(Таҳлили андешаҳои коршиносон оид ба мушкилоти глобалии соли ҷорӣ ва ояндабиниҳои онҳо дар ин мавзӯъ барои соли 2022)
Дар ҷаҳони муосир инсоният дар рӯ ба рӯи мушкилоти глобалие қарор дорад, ки ба ҳама давлатҳо ва сокинони онҳо таъсири бевосита мерасонанд. Аз ин рӯ зимни тарҳрезии фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳар як давлат нақшаҳои миллии худро ҳатман бо дарназардошти ин омил роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 январи соли 2021 мушкилоти глобалии замони муосирро ба эътибор гирифта, чунин вазифагузориҳо шуда буданд:
1) «Вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшад”;
2) “… дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем”.
Натиҷаҳои қаблии ҷамъбасти соли 2021 нишон медиҳанд, ки ин вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ асоси воқеӣ дошта, маҳз чунин ояндабинӣ таъсири манфии омилҳои глобалиро ба сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурии мо хеле паст намуд. Дар робита бо ин дар поён дар асоси ақидаву андешаҳои ташкилоту созмонҳои сатҳҳои гуногун ва коршиносони соҳа аз як қатор давлатҳо, ки аз манбаъҳои кушода дастрас гардидаанд, моҳияти мушкилоти глобалии соли 2021 ва ояндабиниҳо дар ин мавзӯъ барои соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Мушкили асосие, ки дар тамоми олам соли ҷорӣ чун соли 2020 ба тамоми соҳаҳои фаъолияти халқу кишварҳо таъсири бевосита расонид, ба андешаи аксари коршиносон, ин ҳамон паҳншавии коронавируси КОВИД-19 буд, ки то ҳол ҳам идома дорад. Вобаста ба ин давлатҳои кулли олам дар назди худ вазифаи аз ваксинакунонӣ гузаронидани аҳолиро чун ҳадафи аввалин қарор доданд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 5 намуд ваксина истифода намуда, то ба ҳолати 30 ноябр 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) ваксинаи якум ва 2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар (44,5%) шаҳрвандони мамлакат вояи дуюми ваксинаро гирифтанд.
Вале, мутаассифона, соли 2021 дар сатҳи ҷаҳонӣ ваксинагузаронӣ чандон муваффақона анҷом наёфт: то ҳол ҳам нарасидани миқдори кофии ваксина бар асари бо ҳамдигар ҳамоҳанг насохтани фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт на танҳо дар давлатҳои олами сеюм, балки дар давлатҳои рушдёфта ва ҳатто худи истеҳсолкунандагони ваксина ҳам ба мушоҳида мерасад. Ҳаракатҳои мухолифини ваксинагузаронӣ, муқобилияти баъзе қишрҳои аҳолӣ ба ин чорабинӣ ё тақаллубкорӣ дар таҳияи санадҳо оид ба ваксина гирифтан, инчунин пайдоиши штаммҳои нави КОВИД-19 пешггирии паҳншавии ин бемории сирояткунандаро мушкилтар гардониданд. Аз ин рӯ, тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пандемия метавонад то тобистони соли 2023 идома ёбад.
Таҳти таъсири паҳншавии КОВИД-19 соли ҷорӣ низ чун соли 2020 сарҳади давлатҳо барои додугирифти байниҳамдигарӣ асосан пӯшида монда, соҳаҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ, хусусан сайёҳӣ ва тиҷорат, ҳамлу нақл ва ғайра сатҳи рушди пешинаи худро натавонистанд барқарор созанд. Агарчи аз охирҳои соли 2020 баъзе сарҳадҳо боз шуда бошанд ҳам, мавҷудияти маҳдудиятҳои зиёд барои таъмини фаъолияти муътадили иқтисодӣ, махсусан логистика халали ҷиддӣ ворид сохт.
Пандемия бар асари паҳншавии КОВИД-19 буҳрони ҷаҳонии молиявиро дар соли 2021 боз ҳам амиқтар сохта, на танҳо кишварҳои ҷаҳони сеюм, балки давлатҳои пешрафтае чун Канада ва амсоли онро дар вартаи муфлисшавӣ қарор дод. Дар давлатҳое чун Британияи Кабир бо сабаби нарасидани қувваи корӣ стагфлятсия (пастравии фаъолнокӣ ва болоравии нархҳо) сар зад. Офатҳои табиӣ бар асари ивазшавии иқлим, сардиҳои зимистону хушксолӣ дар мавсими тобистон, сӯхтори ҷангалҳои бузург, обхезӣ ва омилҳои дигар ба болоравии сатҳи таваррум ва нархҳои маводи истеъмолӣ дар тамоми кишварҳои олам оварда расониданд. Махсусан, ноустувории нархи газу нафт ва сӯзишвории аз онҳо истеҳсолшаванда, ки дар баъзе давлатҳо то 80 фоиз боло рафт, ба шадидшавии мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат намуд. Ба ифодаи баъзе коршиносон як махсусияти соли 2021 ҳамин буд, ки дар натиҷаи амиқшавии буҳрони молиявӣ дар кулли олам «сарватмандон сарватмандтар ва камбизоатон боз ҳам осебпазиртар гаштанд».
Чунонки болотар ҳам зикр гардид, соли 2021 офатҳои табиӣ дар сайёра зиёдтар ба мушоҳида расиданд, ки инро коршиносон асосан бо масъалаи ивазшавии глобалии иқлим рабт медиҳанд. Бо ҳамин сабаб мавзӯи иқлим соли ҷорӣ дар сархати рӯзномаи фаъолияти созмонҳои дахлдори байналмилалӣ ва аксарияти кулли давлатҳои олам қарор гирифта, вобаста ба ин Созмони ҷаҳонии метеорологӣ 2 ноябри соли 2021 Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлимро доир намуд. Дар кори ин ҳамоиши байналмилалӣ дар қатори сарони кишварҳои дигари олам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ намуда, таъкид доштанд: «Тавре ки маълум аст, об ва иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд, зеро тағйирёбии иқлим таъсири худро ба ҳаёти мо ва иқтисодиёт асосан тавассути захираҳои об мерасонад. Пиряхҳои мо босуръат об шуда истодаанд… Дар вохӯрии аввали Панели сатҳи баланд вобаста ба обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ва дигар минтақаҳои олам мисолҳо оварда будам. Бо дарназардошти оқибатҳои вазнини идомаи ин раванд, қаблан мо пешниҳод кардем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи мушаххаси “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар карда шавад. Ман пештар ҳамчунин ҷиҳати зарурати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ибрози назар карда будам. Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаббусҳоро дар сатҳҳои гуногун ба таври фаъол пеш мебарад ва мо умед дорем, ки онҳо аз ҷониби Эътилофи обу иқлим низ пуштибонӣ хоҳанд ёфт».
Дар ҳақиқат ҳам, ин иқдомҳои Пешвои миллат барои ҳалли мушкилоти глобалии иқлим метавонанд ба таври мушаххасу нишонрас мусоидат намоянд. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки дар ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва гузариш ба «иқтисодиёти сабз» саҳми бештар гузорад. Аз ҷумла, зимни ифтитоҳи бинои нави Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 ноябри соли 2021 Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим бо фароҳам гардидани шароити муосир, муҷаҳҳаз гаштан бо таҷҳизоти пешрафтаи ҷаҳонӣ бояд мутахассисони соҳа фаъолияти пурсамар дошта бошанд ва омӯзиши ҳолати пиряхҳову иқлимро дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Бо вуҷуди саъю кӯшишҳои Тоҷикистон ва аксарияти кишварҳои олам, мутаассифона, мушкилоти глобалии иқлим дар оянда ҳам ҳамчун мавзӯи доғи рӯз боқӣ мемонанд. Аз ҷониби дигар, натиҷаҳои соли 2021 нишон доданд, ки масъалаи гармшавии иқлим ҳар чӣ бештар хусусияти сиёсӣ касб карда, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ба рақобат дар ҳалли масъалаи мазкур табдил ёфтанд. Дар оянда бошад, тибқи назари мутахассисону коршиносони соҳа, ин рақобат, махсусан байни давлатҳои абарқудрат, метавонад боз ҳам шадидтар гардад.
Дар соҳаи сиёсӣ низ соли ҷорӣ як қатор воқеаҳои сарнавиштсоз рух доданд ва ё чорабиниҳои муҳим гузаронида шуданд, ки хусусияти глобалӣ дошта, қариб, ки ба ҳама давлатҳо таъсири худро расониданд. Аз ҷумла, аз 20 январи соли 2021 ба иҷрои вазифаи худ оғоз намудани Президенти нави ИМА рӯзномаи байналмилалиро оид ба масъалаҳои глобалӣ, хусусан дар соҳаи ҳамкориҳои ҳарбӣ, масъалаҳои иқлим ва ҳалли қазияи Афғонистон тамоман дигаргун сохт. Аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо баромадани Британияи Кабир моҳи январи соли ҷорӣ ва 26 сентябри соли 2021 дар интихоботи Олмони Федералӣ ғолиб омадани ҳизби нав дар ин кишвар – Ҳизби сотсиал-демократӣ на танҳо ба давлатҳои узви ин иттиҳод, балки ба самтҳои зиёди робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ байни кишварҳои олам таъсири бевосита расониданд.
Тибқи назари коршиносон соли 2021-умро ҳамчун соли зиёдшавии эътирозҳои мардумӣ дар давлатҳои пешрафтаи амрикоиву аврупоӣ ва ташаннуҷи муносибатҳо байни давлатҳои абарќудрат низ тавсиф кардан имкон дорад. Барои мисол метавон қайд намуд, ки соли ҷорӣ эътирозҳо дар давлатҳои пешрафта дар масъалаҳои нажодпарастӣ, маҳдусозии ҳуқуқҳо бар асари паҳнашавии коронавируси КОВИД-19 тавассути “фишори пулисӣ” ба мардум ва мавзӯъҳои дигар нишон доданд, ки ягон давлати олам аз таҳдиди эътирозҳои осоиштаву ғайриосоишта озод буда наметавонад. Дар баробари ин, шиддат гирифтани муносибатҳои давлатҳои абарқудрат дар масъалаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва геополитикӣ, нақшаи гузаронидани саммити давлатҳои демократӣ бо даъвати шумораи маҳдуди кишварҳо ва равандҳои дигари амсоли онҳо бори дигар дар сатҳи байналмилалӣ мубрам будани мавзӯи яккақутбӣ ва якчандқутбӣ, пешгирии ҷудоиандозиии мардуму кишварҳо бо созмон додани эътилофҳои гуногун, инчунин дастаҷамъона боло бурдани мақоми созмону ташкилотҳои байналмилалиеро чун Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ собит сохтанд.
Ҳодисаҳое, ки соли 2021 дар Афғонистон ба вуқуъ пайвастанд, нишон доданд, ки ин қазия, дақиқтараш фоҷеаи миллӣ ва минтақавӣ низ аз доираи маҳдуди худ берун рафта, ба як навъ мушкилоти глобалии сол табдил ёфт. Ин равандро якчанд омили асосӣ муайян ва барои тамоми давлатҳои ҷаҳон нигароникунанда сохтанд, ки қабл аз ҳама зикри инҳо зарурат дорад: 1) аз қаламрави Афғонистон берун шудани неруҳои ҳарбии эътилофи кишварҳои ғарбӣ ва бе назорати зарурӣ боқӣ мондани аслиҳа ва муҳиммоти сершумори муосири љангӣ; 2) иҷро нагардидани шартҳои асосии созишномаҳои имзошуда байни тарафҳои даргир оид ба ташкили идоракунии фарогири давлат; 3) сар задани мушкилоти гуманитарӣ, махсусан гендерӣ дар Афғонистон ва зиёдшавии шумораи гурезаҳо ва муҳоҷирон аз ин кишвар; 4) бо таъхири ҷиддӣ ба қазияи Афғонистон таваҷҷуҳ намудани давлатҳои тавонманди олам ва созмонҳои байналмилалии дахлдор ва ғайра.
Мутаассифона, вазъи кунунӣ дар Афғонистон то ҳол имкон намедиҳад, ки раванди ҳалли ин мушкилот идорашаванда ё пешгӯишаванда ҳисобида шавад. Маҳз ба ҳамин мавзӯъ дахл намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Нишасти 15-уми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ санаи 28 ноябри соли ҷорӣ расонидани кӯмаки гуманитариро ба Афғонистон махсусан таъкид намуданд: “Мо аҳаммияти Афғонистонро ҳамчун ҳалқаи ногусастанӣ дар татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва транзиту нақлиёт дар чаҳорчӯби Созмон пурра дарк мекунем. Пешбурди минбаъдаи нақшаҳои дар ин самт пешбинишуда, пеш аз ҳама, аз муътадил гардидани вазъи низомиву сиёсӣ ва таъмини амният дар ин кишвар вобастагӣ дорад. Аз нигоҳи мо, ҳалли мушкилоти дар Афғонистон бамиёномада зарурати ташаккули ҳарчӣ зудтари ҳукумати фарогиррро дар кишвар бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ тақозо менамояд. Афғонистон имрӯзҳо дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад. Бо фаро расидани мавсими сармо вазъият метавонад дучанд шиддат гирад ва боиси гуруснагии оммавӣ гардад. Вобаста ба ин расонидани кӯмаки гуманитариро ба мардуми Афғонистон тавассути сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии башарӣ зарур медонем».
Бояд қайд намуд, ки доир ба мушкилоти глобалии соли 2021 сухан карда, коршиносон аз мавқеъҳои гуногун ояндабиниҳоро дар ин самт барои соли 2022 низ пешниҳод намудаанд. Аз миёни чунин андешаҳо муҳимтарини онҳоро қайд кардан имкон дорад.
Аввалан, ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии глобалӣ дар соли 2022 паҳнашавии коронавируси КОВИД-19 боз ҳам таъсиргузор боқӣ монда, чунонки болотар ҳам зикр гардид, чунин вазъ тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ метавонад то тобистони соли 2023 идома ёбад. Аз ин рӯ ваксинагузаронӣ барои ҳамаи кишварҳои олам дар оянда низ масъалаи мубрам боқӣ монда, ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ин самт тақвият меёбанд. Дар баробари мубориза бо пандемияи коронавирус, ба андешаи мутахассисон, мубориза бо паҳншавии силоҳи қатли ом, таҳдиди терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояти муташаккил, ҳамчунин мушкилоти иқлим, муҳити зист ва дигар мушкилоти доғи глобалӣ метавонад барои роҳандозии ҳамкориҳои бисёрҷонибаи давлатҳо дар соли 2022 ангезаи хубе бошад.
Сониян, фарқияти миқдорию сифатии барқароршавии иқтисодӣ байни давлатҳо боқӣ монда, нишондиҳандаи рушди глобалии иқтисодиёт соли оянда, агарчи ба сатҳи то пандемия буда нарасад ҳам, на камтар аз 4,9% хоҳад буд. Вале ба ин нигоҳ накарда, бо сабаби болоравии сатҳи таваррум ва таъсиси хеле сусти ҷойҳои нави корӣ бартарафсозии мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ вазнин мегардад.
Сеюм, соли 2022 дар самти молиявӣ ширкатҳои дахлдор вазъи пешинаи худро барқарор сохта, дар бозори ҷаҳонӣ криптовалюта мақоми худро дигаргун месозад ва дар арафаи бозиҳои навбатии олимпӣ шояд дар Ҷумҳурии Халқии Хитой арзи нави рақамӣ – e-CNY пайдо гардад. Тиҷорати рақамӣ низ ба тамоми маҳдудсозиҳо аз ҷониби баъзе давлатҳо нигоҳ накарда, рушд хоҳад кард ва на камтар аз 17 фоизи савдои чаканаро ташкил хоҳад дод. Хизматрасониҳои иттилоотӣ дар ин самт ва дар соҳаҳои дигар тавассути истифода аз формати 5G дар тамоми олам афзунтар мешаванд. Вобаста ба роҳандозии чунин навгониҳои технологӣ дар олам баъзе мутахассисон ҳатто рушди бесобиқаи сайёҳии кайҳониро бар ивази сайёҳии муқаррарӣ ва корию хизматӣ ибтидо аз соли 2022 пешгӯӣ мекунанд.
Чорум, дар соҳаи энергетика соли оянда истифодаи ҳамаи навъҳои неру дар сатҳи ҷаҳонӣ на камтар аз 2,2 фоиз афзоиш меёбад, вале ноустувории нархҳои нафту газ, инчунин шадид гардидани талабот ба ширкату давлатҳо оид ба камкунии партови газҳои карбонӣ метавонанд таъсири манфии худро ба истеҳсоли неру гузоранд ва ғайра.
Бояд таъкид намуд, ки соли 2022 дар Ҷумҳурии Халқии Хитой гузаронидани Бозиҳои XXIV олимпии зимистона ва дар давлати Қатар баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, таҳлилу ояндабиниҳои мутахассисонро хулоса намуда, ҷоизи қайд мешуморем, ки ҳамаи онҳо ба баргузории ин ду чорабинии муҳим хушбинона назар андохта, чунин меҳисобанд, ки соли оянда боз як бори дигар варзиш имкон пайдо мекунад, ки новобаста аз баъзе таҳримҳо худро ҳамчун як омили муттаҳидкунандаи инсоният дар рӯ ба рӯи мушкилоти глобалии замони муосир ва ҳалли онҳо муаррифӣ созад.
Дар маҷмӯъ, дар асоси ақидаву андешаҳои ташкилоту созмонҳои сатҳҳои гуногун ва коршиносони соҳа аз як қатор давлатҳо моҳияти мушкилоти глобалии соли 2021 ва ояндабиниҳоро дар ин мавзӯъ барои соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба чунин хулоса расидан имкон дорад, ки омӯзиши сабақҳои глобалии соли ҷорӣ ва ба инобат гирифтани тахминҳои илмӣ барои оянда дар ҳар сурат аз фоида холӣ нахоҳад буд. Аз ин рӯ, аз нуқтаи назари мо, маърифат ва дарки амиқи ҳамаи ин омилҳо ба он мусоидат мекунанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон барои воридшавӣ ба равандҳое, ки дар оянда рух медиҳанд, омодагии қаблӣ дошта бошад ва нақшаҳои дурнамои хешро аз ҷиҳати илмӣ асоснок ва сари вақт таҳия ва амалӣ намояд.
Зиёӣ Хуршед Махшулзода,
доктори илми фалсафа, профессор,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон