Ҷавонон нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар раванди рушди иҷтимоии мамлакат нақши муҳим доранд. Маҳз ба ҳамин хотир дар даврони соҳибистиқлоли сиёсати давлатии ҷавонон тақвият ёфта, инфрасохтори рушди соҳаи мазкур марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои ҷавонон сипари ватанро дида, онҳоро ҳамеша мояи ифтихор ва сарбаландии кишвари азиз ҳисобида, дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор додаанд. Ҷавонони даврони соҳибистиқлоли зиракии сиёсӣ дошта, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро қадрдонӣ менамоянд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ муносибати ҷавонон нисбат ба масъалаҳои давлату давлатдорӣ тағйир ёфта, дар зеҳни онҳо ифтихор аз соҳибватанию соҳибихтиёрӣ, муқаддасоти миллӣ ва арҷгузори ба дастовардҳои иҷтимоию фарҳангии кишвар эҳсос мешавад.
Ҳамзамон дар шароити авзои мураккаби минтақавию ҷаҳонӣ марҳила ба марҳила ҳисси ватандӯстии ҷавонон тақвият ёфта истодааст. Истиқлолияти давлатӣ ҷавонони кишварро ба зиндагии шоиставу арзанда раҳнамуд сохта, маърифати ҳуқуқии онҳоро боло бурд.
Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбо мақсади тарбияи насли наврас ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ пайваста чораҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодааст. Яъне имрӯз масъалаи баланд бардоштани сатҳи хештаншиносӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тариқ, дар шароити ҷангҳои иттилоотӣ ҷавонони кишварро лозим аст, ки пайваста мутолиа намуда, ҳамчун сипари ватан кӯшиш намоянд, ки ба доми фиреби ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ наафтанд ва қурбони ғаразҳои нопоки душманони ватану миллат нагарданд.
Ба назари мо на танҳо ҷавонон, балки тамоми сокинони кишварро зарур аст, ба қадри сулҳу оромӣ ва истиқлолияти давлатӣ расида, дар рушди устувори кишвар саҳмгузор бошанд.
Мусаллам аст, ки имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирфта мешавад. Дар остонаи ин ҷашни бузург ваҳдату ҳамдилии ҷавонони кишвар ва пуштибонии онҳо аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавоноии мамлакат нерӯи дигар зам менамояд.
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон устувор буда, ифтихор аз истиқлолият ва сулҳу суботро пешаи худ медонем.
ҒУЛОМНОСИРОВА ФАРЗОНА,
коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон