Рӯзҳои 21-22 сентябри соли 2023 дар шаҳри Сиани музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ташаббуси пажуҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, Форуми сеюми марказҳои зеҳнии “Чин – Осиёи Марказӣ” таҳти унвони “Муттаҳидсозии кӯшишҳо баҳри эҷоди ҷомеаи ба ҳам наздик ва дорои сарнавишти муштарак барои Чин ва Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Дар форум намояндагони ниҳодҳои таҳқиқотии Чин, роҳбарони марказҳои зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва коршиносони варзида иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳамоиши мазкур аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз муассисони ин формат ба ҳисоб меравад, директори Марказ Усмонзода Хайридин ва роҳбари дастгоҳи Марказ Давлатзода Умед иштирок ва суханронӣ карданд.

Иштирокчиёни Форум асосан дар бораи тавсеаи ҳамгироӣ миёни кишварҳои Осиёи марказӣ ва Чин дар шароити гуногунии фарҳангӣ ва тамаддунӣ ва роҳҳои ташкили ҷомеаи дорои сарнавишти муштарак мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла, директори Марказ Хайридин Усмонзода дар мавзуи “Нақши равобити марказҳои таҳлилӣ дар таҳкими ҳамкориҳои созанда дар Осиёи Марказӣ” суханронӣ намуда, ҷойгоҳи пажуҳишгоҳҳо ва марказҳои таҳлилӣ, мубодилаи афкори пайваста миёни коршиносон ва пажуҳишгарони масоили сиёсию иқтисодӣ ва амниятиро дар тақвияти ҳамгироӣ миёни кишварҳои минтақа ва Чин ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ хеле зарур ва муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар умум, дар Форум зиёда аз 100 олим ва коршиносони варзида ширкат намуданд.

Дар ҳошияи Форуми болозикр мулоқоти директори Марказ бо директори Институти Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин – Сун Чжуанжи низ доир гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар табодули назар карда, густариши минбаъдаи равобити ҳар ду кишварро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ барои ҳар ду ҷониб муҳим арзёбӣ намуданд.

Директори Марказ Усмонзода Хайридин дар баробари таъкиди ҳамёрии ду кишвар дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, тамосҳои доимии намояндагони марказҳои зеҳниро дар ин раванд ба суди ду кишвар маънидод кард.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои байни Тоҷикистону Чин дар ҳама сатҳҳо ҷараёни баланди рушд дорад ва изҳори итминон карда шуд, ки таҳти роҳбарии сарварони ҳар ду кишвар минбаъд низ равобити дуҷониба ва сатҳи бовариву эътимод такони бештар хоҳад ёфт.

Рӯзи дигар, 23 сентябр, бо ташаббуси Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҳамоиши навбатӣ – “Зерфоруми Форуми иқтисодии Авруосиё – нишасти марказҳои таҳлилӣ” дар мавзуи “Ҳамкории иқтисодии Авруосиё дар давраи нав: ҷараёни рушд, имкониятҳо ва оянда” доир гардид.

Дар ин ҳамоиш роҳбарони институтҳои таҳлилӣ ва намояндагони корпуси дипломатии кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Эрон, Муғулистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, АМА, Миср ва ғайра ширкат намуда, оид ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” мубодилаи афкор намуданд.

Дар форуми мазкур директори Марказ Хайридин Усмонзода иштирок ва дар мавзуи “Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин ба хотири субот ва рушд дар Осиёи Марказӣ” маъруза намуд. Дар ҳошияи суханронӣ вазъи равобити иқтисодӣ-тиҷоратии миёни Тоҷикистону Чин ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ҳар ду кишвар таҳлил ва арзёбӣ карда шуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки “Як камарбанд, як роҳ”, ки аз таърихи эҳёи ин ташаббус 10 сол пур мешавад, яке аз самараноктарин лоиҳаҳои сатҳи байналмилалӣ буда, нақши он дар густариш ва таҳкими равобити гуногунҷабҳаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хеле муассир мебошад.

Дар умум, ҳар ду нишасти болозикр, ки бо ташаббуси Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин доир шуданд, бо муколамаи судманд атрофи масоили рушди ҳамгироӣ хотима ёфтанд.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед