Ҳар падида ва раванде, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, он пеш аз ҳама ифодакунандаи талаботу манфиатҳои ҷомеа мебошад. Яке аз чунин воқеаи муҳим дар ҳаёти сиёсии ҷомеа интихобот аст. Агар ба таърих ва раванди ташаккули интихобот таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки интихобот дар ҷомеа баробари сиёсат зуҳур намуда, то замони муосир чи дар ҷомеаҳои анъанавӣ ва чи дар ҷомеаҳои демократӣ дар шаклу навъҳои гуногун арзи ҳастӣ намудааст. Аммо интихобот ҳамчун раванд ва унсури муҳими сиёсат маҳз дар ҷомеаҳои демократӣ ба таври зарурӣ шакл гирифта, усул ва вазифаҳои асосии худро соҳиб гардидааст.
Интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат, интихобот ва низоми интихоботӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардидааст. Инчунин, дар моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ аҳамияти интихобот ва нақши он дар ташаккул ва амалигардонии ҳокимият нишон дода шудааст: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”. Яъне, нақши интихобот ҳамчун восита дар воқеӣ гардидани ҳокимияти халқ бузург аст. Мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоятгари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд. Интихобот ҳамчун унсури муҳими ҷомеаи демократӣ дар таҷассуми иродаи шаҳрвандони мамлакат, ташаккул ва таҳкими системаи сиёсӣ ва амалӣ гардондани ҳокимияти мардум нақши бузург дорад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати миллӣ бо таҷрибаи баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони худ дар давоми бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор ва баҳодурона гузошта истодааст. Дар ин муддат интихобот барои мардуми Тоҷикистон имконеро ба вуҷуд овардааст, ки тавонанд дар ташаккул ва амалӣ гардонданӣ ҳокимияти худ аз он истифода намоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад, зарурат, ташкил ва баргузории интихоботро, қабл аз ҳама, таъмини субот ва ҳамгироӣ, умумигардонии манфиатҳо, ташкил ва назорати ҳокимият, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва ғайраҳо ташкил медиҳанд. Интихобот ҳамчун падидаи муҳими сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор вазифаҳоро иҷро менамояд, ки нақш ва аҳамияти он барои рушди давлати миллӣ ҳарчи бештар меафзояд. Дар шароити муосир вазифаҳои асосии интихоботро дар равандҳои сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зерин арзёбӣ намудан мумкин аст:
1. Вазифаи намояндагӣ аз манфиатҳои шаҳрвандон ва таъмини субот дар ҷомеа. Табиист, ки ҳар як шаҳрванд дорои талаботу манфиатҳои хос мебошад. Шаҳрвандон барои қонеъ намудани талаботи худ аз воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Яке аз чунин воситаҳои муҳим ва самарабахш интихобот аст. Вазифаи асосии интихобот дар ҷомеа ин намояндагӣ намудани манфиатҳои шаҳрвандон ва ҳимоя намудани онҳо мебошад. Интихобот воситае мегардад, ки шаҳрвандон манфиатҳои худро дар симои номзади арзанда бо манфиатҳои миллӣ умумӣ гардонанд. Бояд қайд кард, ки ин ҳолат боиси пешгирии низоъ ва бархӯрди манфиатҳои шахсию гуруҳӣ дар ҷомеа мегардад.  Таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳ аст, ки чунин вазифаи интихобот барои мавҷудияти минбаъдаи давлату миллати мо хеле нақши бориз гузоштааст. Ҳодисаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, муборизаҳои гурӯҳӣ ва бархӯрди манфиатҳои онҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  хатари нобудшавӣ аз харитаи сиёсии ҷаҳон дунболагирӣ менамуд, ваҷҳи ин гуфтаҳоянд. Дар чунин вазъи ноором ва сарнавиштсоз вакилони мардумӣ маҳз ба воситаи интихобот тавонистанд дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари арзандаи худро интихоб намоянд, ки тавонист кишварро аз ҳолати буҳронӣ раҳо намояд.
2. Вазифаи ташкил, танзим ва назорати ҳокимият аз ҷониби халқ. Дар давлати демократӣ сарчашмаи ягона ва асосии ҳокимият халқ ба ҳисоб меравад. Дар чунин ҳолат интихобот воситае мегардад, ки халқ метавонад, ҳокимиятро бо роҳи интихоб намудани номзадҳои мувофиқ ташкил ва ҳамзамон, фаъолияти онҳоро назорат намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ метавонад ба таври озод (мувофиқи меъёрҳои қонунҳои мавҷуда) дар ташкили ҳокимият иштирок намояд.
3. Вазифаи легитимияти (қонунигардонӣ) ҳокимият ва ташаккули элитаи сиёсӣ. Чунин вазифаи интихобот дар ҷомеа шароитеро ба вуҷуд меорад, ки неруҳои сиёсӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба таври қонунӣ ҳокимиятро ташкил намуда, аз рух додани ҳар гуна ҳолатҳои моҷарогароёна пешгирӣ намоянд. Ҳамзамон, ташаккул ва таҷдиди элитаи сиёсиро дар давлат таъмин созанд. Шаҳрвандон тавассути раъйи худ номзадро ба сафи элитаи сиёсӣ ворид менамоянд. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ расман фаъолият менамояд, ки онҳо ҳуқуқи пешниҳоди номзадҳои худ дар интихобот ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.
4. Вазифаи иҷтимоикунонӣ ва фаъолгардонии сиёсии шахс. Чунин вазифаи интихобот дар шахс ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки дарки равандҳои сиёсӣ ва мутобиқ гардидан ба онҳо аз ҷониби ӯ имконпазир гардад, ҳамчунин, шахс тавонад дар онҳо бевосита иштирок намояд. Фаъолнокии сиёсии шахс дар ҷомеа, махсусан дар раванди интихобот, бисёр муҳим аст, зеро дар рафти интихобот, баъзан неруҳои гуногун кӯшиши фиреби оммаро пеша менамоянд. Агар интихобот ваҷҳи баланд гардидани фаъолнокии сиёсии шаҳрванд гардад, он вақт гуфтан мумкин аст, ки шаҳрванд дар интихоби номзади арзандаи худ хато накарда, суботи сиёсӣ ва рушди минбаъдаи давлати хешро поягузорӣ намудааст.
Умуман, интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ вазифаҳои гуногун дошта, он дар рушди тамоми соҳаҳои ҷамъият нақши бузургро иҷро мекунад. Амалӣ гардидани чунин вазифаҳо боис мегардад, ки минбаъд дар ҷомеа суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ, созиш ва ҳамгироии манфиатҳо, рушди инфрасохторҳои муҳими давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ имконпазир бошад. Аз ин рӯ, шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар интихоби вакилон муайян созанд. Шаҳрвандон бояд огоҳ бошанд, ки бетарафӣ дар интихобот падидаи манфӣ аст ва  чун интихобот воситаи муҳими амалигардии ҳокимияти шаҳрвандон аст, пас дар ин раванд ҳар яки онҳо бояд фаъолнокии бештари сиёсӣ зоҳир намоянд.

Алиназар АШӮРОВ,
корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр: https://jumhuriyat.tj

Чоп кунед