ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҳамоиш оид ба ҳалли масоили обу иқлим намояндагони як қатор кишварҳои олам ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок карданд.

Кори нишасти сеюми Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлимро Петтери Таалас — Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббускори тадбирҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба об ҳамчун роҳбари кишвари мизбон нахуст ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҳамоиш барор орзу карданд.

Таъкид гардид, ки нишасти имрӯза дар арафаи Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор шуда истодааст, ки ҳадафи асосиаш суръатбахшӣ ва татбиқи масъулияту уҳдадориҳои қаблан гирифташуда ва таҳрику татбиқи амалҳои тоза мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз руи таҳлилҳо бо вуҷуди талошҳову кӯшишҳои зиёд, мо дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, хусусан дар қисмати об, хеле ақиб мондаем ва масъулияту уҳдадорӣ ва амалҳои нав заруранд, то ин ҳадафҳо татбиқ гарданд.

Сарвари давлат аз таваҷҷуҳи Пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати таҳия ва татбиқи амалҳои нав изҳори қаноатмандӣ карда, бо итминон иброз доштанд, ки  дар ҳамоиши имрӯза мо Нақшаи амали худро тасдиқ хоҳем кард ва татбиқи он дар ҳалли мушкилоти обу иқлим натиҷаҳои назаррас хоҳад дод.

Таъкид гардид, ки Конфронси Душанбе низ, ҳамчун чорабинии калидии омодагӣ ба Конфронси соли 2023, ҳамбастагии зичи захираҳои об ва тағйирёбии иқлимро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор хоҳад дод.

Зимни таҳлили вазъи иқлим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо борҳо ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори ин раванд аз минбарҳои баланди ҳамоишҳои ҷаҳонӣ баромад кардаем. Ин масъала, дар ҳақиқат, хеле муҳим аст, чун пиряхҳо сарчашмаи асосии обҳои ширин ба ҳисоб мераванду захираҳои онҳо зери таъсири гармшавии глобалӣ босуръат коҳиш ёфта истодаанд.

Тибқи ҳисоби коршиносон, се соли панҷсолаи охир гармтарин солҳо дар тамоми давраи мушоҳидаҳои обуҳавошиносӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Мусаллам аст, ки идомаи ин раванд бо дарназардошти афзоиши босуръати талабот ба об дар натиҷаи зиёд шудани аҳолӣ ва рушди иқтисод ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ҳалли ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта бошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилот дар ин самт бори дигар ташаббуси эълони соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ба миён гузоштанд.

Таъкид гардид, ки эълон шудани “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, таъсиси “Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ташкили “Системаи муттаҳидшудаи глобалии иттилоотии криосфера ва механизми байналмилалӣ”, ки барои осон кардани дастрасии иттилооти дақиқ ва саривақтӣ оид ба криосфера мусоидат менамояд, аз натиҷаҳои назарраси татбиқи ташаббуси мазкур хоҳанд буд.

Таъкид шуд, ки захираҳои об барои мутобиқшавӣ нақши муҳим доранд. Онҳо инчунин барои коҳиш додан ва ноил гаштан ба устуворӣ алайҳи ин раванд муҳиманд. Дар ин зимн Сарвари давлат таваҷҷуҳи иштирокчиёни нишастро ба зарурати рушд бахшидан ба соҳаи гидроэнергетика ҳамчун тавлидкунандаи “нерӯи сабз”, ҷалб сохтанд.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки неругоҳҳо дар баробари истеҳсоли нерӯи барқи сабзу дастрас, инчунин дар идораи устувори захираҳои об, коҳиши селу обхезӣ ва хушксолӣ, инчунин кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми муносиб хоҳанд дошт.

Изҳори итминон карда шуд, ки масъалаи мазкур низ, бо дарназардошти муҳимияташ дар ҳалли ҳамгироёнаи мушкилоти обу иқлим, дар оянда мавриди таваҷҷуҳи аъзои Эътилоф қарор хоҳад гирифт.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  нақши Пешвоёни Эътилоф дар пешурди рӯзномаи ҳамгирошудаи масъалаҳои обу иқлим баҳои баланд дода, бо боварӣ зикр карданд, ки Нақшаи амали Пешвоён дар ин раванд саҳми муносиби худро хоҳад гузошт.

khovar.tj

Чоп кунед