Рӯзи 10  июни  соли 2023 муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода дар ҳамоиши байналмилалӣ, ки дар  Институти тадқиқоти Роҳи Абрешими Донишгоҳи  Шимолу ғарбии шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд қайд намуд, ки санаи 2 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Институти мазкур ва дигар марказҳои зеҳнии кишварҳои Осиёи Мараказӣ ба таври маҷозӣ (онлайн)  конфронси байналмилалӣ таҳти унвони  «Паймони марказҳои зеҳнии Чин-Осиёи Марказӣ» дар Донишгоҳи болозикр ифтитоҳ гардида буд, ки дар доираи он бо марказҳои тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ  минбаъд ҳамкориҳои илмӣ, аз ҷумла ҳамоишҳои илмӣ, табодули коршиносон, мубодилаи афкор ва ташкили маърузаҳои муштарак бахшида ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор менамоянд.

Боиси хушнудист, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин ниҳодҳои таҳқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки баъд аз ифтитоҳи «Паймони марказҳои зеҳнии Чин-Осиёи Марказӣ» ба Чин даъват гардида, доир ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Чин  чорабинии илмӣ доир намуд. Дар доираи сафари мазкур муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Парвиз Муҳаммадзода барои кормандони марказҳои зеҳнии Чин дар мавзуи «Тоҷикистон ва Чин:  дастовардҳо ва дурнамои шарикии стратегӣ» маъруза  намуд.

Дар чорабинии мазкур  роҳбарияти марказҳои зеҳнии Донишгоҳи Шимолу ғарбии Чин, пажуҳишгарони Институти тадқиқоти Роҳи Абрешим ва Институти  Осиёи Марказии Донишгоҳи мазкур, намояндагони ВАО  ва дигар коршиносон  иштирок  намуданд.

Парвиз Муҳаммадзода  зимни суханрониҳои худ дастовардҳои 31 соли ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Чинро  мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, пиромуни ҳамкориҳои минбаъда андешаҳои ҷолиб иброз намуд. Нақш ва саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Чин махсус қайд гардид.

Изҳор гардид, ки бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар моҳи майи соли ҷорӣ  ба имзо расид, барои таъмиқи шарикиии стратегии ҳамаҷониба миёни ду кишвар ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Дар охир чорабинӣ ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуд.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед