Рӯзи 28- ноябри соли 2024 тибқи Нақшаи кори Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷаaмъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шурои ҷамъиятии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав дар шакли мизи мудаввар дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор гардид,ки дар кори он номзади илмҳои фалсафа, котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ Рамазонӣ Давлатов ширкат намуда дар мавзуи “ Тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули худшиносии ҷавонон дар ҷомеа (дар партави асарҳои Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ”Чеҳраҳои мондагор” ва “Забони миллат-ҳастии миллат ” маъруза намуд.
Мавсуф зимни суханрони қайд намуд, ки осори арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳаммияти илмиву адабӣ ва таърихӣ доштанашон, дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва тарбияи ҷавонон низ арзишманд арзёбӣ мешаванд. Махсусан, асарҳои таърихии Пешвои миллат доир ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои барҷастаи таъриху фарҳанг дар боло бурдани мафкураи миллии насли наврас ва ҷавонон нақши мондагору беназир доранд.
Изҳори назар карда шуд,ки таблиғи омўзиши мероси таърихӣ дар байни ҷавонон ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷўҳи хоси Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, чи хеле, ки таъкид менамоянд «Мо бояд аз умқи таърих шўъла бардорем на ин ки хокистар». Назари нек, муҳаббат ва самимияти хосае, ки Пешвои миллат нисбати таърихи халқи тоҷик доранд, барои ҷавонони имрӯза намунаи олӣ мебошад. Сарвари давлат дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, ки таъриху тамаддуни ниёгони ориёии мо то истилои араб дар заминаи манбаъҳои боэътимоди таърихӣ ва тадқиқотҳои пурмуҳтавои олимони ватанию хориҷӣ мавриди тадқиқу омӯзиш қарор дода шудааст, чунин овардаанд, ки: “Ман аз саҳифаҳои куҳани таърихи диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ноҳақ, ростро аз дурӯғ ҷудо карда, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам”.
Мақсади сарвари хирадманди мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд. Зеро тадқиқот муайян намудааст, ки бештари шомилшудагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷудоихоҳӣ аз паст будани маърифат мебошад.
Мақоми асарҳои пурғановати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи тарбияи ҷавонон таъсири хуб дошта, дар натиҷаи мутолиаи асарҳои ҳикматбори Ҷаноби Олӣ: «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» ва «Уфуқҳои Истиқлол» ва ғайраҳо дар ниҳоди хонанда эҳсоси ватанпарастию худшиносӣ пайдо мегардад ва ба нафъи ҷомеа хидмат намуданро талқин менамоянд.
Дар интиҳои суханронии Рамазонӣ Давлатов хулоса намуд,ки асарҳои аз ҷониби Пешвои муаззами миллат офаридашуда, арзишҳо ва равандҳоеро инъикос мекунанд, ки барои ташаккули шахсӣ ва миллии ҷомеа зарур аст ва таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии тоҷиконро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Инчунин, барои ташаккули тафаккури интиқодӣ ва рушди зеҳнии шахсияти хонанда мусоидат мекунанд.
Хурсандиовар он аст, ки дар мамлакати мо ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва ташаккули худшиносиву худогоҳии аҳолии кишвар озмуни “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат” баргузор карда мешавад. Баргузории озмунҳои гуногуни китобхонӣ метавонанд, ба заминае барои арзёбии машаққатҳои сарвари давлат ҳамчун муаллифи серталаб ва хушбаён гардида, огоҳӣ ва эътирофи аҳолиро ба миён меорад.
Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон