Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон неъмати бебаҳо буда, дар тӯли 32 сол Тоҷикистон тавонист бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишондиҳандаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, дар байни давлатҳои ҷаҳон худро муаррифӣ намояд ва мавқеи мушаххасро ишғол намояд.Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолият низомииқтисоди бозоргониро пешгирифта, сол то сол дар қаламравӣ ҷумҳурӣ тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мусоидат менамоянд.
Дар моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”. Дар даврони Истиқлол дар миқёси ҷумҳурӣ барои фаъолияти самараноки соҳибкорӣ шароити мусоид ва инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла асоси қонунгузорӣ, низоми бонкӣ, сиёсати пулӣ, низоми андозбандию гумрукӣ, низомҳои «Равзанаи ягона», иттифоқи касаба, палатаи савдо ва саноат, низоми маълумоти миёна ва олии иқтисодӣ, бозори меҳнат, фаъолияти аудиторию машваратӣ, фазои сармоягузорӣ дохилию хориҷӣ, суғурта, марказҳои маълумотию реклама, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, низоми таъмини барқ ва об, телекоммуникатсия, алоқа, роҳҳои оҳану автомобилгард ва ҳавоии дохилию байналмилалӣ, имкониятҳои содиротиву воридотӣ, инчунин, қабул гардидани як қатор стратегияву барномаҳои соҳавӣ.
Тибқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи 1-уми соли 2023 дар кишвар 345,3 ҳазор субъекти хоҷагидор фаъолият менамоянд, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ 311,9 ҳазор адад ва шахсони ҳуқуқӣ 33,4 ҳазор нафар. Ҳамчунин, тибқи маълумоти омории Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи 1-уми соли 2023 рушди воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 8,3%, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 10,3% ва рушди маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 7,9% баробар гардида, ҳамчунин ҳаҷми қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯйи соҳаҳо 9,3 млрд. сомониро ташкил дод. Ҳамчунин, барои тараққӣ ёфтани ҳаматарафаи фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат соҳибкорӣ ва бахши хусусиро ҳамчун самти афзалиятноки иқтисоди кишвар таҳлилу арзёбӣ менамоянд. Дар Паёми имсола низ муҳиммияти рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ ва дастовардҳои ин соҳа дар замони Истиқлоли давлатӣ қайд гардида, дар Паём дар назди вазоратҳову мақомоти дахлдор як қатор супоришу вазифаҳои нав гузошта шуданд, аз ҷумла:
- Ҷиҳати беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, мукаммалсозии маъмурикунонии андоз ва дар ин замина бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ба раванди андозсупорӣ, инчунин, истифодаи ҳатмии дастгоҳи назоративу хазинавии дар реҷаи вақти воқеӣ амалкунанда ва низоми хазинаҳои маҷозӣ ҳангоми анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ Кумитаи андоз якҷо бо мақомоти марбута вазифадор карда шуданд, ки тадбирҳои иловагиро амалӣ гардонанд;
- Ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» вазифадор карда шуданд, ки чораҷӯйӣ намоянд;
- Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ Ҳукумати мамлакат вазифадоранд, ки тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд;
- Ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузоронро роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ намоянд ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои бетаъхир андешанд;
- Қайд карда шуд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд;
- Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки аз 1-уми июли соли 2023 бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар навъҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шаванд;
- Ҷиҳати таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ бояд тадбирҳои зарурии фаврӣ ва қатъӣ андешида шаванд;
- Бо мақсади тавсеаи фарогирии молиявӣ дар кишвар барои рушди шабакаи хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, таъмин намудани гуногуншаклии хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо ба Бонки миллӣ зарур аст, ки якҷо бо Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯйӣ намояд;
- Бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 % ихтисор карда шаванд;
- Дар соли 2023 вазорату идораҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо барқарор намоянд.
Ҳамин тариқ, мақсад ва вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат ироагардида, ба боз ҳам беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат намуда, ба афзоиши шумораи субъектҳои соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум таъсири мусбат хоҳад гузошт. Вазъи номуътадили ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки дар ин раванд фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусиро барои ободониву созандагии давлат, бунёди иншооти моҳияти иҷтимоию иқтисодидошта ва болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва пойдории Истиқлоли давлатӣ равона намоем.
Содиқова А.Ф.,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи
бахши хусусии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон