Интихобот ҳамчун падидаи нодири ҷомеаи демократӣ дар ҳамгироӣ ва созиши талаботу манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа нақши бузург бозидааст. Бояд гуфт, ки дар давлатҳои демократӣ халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият арзёбӣ мегардад ва дар ин раванд маҳз интихобот воситаи муҳимми ташкил ва амалигардонии ҳокимияти олӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Ин нуктаро давлатҳои демократӣ дар Қонуни асосии худ сабт намуда, дар амалинамоии ин принсип аз интихобот ва раъйпурсӣ ба таври васеъ истифода менамоянд. Аз ҷумла, ин нукта дар моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зерин дарҷ гардидааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст…». Маврид ба зикр аст, ки ҷомеа аз табақаҳои гуногун таркиб ёфтааст, ки ҳар яке аз онҳо дорои талабот ва манфиатҳои хос мебошанд. Дар чунин шароит интихобот ба шаҳрвандон имкон фароҳам меорад, ки барои умумигардонидани манфиатҳои тамоми ҷомеа шахси муносиб ва арзандаеро ҳамчун ҳимоягари худ интихоб намоянд.
Дар маҷмӯъ, интихобот яке аз маъракаҳои муҳимми сиёсие мебошад, ки аз ҷониби мардум дар шакли озод гузаронида мешавад. Шаҳрвандон шахсеро, ки ҷонибдорӣ менамоянд ба таври пинҳонӣ, бе дахолати шахсони дигар ба он овози худро медиҳанд. Шаҳрвандоне, ки вобаста ба сину сол ҳуқуқи интихоботӣ пайдо кардаанд, метавонанд дар интихобот иштирок намоянд. Дар шароити муосир раванди ташкил ва баргузории интихобот дар ҷомеаҳои демократӣ мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои соҳаи мазкур ба амал бароварда мешавад. Дар чунин санадҳои меъёрӣ моҳият ва принсипҳои интихобот ва шаклҳои амалишавии он дарҷ карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли хеш бунёди ҷомеаи демократӣ ва адолатпарварро пеша намуда, аллакай 28 сол аст, ки ин ҳадафи бузурги миллии худро амалӣ карда истодааст. Маврид ба таъкид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳамчун сарчашмаи асосии ҳар гуна арзишҳои демократӣ, аз ҷумла интихобот баромад менамояд. Дар асоси ин санади сарнавиштсози давлату миллат як қатор қонунҳое қабул гардидаанд, ки раванди баргузории интихоботро ба таври муфассал дар худ фаро гирифтаанд. Масалан, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ин соҳаро танзим мекунанд. Мардуми Тоҷикистон тибқи қонунгузории мавҷуда имкони озодона иштирок намудан дар раванди интихоботро доранд. Ҳадаф аз баргузории ин маъракаи сиёсӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷониби онҳо интихоб намудани шахси ба боварӣ сазовор барои идоракунии давлат ва аъзогии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ташкил ва баргузории интихобот ягон мушкилоти ҷиддӣ ба назар намерасад, зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мақомоти дахлдор бо он кӯшидаанд, ки тамоми мушкилиҳои дар раванди ин маъракаи сиёсӣ мавҷуда роҳи ҳалли худро ёфта бошанд. Шаффоф ва одилона баргузор гардидани интихобот шароитеро ба вуҷуд меорад, ки неруҳои солими ҷомеа дар раванди муборизаи сиёсӣ ба созиш оянд ва барои қонеъ намудани талаботи ҷонибдорони худ вориди Парламент гарданд.
Ба ақидаи мо, дар раванди интихобот бештар ба ҳолатҳои рӯҳию равонии мардум аҳамияти хосса бояд дод. Ҳамзамон, интихобкунандагон бояд оромтабиат буда, бо як тартиби муайян вориди ҳавзаи интихоботӣ гарданд. Дар қатори аъзоёни комиссияи интихоботӣ бояд мутасаддиёни ҳавзаи интихоботӣ забонҳои русӣ ва ӯзбекиро низ донанд. Фазои ҳавзаи интихоботӣ бояд идона бошад, зеро мардум бо як рӯҳияи воло дар ин маърака иштирок менамоянд. Баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар шакли шаффоф ва оммавӣ бо он бурда мерасонад, ки халқ метавонад озодона шахси арзандаро ба мансаби дахлдор интихоб намояд. Шахсияте, ки дар боварии халқ аст, оянда ба давлату миллат хизмат хоҳад намуд.
Малика Боқиева, мутахассиси раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон