Санаи 26 ноябри соли 2022 кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои созандаи Асросгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати корҳои созандагию бунёдкории Ватани азизамон ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамҷониба дастгирӣ намуда, ба ҳашари умумӣ баромаданд. Онҳо дар маъракаи шанбегӣ ҳуҷраҳои корӣ, даҳлезу роҳравҳо, ҳавлӣ ва гирду атрофи бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тозаю озода намуданд. Инчунин, онҳо бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳоро нарм карда, ба гирду атрофи бинои муассисаи давлатӣ ҳусни наву тоза зам намуданд. Дар маъракаи шанбегӣ аксари кормандони Марказ фаъолона ширкат варзиданд.
Чуниш маъракаҳои ҳашари дастаҷамаъӣ ҳар рӯзи шанбе баргузор мегардад.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон