14 апрели соли 2022 муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода дар конфронси бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар мавзӯи «Сӣ соли ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА: оянда чӣ аст? Нигоҳе ба дастовардҳои гузашта ва роҳи минбаъда» ба таври онлайн иштирок ва суханронӣ намуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Институти сулҳи ИМА ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Департаменти давлатии ИМА, сафирони ҳар ду кишвар ва пажуҳишгарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти сулҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва дигар коршиносони байналмилалӣ  иштирок намуданд.

Чунонки Муҳаммадзода П.А. дар суханронии худ қайд намуд, дар 30 соли охир дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва ИМА таҷрибаи бузурги амалӣ ва дастовардҳои муҳим ба даст омадаанд.

Рушди ҳамкориҳои сисоларо таҳлил намуда, муовини директори Марказ равиши нави ҳалли мушкилиҳои минтақавӣ ва масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки ду кишвар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданд, қайд намуд. Ин, пеш аз ҳама, дар мубоҳисаи фаъол, инчунин табодули васеи афкори ҷонибҳо, коркарди равишҳои муштарак, ташаккули рӯзномаи умумии ҳамкориҳо барои ояндаи наздик ифода меёбад.

Коршиносони дигар дар чаҳорчӯби суханрониҳои худ дастовардҳои 30 соли ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистон ва США-ро  мавриди баррасӣ қарор дода, перомуни ҳамкориҳои минбаъда андешаҳои ҷолиб иброз намуданд.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии  назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед