4 марти соли 2022 дар шаҳри Тошканд муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода дар ҷаласаи байналмилалии коршиносон «Саҳми намояндагони ҷомеаи коршиносонию таҳлилии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар таъмини амнияти минтақавӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.

Чорабинии мазкур дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид» баргузор гардид.

Парвиз Муҳаммадзода, дар навбати худ, дар ҳошияи ҷаласаи аввал «Чолишҳо ва таҳдидҳо асосӣ ба амнияти Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» иштирок намуда, дар мавзӯи «Чолишҳо ва таҳдидҳо асосӣ ба амнияти минтақавӣ» суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ роҳбарон ва коршиносони пешбари сохторҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, аз ҷумла Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ, Маркази тадқиқоти геополитикӣ (Тоҷикистон), Институти тадқиқоти стратегии Қазоқистон дар назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Институти миллии тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Қирғизистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Институти равобити байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, Донишгоҳи Раштрия Ракшаи Ҳиндустон, Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегӣ (Покистон) , Маркази тадқиқоти минтақавӣ дар Донишгоҳи Пешовар, CABAR.asia, Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Коршиносон дар чаҳорчӯби суханрониҳои худ вазъи кунунии амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро қайд намуда, таҳдидҳои асосии рушди устувори минтақаҳоро муайян намуданд.

Ба андешаи П.Муҳаммадзода, “Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо чолиш ва таҳдидҳои ҷиддӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, кибертерроризм, киберҷинояткорӣ, онлайн экстремизм, ҷиноятҳои маводи мухаддир, хатару чолишҳои сиёсии дохилӣ, биотерроризм, таҳдидҳои иқтисодӣ ва ғайра рӯбарӯ ҳастанд. Инчуни таҳдидҳои фаромиллӣ ва фаромаҷозӣ(трансвиртуальных) ба субот ва шукуфоии минтақа таҳдид мекунанд, ки дарк ва омӯзиши онҳо барои ҳифзи манфиатҳои умумии минтақавӣ муҳим аст. Мо шоҳиди афзоиши шиддати байни давлатҳо ҳастем, ки аксар вақт манбаи асосии низоъҳои минтақавӣ мегарданд. Ин воқеият моро ба муколама дар сатҳи коршиносию таҳлилӣ барои таъмини амнияти минтақа водор намуда, ин ба раванди ҳамгироии минтақавӣ такони ва мӯҳтавои нав медиҳад”.

Ҳамчуни диққати асоси ба он ҷалб гардид, ки дар як муддати кӯтоҳ давлатҳои минтақа тавонистанд ҳамкориро ба сатҳи комилан нави ҳамкориҳо расонанд.

Зарурияти ҷалб фаъоли марказхои зеҳнӣ дар самти коркарди роҳҳои оптималии ҳалли проблемаҳои мавҷуда ва пешбурди ҳамкории амалии байни давлатҳо қайд карда шуд.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед