Дар ташаккул ва рушди давлат бисёр падида ва равандҳое ҳастанд, ки таъсири бевосита мерасонанд. Яке аз чунин падидаҳое, ки дар рушди босуботи давлат ва таҳкими ҷомеаи демократӣ нақши бузург дорад интихобот ва низоми интихоботӣ ба ҳисоб меравад. Дар замони муосир интихобот неруе гардидааст, ки пешрафти давлатро таъмин менамояд. Маҳз ба воситаи интихобот одамон имкон пайдо менамоянд, ки шахсони фаъол ва арзандаро интихоб намоянд ва ё худ дар раъси интихоби дигарон қарор гирифта, ба ҳокимияти сиёсӣ ворид гарданд. Ҳамзамон, интихобот василаи асосии ба сифати сарчашмаи ҳокимият эътироф гардидани халқ аст. Ин усул, ки муҳимтарин хусусияти ҷомеаи демократӣ аст, Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро дар худ ифода менамояд. Чуноне ки дар моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидааст: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.” Аз ин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқро сарчашмаи асосии ҳокимият эътироф карда, ташкили ҳокимияти халқро аз худи он вобаста донистааст.
Шаҳрвандон дар маъракаи интихоботи ширкат варзида дар, ташкили ҳокимияти худ саҳм мегузоранд. Бояд қайд кард, ки интихобот ҳамчун унсури давлати демократӣ ва ҷомеаи огоҳ дар амалигардии ҳуқуқҳои инсон нақши асосӣ дорад. Яке аз вижагиҳои муҳимми интихобот, ки ин падидаро дар ҳама давру замонҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор додааст, омили бартарияти иродаи мардум нисбати тамоми муносибатҳо аст. Яъне дар раванди интихобот иродаи мардум ва баробарии онҳо ҳангоми интихоби номзадҳо аз ҳама муҳим дониста мешавад.
Бояд зикр намоем, ки дар замони муосир раванди интихоботро тамоми давлатҳо дар амалияи ҷамъиятии ҷомеа дар шакл ва навъҳои гуногун истифода менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд интихоботро дар равандҳои сиёсати дохилии худ ба таври самарнок истифода менамояд. Мақсад аз баргузории интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҷомеаи демократӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалигардонии ҳокимияти халқ аст. Таъкид кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи бузургии баргузории чунин маъракаи муҳимми сиёсиро дорад ва ҳамзамон пайваста кӯшиш менамояд, ки барои таҳкими ҷомеаи демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакат аз низоми интихоботии самаранок ба таври васеъ истифода намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ аз 26.12.2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад».
Ҳамчунин, дар Паёми мазкур дар масъалаи раванди интихоботӣ чунин қайд гардид: «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандўстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекуна. Ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ шаҳрвандонро даъват менамоям, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош кунанд, то ин ки чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намояд… Ба Шумо – шаҳрвандони азизи мамлакат муроҷиат мекунам, ки ҳангоми баргузории интихоботи навбатӣ, аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сар карда, то вакилони ҷамоатҳо бо дарки баланди масъулият намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоед».
Таваҷҷуҳ намудани Сарвари давлат ба раванди интихобот ва даъвати аз он, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи муҳим фаъолона ширкат варзанд, назари огоҳона ва таъкиди бамаврид аст. Дар алоқамандӣ ба чунин мулоҳизот ҳаминро арзёбӣ кардан муҳим аст, ки фаъолнокии шаҳрвандон дар маъракаи интихоботӣ вижагиҳои махсус дорад. Аввалан, самаранокии интихобот аз худи интихобкунанда вобастааст, зеро интихобкунанда нафаре аст, ки ҳуқуқи интихоб намуданро дорад. Ин ҳуқуқи интихобкунанда мувофиқи қонунҳо ба низом дароварда шуда, ягон кас ҳуқуқи дахолат кардан ба ин ҳуқуқро надорад. Аз ҳамин хотир фаъолнокии баланди сиёсии шаҳрванд боиси ба таври шаффоф ва одилона баргузор гардидани интихобот мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки интихоботҳои солҳои охир дар давлатҳои ҷаҳон доир гардида сатҳи муносиби интихобкунандагонро фаро нагирифтаанд. Шаҳрвандони бештари чунин давлатҳо дар раванди интихобот ҳолати абсентизмро (бемайлии сиёсӣ ба интихобот) аз худ зоҳир намудаанд. Чунин шакли муносибат шаҳрванд табиист, ки ба раванди интихобот таъсири манфӣ мерасонад. Сониян, фаъолнокии сиёсии шахс дар маъракаи интихоботӣ сабаб мегардад, ки номзадҳои арзанда ва муносиб интихоб гардида, ба корҳои идораи давлатӣ ҷалб гарданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи муҳимтарин маъракаи сиёсӣ яъне раванди интихобот қарор дорад, ки ин маърака санаи 1 марти соли ҷорӣ баргузор мегардад. Дар ин маъракаи муҳим вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб карда мешванд. Бояд гуфт, ки дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ҳафт ҳизби сиёсие, ки дар ҷумҳурӣ расман ба қайд гирифта шудаанд номзадҳои худро пешбарӣ намудаанд ва ҳамзамон иштирок менамоянд. Таъкид кардан зарур аст, ки иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва мавҷудияти плюрализм дар барномаи онҳо омили таҳкими ҷомеаи демократӣ дар давлат мегардад.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар раванди интихобот таваҷҷуҳи махсусро тақозо дорад, фаъолияти мунтазами комиссияҳои интихоботӣ мебошад. Вазифаи асосии комиссияҳои интихоботиро дар ин раванд, масъалаи ташкил ва назорати интихобот фаро мегирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алакай дар ҳама минтақаҳо комиссияҳои интихоботии махсус ташкил карда шудаанд, ки раванди ташкил ва баргузории маъракаи интихоботро таъмин менамоянд.
Ҳамин тавр, дар шароити муосир итихобот воситае мегардад, ки шаҳрвандон дар ташкил ва амалигардии ҳокимияти худ бевосита иштирок намоянд. Ҳамзамон, интихобот василаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гардида, арзиши олӣ доштани онро густариш медиҳад. Аз ҳамин хотир, ҳар як шаҳрванди мамлакатро зарур аст, ки дар муҳимтарин маъракаи сиёсӣ, яъне интихобот ширкат варзида, раъйи худро ба номзадҳои бунёдкор ва арзанда диҳанд. Фаъолнокии ҳар як шаҳрванд дар арафаи интихобот кафолати рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Тоҳирхон Баротов, сардори раёсати тадқиқоти
масъалаҳо сохибкорӣ ва рушди бахши хусусии
МТС – назди Президенти ҶТ