Рӯзи 23 июни соли 2023 бо ташаббуси Котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав машварат таҳти унвони “Таҳлил ва ояндабинии фаъолияти ниҳодҳои “неруи нарм” дар минтақаи масъулияти СААД” баргузор гардид. Дар он роҳбарон ва намояндагони марказҳои зеҳниии кишварҳои узви СААД ба таври омехта–ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш гузориш дар мавзуи “Дар бораи татбиқи афзорҳои “неруи нарм”-и давлатҳои хориҷӣ дар фазои СААД”, ки аз ҷониби Котиботи СААД ва Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Русия таҳия шуда буд, ироа ва мавриди баррасӣ таҳлил қарор дода шуд. Дар машварат масъалаҳои зерин муҳокима шуда, арзёбӣ гардиданд:

  • танзими бунёдии ниҳодҳои таъсиргузори “неруи нарм” дар кишварҳои СААД ва усулҳои кори онҳо”;
  • имкониятҳои таъсиррасонии СААД ба ниҳодҳои “неруи нарм”, ки дар минтақаи масъулияти Созмон амал мекунанд;
  • ҳадаф ва вазифаҳои барномаҳои худи СААД дар формати “неруи нарм”.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода дар машварат ширкат варзид ва дар мавзуи “Таҳлил ва ояндабинии фаъолияти ниҳодҳои “неруи нарм” дар минтақаи масъулияти СААД: назаре аз Тоҷикистон” суханронӣ намуд.

Ӯ зимни суханронии худ аз ҷумла қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ҳамкории фарогирро бо ҳамёрони худ ҷиҳати таҳкими амнияти милливу давлатӣ аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии кишвар мешуморад ва узвияташро дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) посухгӯй ба манфиатҳои миллӣ медонад. Фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СААД ҳадафи эҷоди василаҳои самарабахши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро пайгирӣ мекунад. Аз ин рӯ, узвияти кишвар дар Созмони мазкур аз омилҳои муҳимми таъмини амнияти кишвар ва ҳифзи субот дар минтақа ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои асосгузори СААД дар тули таърихи фаъолияти ин Созмон барои густариш ва таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаи масъулияти СААД саҳми назаррас гузоштааст. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон солҳои 2003, 2007, 2015 ва 2021 раёсатро дар СААД ба зимма дошт. Яке аз рӯйдоди муҳимми давраи раёсати Тоҷикистон дар СААД он аст, ки 23 августи соли 2021 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои Амнияти Дастҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (СААД) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Амнияти Дастҷамъӣ мебошад. Қобили қайд аст, ки дар давраи раёсати ҷорӣ бори нахуст Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар солҳои 2020–2021-ро таҳия шуда, аз ҷониби Президенти кишвар тасдиқ гардидаст.

Парвиз Муҳммадзода вобаста ба масъалаҳои дар машварат баррасишаванда чунин иброз дошт:

–Дар масъалаи якум, ба андешаи мо, барои давлатҳои узви СААД дар айни замон фаҳмиши мафҳуми “неруи нарм” муҳим ба шумор меравад. Дар робита ба ин масъала, мо ақида дорем, ки коркард ва таҳияи низоми меъёрҳои пазируфташудаи умум, ҳамзамон, низоми мониторинг афзалият дорад. Ин имкон медиҳад, ки раванди мазкур саривақт пайгирӣ карда шавад.

–Доир ба саволи дуюм метавон қайд кард, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дорои зарфият ва имкониятҳои бузург дар самти таъсиррасонӣ мебошад. Муайян намудани ниҳодҳои калидӣ аз ҷумлаи давлатҳои узви СААД бо дарназардошти самтҳои афзалиятноки онҳо мувофиқи мақсад аст.

Доир ба масъали сеюм метавон гуфт, ки мақсад ва вазифаҳои афзорҳои “неруи нарм”-и СААД бояд ба самтҳои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар назди Созмони номбурда қарордошта, равона карда шавад.

Ба ҳайси яке аз самтҳои “неруи нарм”ташаккули симои мусбати Созмои номбурда мебошад, баъдан истифодаи “неруи нарм” дар мубориза бо идеологияи ифротгароӣ ва терроризм, таҳияи маводҳои иттилоотиву таҳлилӣ ҷиҳати тақвият кардани мавқеи СААД буда метавонад. Баргузории семинар ва тренингҳои гуногун низ яке аз роҳҳои самараноки афзорҳои “неруи нарм” ба шумор меравад.

Дар фарҷоми сухан метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муколамаи созанда бо ҳамаи кишварҳои СААД ҷиҳати расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои барномаҳои худии Созмон дар формати “неруи нарм” ва имкониятҳои таъсири СААД ба ниҳодҳои хусусиятҳои тахрибидоштаи “неруи нарм” дар минтақаи масъулияти СААД мебошад.

Иштирокчиёни машварат вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти СААД-ро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолияти давлатҳои узви СААД-ро дар танзими бунёдии ниҳодҳои таъсиргузори “неруи нарм” дар кишварҳои СААД ва усулҳои кори онҳо; имкониятҳои таъсиррасонии СААД ба ниҳодҳои “неруи нарм”, ки дар минтақаи масъулияти Созмон амал мекунанд ва ҳадаф ва вазифаҳои барномаҳои худи СААД дар доираи “неруи нарм” таъкид намуданд ва ба саволҳои матраҳшуда посухҳои қаноатбахш доданд.

Ёдодвар мешавем, ки дар чорабинии мазкур бо суханронии ифтитоҳӣ Котиби генералии СААД И.Н Тамагамбетов ва роҳбарону намояндагони марказҳои зеҳнии Федератсияи Русия, Беларус, Тоҷикистон ва Қирғизистон ва дигар коршиносон ширкат варзиданд ва ибрози назар намуданд.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 
 Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед