15 марти соли 2022 Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайридин Усмон дар чорабинии коршиносон зери унвони «НАТО, Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари воқеияти нави геополитикӣ», ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти Осиёи Марказӣ (Ҷумҳурии Тотористон, Россия) ва Пажӯҳишгоҳи равобити байналмилалии Донишгоҳи федералии Қазон ташкил карда шудааст, иштирок намуд.
Дар рафти чорабинӣ коршиносони варзида аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат намуданд.
Зимни суханронӣ Усмонзода Хайридин Усмон қайд кард, ки ҷуғрофияи бесуботӣ дар минтақаи мо тамоюли васеъшавӣ дорад ва аз ин рӯ, сарфи назар аз тафовути дараҷаи иштирок дар ин равандҳо, шиддати вокуниш ба ин ҳодисаҳо афзоиш меёбад.
Вазъи њифзи марзи Тољикистону Афѓонистон дар партави воќеањои дар минтаќа рўйдода дар шуури љомеаи ањолии Љумњурии Тољикистон нигаронии бештарро ба бор овардааст. Чунин нигаронии Тоҷикистон аз таъмини амният дар ин самт аз он бармеояд, ки имрӯз дар Афғонистон як воқеияти комилан нав ба вуҷуд омадааст ва давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ташаккули муносибати худ ба ин низоми сиёсӣ бархӯрдҳои гуногун доранд.
Усмонзода Хайридин Усмон бори дигар ёдовар шуд, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Толибон устувор ва прагматикӣ буда, ба он асос ёфтааст, ки ҳадафҳои таҳкими амният бояд аз баъзе манфиатҳои иқтисодӣ муҳимтар бошанд. Ин маънои онро дорад, ки барои як муддати муайян бояд баъзе камбудиҳои иқтисодиро таҳаммул намуд, ки бо афзоиши шиддати сиёсӣ метавонад чандин маротиба афзоиш ёбад.
Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи таърихии гузашта чолишҳои пешомадаро аз идеологияи исломгаро, ки аз усулҳои хушунатбори муборизаи сиёсӣ истифода мебарад, хеле ҷиддӣ қабул мекунад, зеро барои тамоми режимҳои дунявӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.
Директори Марказ қайд кард, ки Тоҷикистон дар баробари иҷрои рисолати башардӯстона ба дарёфти тадбирҳои муассири пешгирикунанда ҷиҳати ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои аз Афғонистон воридшаванда манфиатдор аст.
Усмонзода Хайридин ба иштирокчиёни чорабинӣ аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон ёдовар шуд, ки чунин пешбинӣ менамояд:
– кам кардани хатари ворид шудан ва таъсиси ячейкаҳои ифротгаро дар давлатҳои наздисарҳадии Осиёи Марказӣ зери ниқоби гурезагон;
– табодули фаврии иттилоот байни давлатҳои наздисарҳадии Осиёи Марказӣ оид ба вазъи гардиши маводи мухаддир ва кӯшиши содироти маводи мухаддир;
– тањияи механизмњои муассири таъмини њифзи боэътимоди сарњади СААД.
Ба гуфтаи Усмонзода Х.У., бархӯрди манфиатҳои марказҳои қудрат дар атрофи масъалаи Украина боиси нигаронии ҷомеаи Тоҷикистон мегардад. Оқибатҳои чунин амалҳо мустақиман ба ҳамоҳангсозии минбаъдаи ҳамкории кишварҳои минтақа ва Федератсияи Россия дар доираи сохторҳои гуногуни сиёсӣ ва иқтисодии минтақавӣ алоқаманд хоҳанд буд.
Дар фарҷоми суханронӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки иқтидори бузурги ҳамкорӣ дар минтақаи ИДМ имкон медиҳад, ки роҳҳои самараноки ҳалли ин мушкилот якҷоя пайдо карда шаванд.