Санаи 20-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Ландҷоуи Ҷумҳурии мардумии Чин конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар конфронс коршиносони марказҳои таҳлилию тадқиқотӣ ва ҳайати омӯзгорону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар чаҳорчӯбаи кори конфронс иштирокчиён доир ба паҳлуҳои васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардуми Чин табодули афкор намуданд ва дар рафти чорабинӣ аз ҷониби директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Ш.Раҳимзода ва профессори Институти таҳқиқотҳои Осиёи миёнаи Донишгоҳи Ландҷоу «Маркази омӯзиши Тоҷикистон» ифтитоҳ карда шуд.

Дар Форуми мазкур, инчунин ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Карамалишоев Карамалишо, директори Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф., дотсент Амирбекзода Назира, муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Валиҷон, котиби илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, н.и.и. Ҷалилзода Дилшод Раҷабмурод,  кормандони АМИТ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар қисми ниҳоии конфронс доир ба маърузаҳои ироагардида миёни иштирокчиёни конфронс саволу ҷавоб ва табодули афкор сурат гирифт.

Конфронс дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор шуд.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед