Кишвари азизи мо дар арафаи маъракаи муҳимми сиёсӣ, интихоботи президентӣ қарор дорад. 11- уми октябри соли равон барои мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи муҳими тақдирсоз аст. Интихобот ҳамчун унсури ҷомеаи демократӣ дар ҳифзу суботи ҳуқуқҳои инсон нақши муҳим мебозад. Ҷомеае, ки дар он халқ президенти худро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ интихоб мекунад, шаффофияти раванди идориро таъмин менамояд. Ин нишондод аз он аст, ки халқ озодона дар ҳаёти сиёсии давлати худ, иштирок намуда, бо тасмими худ ояндаи неки худро мушаххас месозад. Интихобот ифодаи олии ҳокимияти халқ дар тамоми дунё ба шумор рафта, маҳз тавассути интихобот мардум роҳбарияти кишвари худро интихоб мекунанд. Ин шаҳодат медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми арзишҳои демократӣ дар сатҳи қонунгузорӣ ҳифз шудааст. Мардуми шарифи тоҷик дар интихобот иштирок намуда, номзади арзандае, ки ба онҳо писанд асту дар чеҳраи он ояндаи ободи кишвари худро мебинанд, ба ҳайси президенти худ интихоб мекунанд. Ҳар як интихоботи президентӣ як давраи рушди навини давлатро ифода менамояд, ақидаҳои нав, нақшаву барномаҳои нав, ки барои амну субот ва боз беҳбуд гардонидани сатҳи зиндагии мардум пешбинӣ шудааст, дар бар мегирад.
Ҳизбҳои сиёсӣ ё ба истилоҳ номзадҳое, ки дар интихоботи президентӣ иштирок мекунанд бо барномаҳо, пешниҳодҳои худ ва бо масъулияти баланди ватандӯстӣ барои пешрафти минбаъдаи давлату миллат талош хоҳанд кард. Барои комёб гардидан дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ онҳо аз имкониятҳои технологию иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд. Зимни раъйпурсии соли 2016 меъёри синни шахси номзад ба мансаби президентӣ аз 35 сола ба 30 сола поин бурда шуд. Ин баёнгари он аст, ки роҳбарияти олии кишвар дар ҳамовозии мардум дар тамоми самтҳо ба ҷавонон бовар доранду иштироки онҳоро дар ҳаёти сиёсии мамлакат дастгирӣ менамоянд. Интихобот ҳамчун унсури давлати демократӣ дар ҳифзу амалинамоии ҳуқуқҳои инсон нақши муҳиммеро дорад. Интихобот вазифаи ташаккули ҳокимияти ҳалқ ва ҳимояи манфиатҳои ҷомеаро иҷро менамояд. Дар ҷомеаи мутамаддин интихобот аз ҳар вақта дида бештар ин вазифаро иҷро менамояд. Дар давраи интихобот яке аз марҳалаи ҳассос ва муҳим раванди иштирок ва овоздиҳӣ ба номзадҳо ҳисоб мешавад. Тибқи принсипҳои ҳуқуқи интихобот ягон шахс наметавонад ба ҳуқуқи овоздиҳии шахси дигар дахолат кунад. Бояд зикр намуд, ки дар марҳалаи овоздиҳӣ принсипи баробарӣ аҳамияти хосса дорад. Мутобиқи ин принсип, дар раванди интихобот шаҳрвандоне, ки синашон ба 18 расидааст, ҳуқуқи иштирокро доранд ва тибқи қонунгузорӣ яъне “Як шахс – як овоз” дар интихобот ширкат меварзанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванд масъул аст, ки дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ ширкат варзида, барои ояндаи неки ватани худ саҳм гузорад. Фаъолнокии сиёсии ҳар яки мо нишондод аз баргузор гардидани интихоботи шаффоф ва демократӣ мегардад.
Соҳибихтиёрии халқ ҳамчун волоият ва умумияти ҳокимияти халқ нисбат ба дигар навъҳои соҳибихтиёрӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Маҳз дар заминаи ҳамин навъи соҳибихтиёрӣ табиати демократии давлат ҳифз гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин карда мешавад ва мавқеи халқ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи идораи давлат собит мегардад.
Ҳамин тавр, ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, овози худро ба номзади арзандаи худ диҳанд ва дар рушди устувори минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиби худро гузоранд, зеро иштироки фаъоли шаҳрванд дар интихобот ва интихоби онҳо ояндаи рушди давлатро муайян мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар кишвар барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ, ки халқ тавонад бевосита Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намояд, тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаанд. Илова бар ин, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалӣ оид ба интихоботро эътироф намуда, қонунгузориро доир ба интихобот дар заминаи онҳо такмил додааст. Ба ибораи дигар, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ба арзишҳои демократии байналмилалӣ ва стандартҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ пурра мувофиқ аст.
Муҳаммад Муродов,
мутахассиси Раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати
хориҷии МТС – и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон