Таъмини истиқлоли энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Пешравии мамлакат барои ноил шудан ба ин ҳадаф хеле ҳам назаррас буда, оғоз аз сохтмони неругоҳи барқии хурд то иншооти бузурги аср — НБО-и “Роғун”-ро дар бар мегирад. Натиҷаи саъю кӯшиши Пешвои миллат, заҳмати фидокоронаи мардуми Тоҷикистон ва ташкили ҳамкории натиҷабахш бо шарикони рушд аст, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз бебарқиро ба гӯшаи фаромӯшии таърих гузоштаанд. Ба хотири 24 соат таъмин намудани аҳолии кишвар дар ҳамаи фасли сол бо қувваи барқ корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд.
Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 дарсади инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид. Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Дар натиҷа соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид.
Ин ҷо бамаврид аст, қайд намоем, ки баромадан аз ҳалқаи ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Миёна ва ташкил намудани системаи ягонаи энергетикии кишвар иқдоми бузург ва манфиатовар барои сокинони ҷумҳурӣ ва рушди соҳаи иқтисодиёт гардид. Моҳи январ дар натиҷаи рӯй додани садама дар ҳалқаи ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Миёна ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон муваққатан бебарқ монданд. Хурсандибахш буд, ки истиқлолияти энергетикии кишвари мо дар ин давра фаъол боқӣ монда, ҷумҳуриро аз хатарҳои садамавӣ ва зарарҳои иқтисодӣ эмин нигоҳ дошт.
Боиси хурсандист, ки дар рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати дуюми неругоҳи барқи обии “Роғун”аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки НБО-и “Роғун”орзую омоли деринаи мардуми тамаддунофари тоҷик буд ва ду сол боз мо шоҳиди ҷомаи амал пӯшидани ин орзу гардида истодаем. “Роғун” корзори нангу номус ва орзую омоли миллат аст. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш НБО-и “Роғун”дар як сол метавонад 17 млрд кВт-соат неруи барқ тавлид намояд, ки ин дар қитъаи Осиё беназир аст. Бешубҳа, метавон гуфт, ки бо ба кор оғоз намудани НБО-и “Роғун” мо метавонем пурра ба истиқлолияти энергетикӣ даст ёбем ва аз ҷумла сатҳи камбизоатиро дар кишвар камтар намоем, дақиқтар карда бигӯем, бо пурра ба кор андохтани ин неругоҳ мо метавонем, сатҳи камбизоатии аҳолиро ба сифр баробар созем. Аҳаммияти дигари сохтмони ин неругоҳ дар он аст, ки мо метавонем бо барқи истеҳсолнамудаамон ба бозори кишварҳои хориҷӣ бароем ва аз он, ки аксарият саҳмдор ҳастанд, фоидаи бузурги молӣ ба даст оварем. Ин боиси ноил гардидан ба ҳадафҳои бузург ва хостаҳои иҷтимоӣ мегардад.
Неруи асоси энергетикаи Тоҷикистонро неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори неругоҳҳои барқии обӣ – 4070 МВт аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои ғании гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ – 527 млрд. кВт.соатро ташкил медиҳад. Аз рӯйи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад. Дар шароити имрӯза энергетикаи кишвар – аз неругоҳҳои барқии обӣ бо иқтидори 4,4 миллион киловатт, 60 ҳазор километр хатти барқ, садҳо подстансияи барқӣ ва нуқтаҳои трансформаторӣ мебошад. Аз ин миқдор танҳо 6 дарсади захираҳо мавриди истифода мебошад.
Барои мардуми тоҷик боиси ифтихору сарфарозист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, роҳбари давлати моро аз байни роҳбарони 193 кишвари узви СММ ба Панели сатҳи баланд роҷеъ ба оби 15-нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, шомил намуд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ боиси зиёд гаштани захираҳои обӣ ва саҳмгузории давлати мо дар пешгирии гармшавии иқлим дар сайёра мегардад.
Бо дарназардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонд, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем. Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикӣ дар мамлакат ҳоло 18 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 16,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Имрӯз дар кишвари мо 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯйи дарсади истеҳсоли “энергияи сабз” шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад. Инчунин, Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонавӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад. Аз ин лиҳоз, тавлид ва истифодаи “энергияи сабз” аз ҷумлаи авлавиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Ба ҳолати имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон 55,4 % захираҳои оби минтақаро таъмин мекунад, дар ҳоле ки Қирғизистон-25,3%, Ӯзбекистон- 7,6%, Афғонистон- 5,4%, Қазоқистон-3,9% ва Туркманистон-2,4%-ро таъмин менамоянд. Бо ҳамин мақсад ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги бунёди неругоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар ҳафт соли оянда аз ҳисоби бунёди неругоҳи “Роғун” ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроқум” иқтидори энергетикии мамлакат иловатан 4 ҳазор мегаватт афзоиш дода мешавад. Бо вуҷуди ин, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла неруи офтоб ва шамол манфиатнок буда, дар ин самт асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2021 аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя 93,5 миллион доллар фоида гирифтааст. Мувофиқи маълумоти ширкати саҳомии “Барқи тоҷик” ин маблағ нисбат ба як соли пеш 40,5 миллион доллар бештар мебошад. Тоҷикистон асосан ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ содир мекунад. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Аморати исломии Афғонистон робитаҳои дипломатӣ надорад ва сиёсатҳои онҳоро ба таври ошкор интиқод мекунад. Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон “хусусияти иҷтимоӣ” дорад. Бинобар сабаби мушкилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кишвари ҳамсоя ва дӯсти мо Афғонистон рӯз то рӯз бештар шудан, дар асоси қарордоди иловагӣ, соли 2022 аз тарафи кишвари мо ба ширкати “Брешно”-и Афғонистон дар фаслҳои гарм, аз моҳи май то сентябр, ҳар шабонарӯз то 400 мегаватт ва дар тирамоҳу зимистон 25-30 мегаватт барқ дода мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳисоби содирот ва фуруши барқ ба Афғонистону Ӯзбекистон 871,6 миллион сомонӣ ба даст овардааст.
Барои таъмини пурраи истиқлолияти энергетикии кишвар ҳарчи тезтар ва сари вақт пардохт намудани маблағи ҳаққи барқ аҳаммияти бузург дорад. Дар сурати сари вақт пардохт нашудани ҳаққи барқ иқтидорҳои хизматрасонии энергетикӣ коҳиш ёфта, мушкилоти соҳа зиёд мегардад. Дар асоси маълумоти ширкати саҳомии “Барқи тоҷик” давоми соли 2021 бинобар сари вақт пардохт нашудани ҳаққи хизматрасонӣ қарзи корхонаю ташкилотҳо ба маблағи 241 миллион сомонӣ афзудааст. Ба ҳолати аввали соли 2022 қарзи истифодаи неруи барқ бо дарназардошти қарзҳои солҳои пешин, дар маҷмӯъ 32,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин ҳолат бисёр ташвишовар аст. Мутаассифона, аз ин қарз 1 миллиарду 384 миллион сомонияш ба аҳолии кишвар рост меояд.
Тибқи охирин омор, шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то якуми январи соли 2021-ум 9 миллиону 838 ҳазору 400 нафар расидааст. Агар қарзи аҳолӣ аз барқро ба сурати умум тақсим кунем, пас ба ҳисоби миёна барои ҳар нафар сокини кишвар ҳудуди 140 сомонӣ рост меояд.
Мавҷудияти иқтидорҳои фаровони энергетикии мамлакат имконият медиҳад, ки дар доираи “Солҳои рушди саноат” тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷ ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаҳои бузурги соҳаи маъдан доир ба коркарди ниҳоии ашёи хом, таъсиси 870 корхонаи саноатӣ, 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта дар панҷ соли минбаъда, таъсиси беш аз 500000 ҷойҳои нави корӣ имконпазир гардад ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди иҷро қарор гирад.
ИМОМНАЗАРИ Каримиён,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон