Вожаи “Истиқлол” дорои маъноҳои гуногун буда, дар ҳар соҳа ифодагари ҳар маъно аст, аммо нуктаи умумӣ ин ҷост, ки дар ҳама маъно ифодагари соҳибихтиёрист. Арзишмандтарин дастоварде, ки барои ҳар халқу миллат дар мадди аввал меистад, сулҳу субот ва оромию амният маҳсуб мешавад. Истиқлол ормонҳои милллати куҳанбунёди тоҷикро ифода карда, дорои аҳаммияти таърихию сиёсӣ мебошад. Дар навбати худ истиқлол ва сулҳу субот замина барои пешрафт ҳисоб мешавад.

Оғози истиқлол барои халқи тоҷик дарвозаи комилан навро барои рушду нумӯъ боз кард. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини зиндагии шоиста ва некуаҳволии мардум ҳамарӯза биноҳои таъйиноташон гуногун ба истифода дода шуда истодааст, ки ба кишвари мо ҳусни дигар зам мекунад. Маҳз бо шарофати ин неъмати беназир халқи мо дар зери парчами худ муттаҳиду якдил гардида, барои ободии кишвар камари ҳиммат бастанд.

Дарки баланди мафҳуми истиқлол барои тамоми халқу миллатҳо пойдорӣ ва инкишофро таъмин намуда, таввасути он мамлакатҳои ҷаҳон сиёсати дохилӣ ва хориҷиро таъмин менамоянд. Маҳз тавассути истиқлоли давлатӣ давлатҳо мақому манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд. Ҳамчунин, соҳиб гаштан ба рамзҳои давлатӣ, аз қабили парчам, нишон, суруди миллӣ, ва ба муомилот баровардани пули миллӣ, бешак, далели ин гуфтаҳост.

Лозим ба зикр аст, ки дар дохили кишвар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муҳаё гардидани шароити хуби зиндагӣ, дастовардҳои истиқлоли кишвар аст. Ҷанбаи берунии он дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардидани давлат ҳамчун субъекти мустақил ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки кишвари моро ҳамчун кишвари ташшабускор дар арсаи ҷаҳонӣ мешиносанд. Ташаббусҳои кишвари мо дар робита бо обу иқлим намунаи ин гуфтаҳост, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта ва эътироф гардидаанд.

Ҳоло кишвари мо бо 183 давлати дунё робитаи дипломатӣ дошта, ҳамчунин, узви фаъоли 80 созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гардида аст.

Дарки баланди истиқлол ва қадр кардани он барои мо имкони ҳифз ва рушди онро фароҳам месозад. Тағйирот ва рушд дар соҳаи фарҳанг, илм, маориф ва амсоли ин соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа ба чашм мерасад. Мо бояд дар зеҳни насли оянда мафҳуми истиқлол ва раванди дастёбӣ ба онро ҷой дода, дарк кунонем, ки амалишавии ҳадаф ва орзуи ҳар яки мо ба истиқлол вобастагии зич дорад.

Самараи истиқлолро мо дар эътироф гаштани ташабусҳои кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ дида метавонем. Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёнро барои халқи тоҷик анҷом додааст, ки ин аз нахустин қадам барои ба эътидол овардани вазъи ноороми онвақтаи кишвар ва дар ниҳоди мардум бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва руҳияи шикастнопазир барои ба роҳ мондани ободии ватани азизамон мебошад. Ҳидояту роҳнамоии Пешвои Муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки маконҳои харобшуда обод гардида, ба гулистон ва бӯстон табдил ёбанд.

Агар нигоҳе ба паҳлуи фарҳангии ин дастовардҳо андозем, мебинем, ки эҳёи фарҳанги ниёгон, муаррифии он дар арсаи кишвар ва берун аз он, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи фарҳанги халқи тоҷик ва амсоли инро мо бо баракати истиқлол соҳиб гаштем. Ҳамчунин ба мероси ғайримоддии башарият ворид гардидани фарҳанги миллати мо, ки иборат аз 25 адад мероси моддӣ ва ғайримоддии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Наврӯз, Чакан, Фалак, ёдгории таърихии Тахти Сангин, ва ҳамчунин 24 майи соли 2023 бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО “Куллиёт”-и Мавлоно Ҷалолудини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ин созмон ворид карда шуданд.

Ҳамин тариқ, истиқлол калиди тамоми пешрафтҳои Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз ҳар фарди бедордили ин кишвар барои ҳифзи он масъулияти баланд ва талоши беандозаро талаб мекунад. Хусусан, насли ҷавон бо ифтихор аз фазои сулҳу оромӣ Тоҷикистон кору фаъолият карда, барои рушди ватани аҷдодиамон қадамҳои устувор мегузоранд.

Моҳира Таварова,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конец формы

Чоп кунед