Рӯзи 9 ноябри соли 2023 Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ д.и.с., профессор Муҳаммадзода П.А. дар Форуми ҳизбиёни пойтахт бахшида ба Рӯзи Президент таҳти унвони “Ҳамсафони Пешвои миллатем”, ки бо ташаббуси Куммитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, дар Осорхонаи миллӣ баргузор гардид, иштирок карда, дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ” суханронӣ намуд.
Парвиз Муҳаммадзода зимни суханронии худ оид ба аҳамияти муайян гардидани Рӯзи Президент дар қонунгузории кишвар, нақш ва мақоми Иҷлосияи 16-ум Шурои Олӣ дар ташаккули давлати навини тоҷикон, мақоми сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ, нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари муваффақ ва сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва эҳтирому эътирфии Пешвои миллат аз ҷониби роҳбарони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин оид ба нақши Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ суханронӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар форуми мазкур раиси Куммитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, роҳбарон ва кормандони сохторҳои ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, олимону муҳаққиқон, кормандони касбу кори гуногун ва намояндагони ВАО кишвар иштирок намуданд.