“Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Интихобот муҳимтарин  омили ташаккулдиҳандаи қувваҳои солим дар ҳаёти сиёсии давлат ба ҳисоб рафта, омил ё нишонаи рушду таҳкими ҷомеаи демократӣ мебошад.

Яке аз омилҳои асосӣ дар раванди интихобот, пеш аз ҳама, омили иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, доир ба иштироки фаъолонаи  шаҳрвандон дар интихобот таъсири амиқе мерасонад. Дар ҳолати хуб будани вазъи иқтисодӣ, шаҳрвандон метавонанд фаъолона дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок намуда, баҳри ҳифзи манфиатҳои ояндаи хеш бикушанд.

Баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар фазои амну субот, барои давлат хеле муҳим арзёбӣ мегардад, зеро дар раванди чунин маъракаи сиёсӣ ҳаргуна қувваҳои дохилӣ ва хориҷӣ мекушанд, тавассути тарғибу ташвиқот ба вазъи дохила таъсир расонанд.

Дар ҳама давру замонҳо вобаста аз шароити мавҷуда ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ё гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ба раванди ҳаёти ҷомеа таъсири назаррас мегузоранд.

Имрӯзҳо ҳама ҳизбҳои сиёсии дар ҷумҳурӣ фаъолият дошта намояндагони хешро барои номзадӣ пешниҳод карда, намояндагони панҷ ҳизби сиёсии давлат тавонистанд ба мақоми номзадӣ роҳ ёбанд. Ҳама номзадҳо барномаҳои пешазинтихоботии хешро тавассути шабакаву расонаҳо, вохӯрӣ  бо мардум, инчунин гуруҳҳои корӣ аз ҳизбҳо ташкил намуда ба тамоми гӯшаву канори кишвар баҳри таблиғу тарғибот сафарбар намудаанд. Аммо расидан ба ин марҳаларо танҳо шаҳрвандон муайян мекунанд. Зеро интихоби президент ва ҳизби ӯ аз халқ вобаста аст. Маҳз интихоби шаҳрвандон омили асосии расидан ба мансаби президентӣ ва табдилёбии ҳизби номзад ба мақоми ҳизби ҳоким мегардад.

Дар давоми 26 соли ҳукмронӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, сохтори давлатдориро танзим намуда,  шароити мусоидеро фароҳам орад, то мардуми шарифи тоҷик дар як ҷомеаи демократӣ ва мутамаддин зиндагӣ намоянд. Дар ҳақиқат, дар давоми фаъолияти сиёсии роҳбарии Эмомалӣ  Раҳмон, ҳолати имрӯзаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, маориф ва фарҳангро наметавон ба солҳои аввал муқоиса намуд, балки дар ин марҳала ҳама соҳаҳо ба як  дараҷаи рушди хос рафта расидаанд.

Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар раванди интихоботи президентӣ, метавонад кафили сулҳу субот ва рушди ҷомеа гардад. Шаҳрвандон дар интихоботи мазкур шахсеро ба мансаби президентӣ интихоб менамоянд, ки ҳафт соли ояндаи давлат аз ӯ вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур  меояд, дуруст ва дақиқ ба дарки масъалаи сиёсӣ рафта, роҳбари арзандаеро интихоб намоем, зеро интихоби мо дар  ҳаёти минбаъдаи кишвар тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Ба ҳар гуна хабарҳои сохта ва таблиғотии гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилӣ, душманон ва хоинони хориҷии халқи тоҷик дода нашавем, чунки ҳама гурӯҳҳои ифротӣ дар раванди ин маъракаи сиёсӣ фаъол гашта, аз мушкилоти кучаки дар кишвар ҷойдошта ҳангомаҳо эҷод намуда, давлату ҳукумати имрӯзаро ба ҷомеа сиёҳ мекунанд. Барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки хеш мехоҳанд фазои сиёсиро ноором созанд.

Имрӯзҳо мо шоҳиди як қатор суханрониҳои хоинону душманони миллати имрӯзаи тоҷик тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастем, ки рӯйрост ва бевиҷдонона фаъолияти Ҳукумати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардум сиёҳ намуда истодаанд. Ба ин васила  мехоҳанд ба мафкураи мардум таъсир расонанд. Аммо имрӯз бо боварии том метавон гуфт, ки халқи солимфикру соҳибандешаи тоҷик наметавонанд ба чунин идеологияҳои террористӣ ва мақсадҳои ғаразноки як зумра хоҷагони фурӯхташуда дода шаванд. Баромадҳои охири ин гурӯҳи хоинон бори дигар ба мардум исбот намуд, ки онҳо на дар пайи ободӣ ва пешрафти ҷумҳурии мо, балки дар пайи манфиатҳои шахсӣ ва хоҷагони бурунмарзии хеш мебошанд. Аз ҳама суханрониҳои онҳо пай бурдан мумкин буд, ки ҳеҷ як пешниҳод ва барномаҳояшон ба манфиати миллат ва давлат  набуда, баръакс, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват доранд, ки алайҳи  кишвари мо таҳрим ва муносибати дағалона ба роҳ монда шавад. Пас аз ин гуна суханрониҳо чӣ гуна метавон ба ин шахсон бовар намуд, ки муқобили пешрафт ва ободии ин сарзамину халқ даъват ба амал оварда истодаанд.

Ҳар шахси солимфикри ҷомеа, метавонад ба қиёс аз суханрониҳои чунин гурӯҳҳо ва фаъолияти имрӯзаи Ҳукумати кишвар хулосаи хешро барорад, ки интихоби дуруст кадом аст. Асри XXI асри рушди илму техника аст, ки инсон тавассути рушди тафаккури хеш ба дастовардҳои илмӣ – техникӣ ноил гардид. Метавон гуфт, ки мардуми шарифи тоҷик то ин дам ба рушди тафаккуру идеологияи  миллатсозии хеш расида, дар гузаронидани чунин маъракаҳо таҷрибаи кофиро дорост, ки миллат ба тавсияҳои беруна ниёз надорад. Агар ба тавсия ниёз дошта бошад ҳам, ба тавсияи дохила ниёз дорад, ки мо дар дохили хеш беҳтарин тавсия- диҳандагон ва беҳтарин ҳуқуқдонҳову сиёсатмадоронро доро ҳастем. Маҳз ташаббуси чунин фарзандон ва заҳмати шабонарӯзии онҳо буд, ки давлати мо то ба ин дам орому осуда ба дараҷаи рушд омада расид, на балки бо тавсия ва даъватҳои пушти пардагии хоинони миллату давлат, ки аз дур истода даъватҳои муғризона менамоянд.

Дар ҳоли имрӯз вазъи сиёсии ҷаҳон ноором арзёбӣ гардида, ҳама қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ дар пайи манфиатҳои сиёсӣ ва геоиқтисодии хеш пардохтаанд. Ҳолати нооромии дилхоҳ кишвар, метавонад барои онҳо созгор бошад, зеро онҳо бештари вақт ҳамин гуна равандҳоро истифода намуда, мақсадҳои ғаразноки сиёсии хешро амалӣ менамоянд. Ба гуфтаҳои боло метавон воқеаҳои гузаштаи Украина ва имрӯзаи Беларусро далел овард.

Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри он мекӯшад, ки ин маъракаи сиёсии кишварро дар фазои орому осоиштагӣ ва ба таври шаффоф баргузор намояд. Гузаронидани интихобот дар фазои оромӣ, вазифаи асосии давлат ва ҳукумат мебошад.

Дар ҳама давру замон барои расидан ба мақоми роҳбарӣ, пеш аз ҳама, аз шахс иродаи қавии сиёсӣ, таҷрибаи зиёди роҳбарӣ, малакаву маҳорати баланди кордонӣ, қудрати дар атрофи худ сарҷамъ кардани қишрҳои ҷомеа, ба як мақсади муайян сафарбар карда тавонистани оммаи мардум ва истифодаи баланди санъати дипломатиро тақозо менамояд. Зеро сиёсат ва идоранамоии кишвар дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиатҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ кори осон нест, чунки дар раванди ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани бозиҳои сиёсӣ, кам шудани захираҳои табиӣ, танг шудани фазои иқтисодии  бозоргонӣ роҳбарони ҷаҳонӣ барои даст ёфтан ба манфиатҳои хеш омодаанд вазъро дар дилхоҳ кишвар ноамн созанд.

Мусаллам аст, ки дар раванди ин чорабинии сиёсӣ нақши ҷавонон калидӣ ба  ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони истиқлоли сиёсӣ ба ҷавонони кишвар бештар такя менамояд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҳама паёму суханрониҳои хеш нақши ҷавононро дар пешрафти кишвар баҳои баланд дода, таъкид менамоянд,“Ояндаи Тоҷикистони азиз аз ҷавонони соҳибилму ватандӯсташ вобаста аст”, зеро маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҷавонон тавонистанд  дар ҳама мақомотҳову сохторҳои идоракунии давлат роҳ ёбанд.

Хулоса, дар интихоботи президентии кишвар, иштироки фаъолонаи умуман, саросарии аҳолии кишвар метавонад як самараи хуберо ба бор орад, ки мақсаду мароми ҳокимияти имрӯзаи кишвар низ ҳамин аст.

 Шодбахт Сабуров,

мутахассиси  Раёсати таҳлил ва

ояндабинии сиёсати дохилии

Маркази тадқиқоти стратегии

 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед