Рӯзи 13-уми июли соли 2023 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода ва муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказ Саидаҳтам Талбаков дар маросими ифтитоҳи Форуми Осиёи Марказӣ доир ба амният ва ҳамкорӣ таҳти унвони «Осиё дар ҷаҳони тағйирёбанда: рӯзномаи оянда» иштирок намуданд. Форуми мазкур аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил гардидааст, ки ҳамчун як шакли нави муколама ва ҳамкории донишмандон ва коршиносони маъруфи марказҳои зеҳнии ҷаҳон ба шумор меравад. Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш олимону донишмандон ва коршиносон аз 25 давлати дунё ширкат варзиданд.
Ҷараёни ифтитоҳи Форумро беш аз 40 расонаи хабарӣ инъикос намуданд, ки бистои он расонаҳои хориҷӣ буданд. Ҳамчунин, пеш аз оғози Форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар ҳузури доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма, амсоли “Jibek joly TV”, “Qazaqstan”, “Хабар”, “Хабар 24”, “Baigenews”, “EL.KZ, 31 канал”, “Turaninform”, “Халық үні”, “Голос народа”, “Казахстанская правда”, “Казинформ”, “ТДК42”, “Baq.kz”, “The Astana Time”, “Курсив.кз”, “Tengrinews”, “Капитал.кз”, “Евразия ТВ”, “Атамекен ТВ”, “Егемен Қазақстан”, “Айқын”, “Ratel.kz”, “NE Global”, “Сhina Daily”, “Аргументы и факты”, “Парламентская газета”, “Комсомольская правда”, “Аль-Уатан”, “Lianhe Zaobao”, “TÜRPAV”, Халк сузи”, “ТАСC”, “Sputnik Казахстан”, “ИАЦ Новости стран СНГ и Центральной Азии”, ТРТ (Ширкати радиошунавоии туркӣ), Агентии иттилоотии “Анадолу”, “Интерфакс Казахстан”, Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин (China News Service) ва “Коммерсантъ” вобаста ба баргузории ҳамоиши мазкур мусоҳиба анҷом доданд. Аз ҷумла, бо радиои “Спутник”-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзуи “Мубрамияти Форуми «Осиё дар ҷаҳони тағйирёбанда: рӯзномаи оянда» ва нақши он дар таъмини амнияти минтақа” ва бо рӯзномаи “NE Global”-и Белгия ва Британияи Кабир дар мавзуи “Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳодияи Аврупо дар соҳаи рушди иқтисодию амният” мусоҳиба доир намуданд.
Маросими ифтитоҳи Форуми номбурдаро директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Баъдан муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳури Қазоқистон Мурат Нуртлеу бо сухани ифтитоҳӣ ба кори Форум ҳусни оғоз бахшида, аз номи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон номаи табрикиро ба иштирокчиёни ҳамоиш қироат намуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни баррасии масъалаҳои рӯзномаи Форум иштирокчиёни ҳамоиш таъкид доштанд, ки амнияти байналмилалӣ ба марҳалаи нави номуайянӣ ворид гардид. Меъёрҳое, ки дар асри бист муқаррар шуда буданд, зери фишори фаъолони нав тағйир ёфтанд. Афзоиши ихтилофоти идеологӣ дар ҷомеаҳо дараҷаи баланди нобовариро ҳам дар дохили кишварҳо ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ба вуҷуд овардааст. Ҳамзамон, афзоиши амалҳои террористӣ, таҳдидҳои асимметрӣ, тағирёбии иқлим, номутавозинии демографӣ, афзоиши сатҳи нобаробарӣ ва тағйирёбии хусусияти мудирияти давлатӣ нигоҳи ояндаи ҳамкориҳои ҷаҳониро тағйир медиҳанд.
Дар ин шароит нақши минбаъдаи ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамчун пешбарандагони равандҳои байналмилалӣ низ тафаккур ва андешаи навро тақозо менамояд. Имрӯз беш аз пеш пайдо кардани шакли нави шарикии ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба муҳим аст. Дар шароити зудтағйирёбандаи геополитикӣ вазифаи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва роҳбарони кишварҳо қобилияти бунёди воситаҳо барои берун омадан аз мушкилот ва пайдо кардани заминаҳои муштарак барои бартараф намудани ҳолатҳои буҳронӣ мебошад.
Ҳамоиш идома дорад.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон