Чунон ки мардуми кишвар огоҳанд, якуми марти соли 2020 маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва бо ширкати фаъолонаи интихобкунандагон доир шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири ояндаи неки кишварамон бо масъулияти баланд намояндагони шоиставу арзандаи худро ба парлумони мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб намуданд. Зеро интихоботи одилонаву шаффоф ва пазируфтани фарзандони лоиқи миллат ба ҳайси вакилӣ дар парлумону маҷлисҳои маҳаллӣ ин гарави пешрафти ҳамаҷонибаи Ватани маҳбуби мо мебошад.
Интихоботи парлумонӣ дар фазои ором ва фазои идона доир шуд. Барои интихобкунандагон, тамоми шароит фароҳам оварда шуда буданд, то ба номзади арзанда овоз диҳанд. Аз субҳ дар саросари мамлакат рӯҳияи идона ҳукмфармо буд. Мардуми зиёд барои овоздиҳӣ дар навбат буданд. Ин аз фаъол будани шаҳрвандон дарак медод. Дар симои одамон дар саҳни бинои участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ эҳсоси шодӣ ҳувайдо буд.
Муҳимтарин ҷанбаи ин раванди сиёсӣ барои кишвари мо дар фазои ором доир шудани он буд, зеро на дар ҳама кишвари олам ин маъракаи сиёсӣ оромона баргузор мегардад. Масалан, интихоботи президентие, ки дар Ҷумҳурии Афғонистон доир шуд, хеле дар фазои тарсу ҳарос гузашт. Таҳдидҳо аз ҷониби қувваҳои мухталифи низоъҷӯ ва экстремистӣ ниҳоят зиёд буданд. Дар ҳар лаҳза ва ҳар сония хатари тарконидани ин ва ё он участкаи интихоботӣ аз эҳтимол дур набуд. Бинобар ин, аксари шаҳрвандони синну соли интихоботӣ аз рафтан ва раъй додан ба номзадаи арзандаи худ худдорӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки интихобот воситаи асосӣ ва ҳатто шакли беҳтарин ё ягонаи иштироки воқеӣ дар сиёсат ва идораи корҳои ҷамъиятию давлатӣ мебошад. Яъне бо далели набудани субот омма аз иштирок дар раванди арзишманди сиёсию давлатдорӣ маҳрум мегардад. Хушбахтона, дар мисоли Тоҷикистон ин ҳолат истисно буд. Ваҳдати комил ва суботу хотирҷамъӣ имкон дод, ки ин маъракаи тақдирсози миллӣ бо шукӯҳи хосса баргузор ва ҷамъбаст карда шавад. Дарвоқеъ, мушоҳидаҳо нишон доданд, ки интихобот омили муҳимми боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки марҳалаи муҳими интихобот натиҷагирӣ ё худ эълони ниҳоии раъйҳои додашуда ба номзадҳо буд, ки он бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Дар ин марҳала нақши нозирон, шахсони боэътимоди номзадҳо ва воситаҳои ахбори омма хеле муҳим буданд, зеро онҳо бевосита раванди ташкил, баргузор ва натиҷагирӣ аз интихоботро назорат намуданд. Нозироне, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ сафарбар карда мешаванд низ, вазифаи назорат карданро иҷро намуданд.Тибқи маълумоти расмӣ барои таъмини шаффофияти раванди интихобот, ба ҷуз намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар ҳамчунин даҳҳо гурӯҳҳои коршиносони дохилӣ, садҳо нозирони байналмилалӣ ва теъдоди зиёди рӯзноманигорону намояндагони васоити ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар низ ҷараёни баргузории интихоботро дар ҷумҳурӣ назорат карда, дар бораи чигунагии баргузории ин чорабинии сиёсӣ ва сатҳи шаффофияти он изҳори назар намуданд.Дар маҷмӯъ, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани интихобот ва таъмини шаффофияти онҳо, 230 мушоҳиди байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ҷумҳурии Беларус ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Қабл аз эълони натиҷаҳои пешакии интихобот ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай доир ба раванди баргузории ин раванди сиёсӣ дар кишвар изҳори назар намуданд.Аз ҷумла, зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Миссияи мушоҳидони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), муовини Дабири кулли СҲШ Нурлан Аккошкаров изҳор дошт, ки интихобот дар Тоҷикистон ба талаботи қонунгузории интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат мутобиқ буд ва он гоми муҳим дар роҳи рушди минбаъдаи равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон аст. Миссияи СҲШ даъвати мушоҳидони байналмилалиро ҳамчун талоши роҳбарияти Тоҷикистон ҷиҳати таъмини интихоботи ҳадди аксар ошкоро, шаффоф ва демократӣ арзёбӣ менамояд.
Миссияи мушоҳидони ИДМ низ сатҳи баланди омодагӣ ба интихобот дар Тоҷикистонро дар ҳама сатҳҳо, шурӯъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ зикр намуд. Лаҳзаи асосие, ки мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ ба он таваҷҷуҳ зоҳир карданд, хусусияти ташкилии маъракаи интихобот ва ҷараёни овоздиҳӣ буд.
Тибқи маълумоти Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Ҳафт ҳизби сиёсӣ дар интихобот бо дарназардошти таҳаммулпазирӣ ва рақобати солим ширкат варзиданд ва шаш ҳизб ба парлумон роҳ ёфт. Акнун давраи нави самара ва сифат барои қабули қарорҳои муҳими давлатдорӣ ва татбиқи ҳадафу мароми оммаи мардум шурӯъ хоҳад шуд.
Бояд зикр намуд, ки интихобот аз ибтидои мавҷудияти хеш вазифаи ташаккули ҳокимияти ҳалқ ва ҳимояи манфиатҳои ҷомеаро иҷро намудаасту менамояд. Дар давлатҳои демократӣ интихобот василаи таъмину такмил ва таҷдиди сохторҳои сиёсию ҷамъиятӣ аст. Одамон маҳз ба воситаи интихобот метавонанд ҳуқуқу озодиҳои хешро дар амал татбиқ намоянд.
Дар Тоҷикистони демократӣ, ки меҳвари аслӣ халқ аст, дар такя ба марому ниёзҳои пешгузошташудаи халқ ҷараёни мунтазами пешрафту таҳаввулоти давлат ба роҳ гузошта мешавад. Ин раванду ҳолат дар таҷрибаи сиёсии давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ амалан собит гардиданд. Халқ ба воситаи вакилони интихобкардаи худ орзуву мароми худро баён намуда, дар симои онҳо ашхоси боэътимодро мебинад.
Акнун умед аст, ки номзадҳои ғолиб ва вакилони мардумӣ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю талош хоҳанд намуд. Чунончи шоири шаҳир, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мефармояд:
Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Мирзо Ашӯров,
коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон