Имрӯз 8 ноябри соли 2022 бо ташаббуси Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ва дигар марказҳои зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми дуюми марказҳои таҳлилии “Чин + Осиёи Марказӣ” таҳти унвони “Чин ва Осиёи Марказӣ: масири нави рушди муштарак” дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар кори ҳамоиш  инчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин Ван И, Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Ши Тайфэн, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин Зоҳир Саидзода ва дигар сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбарони марказҳои иштирок ва суханронӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки дар форум беш аз 100 нафар коршиносону таҳлилгарони масъалаҳои сиёсӣ ва доираи васеъи намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Парвиз Муҳммадзода муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ зимни суханронии худ, баргузории форуми мазкурро сарвиақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки дар шароити имрӯз, ки мушкилот ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ аз қабили терроризму ифротгароии байналмилилаӣ, тағйирёбии босуръати иқлим, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки дар ҳоли афзоишанд, баргузории чунин ҳамоишҳо дар ҳифзи суботу амният ва рушди устувори на танҳо давлатҳои минтақа балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳони таъсири мусбату амалии худро мегузоранд. Дар ин раванд аз сиёсати хориҷии сулҳҷуёнаи Тоҷикистон ва талошу ташаббусҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ гардида, зикр намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи суботи минтақа, таъмини рушди устувор ва таҳкими робитаҳои судманди дипломатӣ бо ҳамаи кишварҳо аз ҷумла Ҷумҳурии мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тадбирҳои амалиро татбиқ менамояд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки дар шароити имрӯза мо тарҳи “Чин + Осиёи Марказӣ” – ро яке аз намунаҳои муҳимми ҳамкориии минтақавӣ ва имкониятҳои нав ҷиҳати рушди умумӣ, шукӯфоӣ ва устувории тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин арзёбӣ менамоем.

Модели ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин яке аз тарҳҳои муваффақ ва ояндадор аст. Ҳамкориҳо дар чаҳорчуби “Чин + Осиёи Марказӣ” дар пояи эҳтиром гузоштан ба якдигар ва диди муштарак ба равандҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масъалаи амнияти минтақавӣ, гуфтугӯҳои фаъол, коркарди роҳи ягона ҷиҳати таъмини рушди муштарак шакл гирифтааст, ки аз арзишмандии ҳамкориҳо дар чаҳорчуби мазкур далолат медиҳанд.

Маълум аст, ки бидуни ҳифзи устувории Осиёи Марказӣ, бидуни рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои минтақа ва бидуни ҳамгироии муштарак, таъмини амнияти минтқавӣ хеле душвор аст. Дар ин раванд таваҷҷуҳ намудан ба гардиши молу маҳсулот, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, саноат фаъолгардонии долонҳои нави нақлиётӣ хеле зарур аст.

Мо бар ин назарем, ки тарҳи нави модернизатсияшудаи инфросохтори нуқтаи назоратии гузаргоҳи “Қулма-Қаросу” – и роҳи байни Тоҷикистон ва Чин амалӣ гардонида шавад. Инчунин Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти ҳамкориҳо дар самти истифодаи “энергияи сабз” имкониятиҳои рақамӣ дар соҳаи молия, рушди зеҳни сунъӣ ва поён бурдани сатҳи камбизоатӣ дар асоси истифодаи таҷрибаи Чин аст.

Парвиз Муҳаммадзода бори дигар аз мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон бахусус минтақаи Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, тақвияти ҳамкориҳо ва пешбурди ҳадафҳои муштаракро муҳим баҳогузорӣ намуд.

Иштирокчиёни конфронс баҳамории стратегияҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Чинро яке нуқтаҳои муҳими ҳамкорӣ барои рушди муштарак баҳогузорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем,  ки Форуми дуюми марказҳои таҳлилии “Осиёи Марказӣ + Чин” дар шароите баргузор гардид, ки аз барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин 30 сол пур гардид.  Дар муддати 30 соли робитаҳои дипломатӣ ҳамкориҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ хеле рушд намуда, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст. 25 январи соли 2022 ба муносибати  30 солагии муносибатҳои дипломатии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ саммити роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор гардида буд. Дар фарҷоми саммит Изҳороти муштараки сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин қабул ва нашр гардид.

Дар Форуми дуюми марказҳои таҳлилии “Чин + панҷ кишвари Осиёи Марказӣ” таҳти унвони “Чин ва Осиёи Марказӣ: масири нави рушди муштарак”, ки 8 ноябр соли ҷорӣ оғоз гардида, то 9 ноябри соли 2022 идома меёбад, тақвияти ҳамкориҳо, мубодилаи афкор миёни марказҳои таҳлилии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои мубрами минтақавӣ дар меҳвари он қарор мегиранд.

Чоп кунед