Рӯзи 9-уми июл дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоботи ғайринавбатии Президентӣ баргузор шуд. Чорабинии мазкур дар заминаи қабули тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат, ки тибқи такмилу воридсозии дигар иловаҳо инчунин моддаҳои марбут ба муҳлату салоҳияту уҳдадориҳои Президент низ тағйир ёфтанд. Бо назардошти ин ҳолат моҳи май фармони роҳбари давлати Ӯзбекистон оид ба баргузории интихоботи ғайринавбатии Президентӣ содир шуд.  Интихоботи охири Президентӣ соли 2021 доир шуда буд. Тибқи тағиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда муҳлати давраи роҳбарии президент аз 5 ба 7 сол дароз мешавад.

Бо оғози маъракаи пешазинтихоботи аз панҷ ҳизби сиёсии амалкунанда чортояш номзадҳои худро барои соҳиб шудан ба мақоми олии роҳбарикунандаи мамлакат пешбари намуда, ҳизби “Эҳеи Ӯзбекистон” баробари ҳизби ҳоким аз номзадии президенти имрӯза чонибдори намуд.

Дар интихобот нозирону хабарнигорон аз Тоҷикистон иштирок доранд. Аз ҷумла бо даъвати комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон дар ин чорабини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Усмонзода иштирок намуд. Номбурда аз рафти интихобот дар шаҳри Тошканд мушоҳида намуда, вобаста ба таассуроти худ аз ҷараёни интихобот бо расонаҳои хабарии муқими Ӯзбекистон суҳбатҳо анҷом дод.

Чоп кунед