Ҳар чизе ки имрӯз ба дасти мо омадааст, албатта барои боз ҳам осон намудани корамон пешбинӣ шудааст. Аммо ҳар падидаи наву ҷадиде, ки пайдо мешавад, дар баробари худ ду паҳлӯ дорад мусбат ва манфӣ. Аз ҷумла интернет. Бисёриҳо бар он назаранд, ки ин падидаи навин танзимнашаванда аст ва метавонад бо маълумотҳои носаҳеҳи паҳншудаи худ ҳамчун аждаҳо майнаҳои инсонҳо, бахусус ҷавононро фурӯ барад. Доир ба ин масъала мусоҳибае намудем бо Фирӯзи Рамазон, раиси шӯрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
– Шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ таъсире ба мафкураи ҷавонон доранд?
– Барои ҷомеаҳое, ки интернет падидаи нав аст, новобаста аз синну сол вақти зиёди худро дар он сарф мекунанд. Таҳлилҳо ва тадқиқотҳои сотсиологӣ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон нафарони алоҳида зиёда аз 5-6 соат вақти худро ба ҳисоби миёна дар шабакаҳои интернетӣ мегузаронанд. Албатта, вақти пурқимати худро ҷавонон дар шабакаҳои интернетӣ сарф мекунанд, ки ин онҳоро аз олами воқеӣ ба олами виртуалӣ бурда, хатарҳои худро дорад. Дигар паҳлуи таъсири интернет ба мафкураи ҷавонон ин аст, ки мағзшӯӣ мешаванд ва ин ҳама мағзшӯиҳо инсонро ба гумроҳӣ мебарад.
– Оё шабакаҳои иҷтимоӣ василае барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ буда метавонанд?
– Бале, имрӯз ҷавононро бештар ба воситаи интернет мағзшӯӣ карда, ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ ҷалб месозанд. Солҳои охир ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб шудани ҷавонони мо маҳз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, онҳое, ки дар давлатҳои Ироқу Сурия ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шуданд, 80%-ашон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ шуда, шомили ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳо гардидаанд.
– Доир ба фарҳанги истифодабарии шабакаҳои интернетӣ чӣ гуфта метавонед?
– Дар давлатҳои пешрафта аз рӯи барномаҳои махсус тарзи дурусти истифодаи интернетро ба шаҳрвандонашон меомӯзонанд. Мо бояд аз таҷрибаи давлатҳои муттараққӣ истифода намуда, ба ҷавононамон самаранок истифода бурдани интернетро омӯзонем. Интернет ҳамчун падидаи ҷадиде дар ҷомеаи мо пайдо шудааст, ки мо пурра фарҳанги истифодаи онро наомӯхтаем. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандиро имрӯз зарур аст, ки барномаи махсусеро барои истифодабарии самаранок ва бамавриди интернет омодаву пешкаши хурдсолон ва калонсолон гардонанд. Чунки тавассути омӯзиш мо метавонем, хубро аз нохуб фарқ кунем.
– Хубию бадии интернетро дар чӣ мебинед?
– Дар асри илму техника бидуни интернет иттилоотҳои заруриро ба даст овардан ғайриимкон аст. Интернет дар ҳолати самаранок истифода намудан хеле хуб ва ба маврид аст. Имрӯз дар шабакаи Фейсбук саҳифаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ вуҷуд дорад, ки ба ҷавонон як ҷаҳон ғизои маънавӣ мебахшанд. Интернет хуб ҳаст дар ҳоле, ки бо фарҳаги баланди истифодабарияш истифода намоӣ, вагарна аз таҳмилҳои зиёде орӣ нест.
– Кам будани донишҳои динӣ ва истифодаи интернет чӣ фаровард дорад?
– Кам будани дониш ҳангоми истифодаи интернет хатари ниҳоят калон дорад. Дигар ин ки ходимони давлатию динӣ ва умуман тамоми донишмандони мо бояд дар сомонаҳои иҷтимоӣ фаъол бошанд, то ки ба саволҳои ҷавонон ҷавобҳои мушаххас гардонда тавонанд. Вақте ки фазои иттилоотии мо дар интернет холист, ҷавонон маҷбур мешаванд, ки ба сомонаҳои динии хориҷӣ ворид шаванд. Лекин бисёре аз он сомонаҳо хусусиятҳои террористӣ – экстремистӣ дорад. Бояд аз ҷониби давлат имрӯз ходимони динии беҳтарини кишвар интихоб шаванду сомонаҳои интернетии худро кушода, ба саволҳои чавонони мо ҷавобҳои қаноаткунанда диҳанд. Дар давлатҳои пешрафта аз он ҷумла, Русия ходими динии маъруф Шамил Аловиддинов сомонаи динии худро дорад, ки ба саволҳои шаҳрвандон ҷавобҳои мушаххасро дар давоми шабонарӯзӣ пешкаш менамояд. Мо низ аз ин таҷрибаҳои хуби ҷаҳонӣ бояд истифода намуда, амнияти давлатиямонро аз маълумотҳои носаҳеҳи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳифз намоем.
– Интернет дар маънавиёти мо чӣ нақш дошта метавонад?
– Албатта, имрӯз интернет ба маънавиёти мо низ таъсири манфии худро гузошта истодааст. Косташавии ахлоқи ҷавононро аз филму наворҳои хориҷие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо мекунанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Бегонапарастию тақлид ба либосу фарҳанги бегона ҳам имрӯзҳо тавассути интернет сурат мегирад. Интернетро имрӯз мо таҳмилгари рақами як дар ҷаҳони муосир гӯем, хато намекунем. Зеро имрӯз ҳама иттилоот тавассути он ба омма пешниҳод мегардад. Имрӯз дар асри илму техника бе интернет ҷаҳони муосир худро тасаввур карда наметавонад, зеро ки интернет сарҳадҳоро аз байн бурдааст ва тамоми донишмандони ҷаҳон бо якдигар дар як лаҳза аз навгониҳои илмии худ бохабар мегардад. Моро зарур аст, ки интернетро сарфакорона, истифода намоем, зеро ки мо вақти зиёди худро дар он сарф мекунем.
– Ташаккур барои суҳбат.
– Саломат бошед.
Мусоҳиб Рустам Одинаев,
Бознашр аз рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, 10 январи соли 2020