Ҳар як кишвар баъди солҳибистиқлолӣ бояд ҳамкориҳои мутақобиларо бо дигар кишварҳо ба роҳ монад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди расидан ба соҳибихтиёрӣ зарурати ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ пеш омад. Дар Иҷлосияи 18 уми Шӯрои Олӣ самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ муайян карда шуданд ва минбаъд он сиёсати хориҷӣ дар заминаи фаъолияти ҳаррӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадам ба қадам пешрафт пайдо кард. Дар он панҷ ҳавза барои рушд ва ташаккули минбаъдаи сиёсати хориҷӣ муқаррар гардид. “Ҳавзаи якум – Иттиҳоди давлатҳои мустақил; Ҳавзаи дуюм – Осиёи Марказӣ; Ҳавзаи сеюм – кишварҳои форсизабон; Ҳавзаи чорум – давлатҳои мусалмонтабор; Ҳавзаи панҷум – қитъаи Аврупо ва Амрико”. Вале бо аланга гирифтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, зери хатари ҷиддӣ қарор гирифтани тамомияти арзӣ ва истиқлоли давлатӣ, имкони ба таври шоиста тадбиқи сиёсати хориҷӣ мушкилӣ ба миён омада, тамоми неру барои поягузории сулҳу ваҳдат ва рафъи ҷанг равона гардида буданд.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боис гардид, ки Тоҷикистон барои ҷомеаи байналмилалӣ қариб ношинохта боқӣ монад, зеро бо шурӯи ҷанг бештари кишварҳо сафоратҳои худро бастанд ё кормандонро ихтисор карданд. Аз ҳамин лиҳоз, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ба шакли на он қадар муносиб шинохта мешуд, зеро таъсири муноқишаҳои дохилӣ таъсири бевоситаи худро расонида буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи баамаломадаро комилан дарк намуда, баъди расидан ба ваҳдати миллӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҷанг, сиёсати “дарҳои боз”-ро эълон намуданд. Яъне дарҳои кишварро ба рӯи тамоми давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ кушода эълон карданд. Ин сиёсат сабаб шуд, ки шинохти манфӣ нисбати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ аз байн равад ва ба шинохти мусбат табдил ёбад. Новобаста аз равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулотҳои геополитикӣ сиёсати “дарҳои боз” дар тули беш аз ду даҳсола нишон дод, ки тасмими болозикр воқеъбинона ва саривақтӣ будааст. Зеро баъзе муҳақиқон ва мунақидон бар он назар буданд, ки барои давлати тоза ба истиқлол расида, пеш гирифтани сиёсати “дарҳои кушода” чандон манфиатовар нест. Вале вақт ва воқеият ин пешбиниҳоро ботил сохт.

Бо роҳандозии сиёсати “дарҳои боз” ва ҳамкории танготанг бо кишварҳои дуру наздик, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нав Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳдӯст, ҷонибдори ҳамгироӣ ва пойбанд ба арзишҳои демократӣ шинохтанд. Баъди эълони сиёсати “дарҳои боз” Тоҷикистон сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикиро пеш гирифт ва барои рушду инкишофи кишвар ҳамкориҳоро бо давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ тавсеа бахшид. Тоҷикистон то имрӯз бо 183 кишвар робитаҳои дипломатии худро барқарор кардааст ва узви даҳҳо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Аз ҷумла, СММ, САҲА, СҲШ, ИДМ, СКИ, СААД ва дигар созмонҳо.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахшҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ислоҳот гузарониданд ва барои истифодаи имкониятҳои хориҷӣ дипломатияи фаъоли иқтисодиро ба роҳ монданд. Вобаста ба ин, ҳамкориҳоро бо созмонҳои иқтисодӣ тавсеа бахшиданд ва сармояҳоро ба иқтисоди давлат ҷалб намуданд, ки то имрӯз имкониятҳои хориҷӣ самаранок барои рушду пешрафти кишвар истифода мегардад. Бидуни шак, сиёсати роҳбари кишвар сиёсати воқеъбинона ва амалгароёна буд ва гулгулшукуфоии кишвар далели ин гуфтаҳост. Бояд гуфт, ки дар марҳиллаи 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 130 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратиро ба роҳ мондааст.

Ҳамин тавр, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати 32 сол дар натиҷаи таҳаввулотҳои гуногун рушду такомул ёфта, роҳу воситаҳои нав ва механизмҳои муосирро дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба касб кардааст. Дар ин муддат паҳлуҳои назариявӣ ва методологии сиёсати хориҷӣ такмил гардиданд. Имрӯз Тоҷикистон сиёсати хориҷии муваффақ, санҷидашуда ва ботавозун дорад. Зеро Тоҷикистон бо пеш гирифтани чунин сиёсат борҳо дар меҳварияти таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва дар ин давра чандин маротиба ҳамчун кишвари мизбони конфронсҳои муҳимми сатҳи минтақавиву байналмилалӣ дар масъалаҳои об, фарҳанг ва амният гаштааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ба ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ давра ба давра расида истодааст. Чор ҳадафи стратегие, ки Тоҷикистон пеш гирифтааст, аз ҷумла, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар батадриҷ амалӣ гардида, дар ин самт кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил шуда истодааст.

Инчунин, бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ мебошад ва то имрӯз панҷ ташаббуси он дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидааст. Набояд фаромӯш кард, ки ҷаҳони муосир пур аз ихтилоф ва муқобилгузории манфиатҳо аст ва қабули ташаббусҳои Тоҷикистон далели сиёсати ботавозун ва санҷидашуда мебошад.

Хулоса, кишвари мо дар як муддати кутоҳ тавонист сиёсати хориҷии худро аз сифр бунёд намуда, то ба сатҳи баланди байналмилалӣ ва оламшумул рушд диҳад. Бидуни шаку тардид бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вобаста ба вазъи тағйирёбанда ва муташанниҷи ҷаҳон Тоҷикистон сиёсати бисёрсамта ва прагматикиро пеш гирифт, ки натиҷаи маҳсули мусбати он ба ҳамагон маълум аст. Имрӯз кишвари моро зарур аст, дар ин самт мутахассисони касбии болаёқат ва ватандӯстро омода намуда, барои боз ҳам муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ талош варзем.

Дар умум, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи бунёдгузории сиёсати хориҷии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ташаккул ёфта, мавқеъ ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафт.

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
сармутахассиси раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед