Санаи 18 апрели соли 2024 дар шаҳри Ланчжоу бо ташаббуси Институти тадқиқоти Осиёи Марказии Донишгоҳи Ланчжоу конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Муносибати Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи ҳамкории минтақавӣ: равандҳо ва дурнамо» баргузор шуд.
Дар конфронс коршиносони марказҳои таҳлилию тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳайати омӯзгорону муҳаққиқони Институт ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар чаҳорчӯбаи кори конфронс иштирокчиён доир ба паҳлуҳои васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин табодули афкор намуданд.
Дар конфронс аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегӣ Маъруф Абдуҷабборов, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ ширкат варзида дар мавзуи «Тоҷикистон ва Чин: афзалиятҳо ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар пасманзари авзои тағйирёбандаи ҷаҳон» суханронӣ кард. Мавсуф дар суханрониаш зикр намуд, ки дар даҳсолаи охир муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Чин ба сатҳи сифатан нав баромада, ҳамкориҳои мавҷуда ва татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ҷавобгӯи манфиатҳои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд. Ҳамкорӣ ва мавқеи кишварҳои мо оид ба масъалаҳои калидии сиёсати муосири байналмилалӣ мабнӣ ба риояи манфиатҳои мутақобила судманд буда, ин як падидаи мусбат ва хеле муҳим барои дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Чин мебошад.
Дар қисми ниҳоии конфронс доир ба маърузаҳои ироагардида миёни иштирокчиёни конфронс саволу ҷавоб ва табодули афкор сурат гирифт.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Институт ба намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ дипломи «Профессори Мактаби сиёсат ва муносибатҳои байналмилалии Институти тадқиқоти Осиёи Марказии донишгоҳи Ланчжоу» тақдим гардид.
Конфронс дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор шуд.
*****
Бояд зикр намуд, ки Институти тадқиқоти Осиёи Марказии донишгоҳи Ланчжоу яке аз муассисаҳои бонуфузи илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии мардумии Чин буда, ба омӯзиши масъалаҳои марбут ба Осиёи Марказӣ тахассус дода шудааст.
Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон