Рӯзи 1 декабри соли 2023 муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода дар Конфронси маҷозии байналмилалӣ таҳти унвони «25 соли Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ: дурнамои шарикии минтақавӣ дар расидан ба ҳадафҳои рушди устувор» иштирок ва дар мавзуи “Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ва нақши он дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш хеле хуб пазироӣ гардид. Дар чорабинӣ роҳбарон ва коршиносони ниҳодҳои илмӣ ва таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар суханрониҳои худ доир ба натиҷаҳои бадастомада дар раванди татбиқи Барномаи мазкур дар самтҳои рақамикунонӣ, энергетика ва захираҳои обӣ, экология, тиҷорат, нақлиёт ва логистика, инчунин, масъалаҳои дурнамои шарикии минтақавӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор ибрози назар намуданд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Институти байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд доир гардид.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор шуд.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон