Мутахассиси пешбари Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаидзода Абубакр Маҳмадсаид дар давраи бозомӯзӣ дар мавзуи “Миллати ҳушманд: Стратегияҳо, имкониятҳо ва идоракунии амнияти кибернетикӣ”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуд. Курси мазкур аз 7 то 11 марти соли 2022 баргузор гардид.

Давраи бозомӯзӣ аз ҷониби Барномаи ҳамкории Сингапур роҳандозӣ гардида, мутахассисони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ аз 35 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Сингапур, Ветнам, Филиппин, Ироқ, Фиҷи, Бруней, Баҳрайн ва ғайраҳо доир ба мавзуи давраи бозомӯзӣ баромад намуданд.

Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед