Санаи 12 феврали соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Интихобот ҳамчун арзиши демократӣ дар низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур таҳлилу баррасии раванди омодагиҳо ба маъракаи интихобӣ буда, дар доираи он масъалаҳои марбут ба раванди иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон дар интихобот, инчунин ҳолат ва дурнамои рушди институти интихоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо дарназардошти фарогирии масъала, дар кори ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва васоити ахбори омма иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Усмонзода Хайриддин Усмон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити ноустувории геополитикӣ ва таҳдидҳои гибридии ҷаҳони муосир баргузории интихоботи озод, одилона ва демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хоса дошта, ҳамчун омили муҳимми суботи сиёсӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ мегардад. Илова бар ин, иштироки шаҳрвандон дар интихобот на танҳо бархӯдор гардидан аз ҳуқуқи конститутсионӣ ва ифодаи иродаи сиёсӣ мебошад, балки ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва иттиҳоди ҷомеа дар атрофи манфиатҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Сипас, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфирати Умар дар мавзуи  «Раванди иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон дар интихоботи парлумонӣ», доктори илмҳои сиёсӣ, муовини Директори Маркази  тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Лоҳутӣ дар мавзуи «Интихобот ва рушди парламентаризм дар Тоҷикистон: воқеият ва дурнамо», роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон Умар дар мавзуи «Роҳу воситаҳои муосири ҷалби электорати сиёсӣ дар маъракаҳои интихоботӣ: таҷрибаи ҲХДТ», муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ дар мавзуи «Ташаккули фарҳанги интихобот ва таъсири он ба низоми амнияти миллӣ», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Имомов Ҳумоюн Шарофиддинович дар мавзуи «Ҳуқуқи интихобот ҳамчун ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фарангис Шариф дар мавзуи «Мақом ва нақши ҳуқуқи интихоботӣ дар раванди маъракаҳои интихоботӣ» суханронӣ намуданд.

Дар доираи мавзуъҳои болозикр изҳор гардид, ки баргузории интихоботи ошкоро ва рақобатпазир ба машрӯъияти ҳокимияти давлатӣ мусоидат намуда, ҷиҳати таҳкими субот ва нуфузи байналмилалии кишвар шароити мусоид фароҳам меорад.

Ба андешаи коршиносон, интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти таркибии давлатдории демократӣ мебошад, дар ташаккули низоми сиёсӣ ва таъмини машрӯъияти ҳокимият нақши муассир дошта, механизми муҳимми татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати иштирок дар ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Дар ин замина, бо ҳар як давраи интихобот, сарфи назар аз мушкилот ва душвориҳои объективии давраи гузариш, рушди босуръати қонунгузории интихобот ва такмили таҷрибаи интихобот ба баланд бардоштани шаффофият, ошкорбаёнӣ ва фарогирии раванди интихобот нигаронида шудааст.

Аз ин лиҳоз, такмили минбаъдаи низоми интихобот ва фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи ҳамаи шаҳрвандон дар раванди интихобот яке аз вазифаҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба таҳкими институтҳои демократӣ ва таъмини рушди устувори кишвар нигаронида шудааст.

Ҳамин тавр, ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва натиҷагирӣ намуданд.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед