Рӯзи 3 октябри соли 2023 бо ташаббуси Маркази иттилооти илмӣ-таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ва дастгирии Котиботи СААД дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақа” баргузор гардид.

Дар кори конфронс намояндагони кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон  ва Эрон ширкат варзида, доир ба вазъи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон  пас аз ду соли ҳукумати “Толибон” дар ин кишвар, паёмадҳои он ба давлатҳои ҳавзаи СААД ва берун аз он мубодилаи афкор  намуданд.

Дар чорабинии болозикр аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Марказ Хайридин Усмонзода ва сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодӣ Ораз Муртазоев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Марказ Хайридин Усмонзода дар мавзуи “Буҳрони нави Афғонистон дар раванди геополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ” суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки натиҷаи ду соли ҳокимияти “Толибон” нишон дод, ки вазъ дар Афғонистон на танҳо ба эътидол наомад, балки батадриҷ вахимтар  ва таҳдидҳои он бештар мегардад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамлаҳои гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба кишварҳои минтақа, хусусан ба Тоҷикистон ва убури ғайриқонунии марз нисбат ба солҳои қабл дучанд афзудааст.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ваъдаҳои “Толибон” дар хусуси риояи ҳуқуқи инсон, ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи неруҳои сиёсиву қавмии Афғонистон дар зарфи ду соле, ки дар сари қударатанд, иҷро нагардиданд. Баръакс, вазъ дар ин кишвар аз ҳар ҷиҳат рӯз то  рӯз мураккабтар ва  муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ меафзояд. Бинобар ин, дар хусуси Афғонистон, қайд гардид, ки бидуни ташкили ҳукумати фарогири сиёсӣ ва этникӣ дар ин кишвар, таъмини низоми муассири идоракунӣ, амният ва рушди осоишта имконнопазир аст.

Конфронси байналмилалӣ бо муколамаи судманд дар атрофи вазъи имрӯзаи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хотима ёфт. 

Рӯзи дигар, 4 октябр, мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо директори Маркази иттилооти илмӣ-таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои сиёсӣ Николай Дмитриевич Плотников доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия табодули назар карда, густариши равобити ҳар ду кишварро  дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ  барои ҳар ду ҷониб муҳим  арзёбӣ намуданд.

Директори Марказ Хайридин Усмонзода тамосҳои доимии намояндагони марказҳои илмию таҳлилии Тоҷикистону Русияро дар баробари ҳамкориҳои мавҷуда дар самтҳои иқтисоду тиҷорат ба манфиати ҳар ду кишвар маънидод кард.

Дар фарҷоми мулоқот туҳфаи рамзии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори Маркази иттилооти илмӣ-таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Николай Плотников тақдим гардид.

Хадамоти матбуотии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед