ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба амнияти минтақа вобастагӣ дорад. Дар ҳолати таъмин набудани амнияти минтақа хеҷ кадоме аз кишварҳои минтақа кафолати таъмини амният ва суботи миллиро дода наметавонад.Он ҳама нооромиҳое, ки имрӯзҳо дар минтақаи Шарқи Наздик идома ёфта истодаанд, сараввал дар як кишвар ба амал омада, баъдан чун “вабои сиёсӣ” ба кишварҳои минтақа интиқол ёфтанд.
Имрӯз кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз давлатҳои ҷавонтарини ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Ҳар кадоме аз кишварҳои дар он буда, баъд аз ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ, консепсияи ба худ муносибро пеша намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун як субъекти муносибатҳои байналмилалӣ, баъд аз ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ дар таъмини амнияти минтақа нақши муассиреро касб намуд. Хусусан, вазъи имрӯзаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, низоъҳои тӯлонӣ ва дохилии ин кишвар метавонанд фазои сиёсии минтақаро халалдор намоянд. Беш аз ҳама, таъмини амнияти минтақа ба кишвари мо вобастагии зич дорад, зеро кишвари мо барои мубориза бо ин ноамниҳо нақши калидиро соҳиб мебошад.
Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки асри XXI бо пешрафти илму техника ва технология аз як тараф мушкилоти башариятро осон намуда бошад, аз ҷониби дигар мушкилоти навинеро барои ҷомеаи башар ба бор овард.
Дар ин раванд доир ба ҳифзи истиқлоли сиёсӣ, нақши фазои иттилоотӣ ва иттилоърасонӣ барои ҳар як кишвар муҳим ба шумор меравад. Шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти назорат гирифта шаванд. Аз ҷониби дигар зарур меояд, ки сарчашмаҳои иттилоотии кишвар дар расонидани иттилоот фаъол бошанд, то ин фазо холӣ намонад, зеро дар ҳолати холигии ин фазо, гурӯҳҳои ифротӣ шароити мусоидро истифода намуда, тавассути хабарҳои фейкии хеш метавонанд мардумро ба роҳпаймоиҳои ғайриосоишта сафарбар намоянд. Гуфтаҳои боло далели он аст, ки дар гузаштаҳои начандон дур низ ин ҳодисаҳо рух додаанд ва имрӯзҳо низ зиёд ба чашм мерасанд.
Бояд зикр кард, ки нақши ҷавонон дар таъмини истиқлоли сиёсӣ ва амнияти миллӣ калидӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо зарур меояд пайваста дар паи тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандустӣ бошем, то ки ба ҳар гуна идеологияи гурӯҳҳои ифротӣ дода нашаванд. Маҳз дарки амиқи идеологияи миллӣ, ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, метавонад садди роҳи ин гуна мушкилот гардад. Дар ин бора мухаққики фаронсавӣ Балзак чунин менависад. “Андешаҳоро метавон тавассути андешаҳо безарар гардонид”.
Барои ҷомеаи мо бояд ҳар як саҳифаи рӯзгори даврони соҳибистиқлолӣ сарчашмаи ибрат бигардад, зеро таҷрибаи нави ҷаҳонӣ, барҳамзании истиқлоли давлатҳои миллӣ ин роҳандози намудани инқилобҳои ранга мебошад, ки дар ин нобасомониҳо аз қувваи ҷавонон васеъ истифода карда мешавад.
Барои ба мақсади худ расидан, яъне барои ҳарчи бештар намудани таъсири идеологияҳои бегона ба сиёсати давлат баъзе кишварҳо харҷи маблағҳои калонро дареғ намедоранд. Имрӯз бояд ҳар як фарди ҷомеаи мо амиқ дарк карда тавонад, ки меъёрҳои демократӣ, озодии сухан ва матбуот дар кишвари мо зиёдтар аз баъзе кишварҳои рушдёфта риоя мешаванд.
Таъмини истиқлоли сиёсӣ ва амнияти миллӣ тақозои онро дорад, ки ҳама дастаҷамъона дар пайи ҳифзи ин арзишҳо саъй намоем, зеро дар ҳама давру замон дар таъмини суботи истиқлолу озодӣ қувваи аксарият нисбат ба ақаллият ғолиб будааст.
Шодбахт Сабуров, мутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон