Сипос, бар Оне, ки офарид ва ҷилва дод роҳнаморо, шахси салоҳро.
Сипос, аз оламу одам, сипос аз баҳри хушии дамодам, воҳиди ҷамъоҷамъ!
.
Ай фарди сиёсӣ, бар сатҳи баландиву чӣ некӣ дар олами гетӣ!
Бо арзи сипосем – аз номи ниёгон, аз ҳозиру армон, аз миллати заҳмат, оянда бараҳманд!
.
Дуруд, бар шахси хирадманд, умеди ранҷманд, бо заҳмати ожанг, бо қалби пур аз софияту чашмаи пурнур.
Ай кош, ки бошад нигаҳи бад аз Ӯ (он кас) дур!
.
Ай ганҷи замона, ай меҳвари хона-
……………………оромии комил бар зодгаҳу шаҳру Ватан, бар дару бора,
Бар ҷойи падар такягаҳу дасти шафоъ бар сари мора!
Бошад, ки Худованд, подош гузорад ин кардаро дида!…
.
Ай дӯст, ёдат ҳаст:
Омада рӯзи ҷанг бо тиру ғазаб шахси баду тирадили зархарид бар сари миллат!
Гирёну пареш шуд тифлону пирон, аҳли адаб, илму маърифат! З-ин бадиву бераҳмӣ гурезон, ночору ҳам ҳайрон… мардуми таҳаммулгари тоҷик.
Вайронии вақт бар сари пул буд. Ояндаи миллат нагун буд…. Оромӣ чӣ дур буд….
.
Дар тирагии раҳ, Хуршед тулӯъ кард. Ин хости Худо буд!
Бар ҷанг биҷангиду сипас, сулҳ нумӯъ кард! Дил ҷойи сипар шуд, сар ҷойи басар шуд!
…Кори дафтариро
……………………бо меҳр шурӯъ кард!
Аз қаҳру ғазаб, фитнаву шарр қатъи дурӣ кард!
Ин гуфта шухӣ нест!…
.
Ҳарчанд тавонист, сипоҳ буд, то бар сари мардум, дигар ғурбат нафурояд, дар ҷову маконаш иқомат бинамояд.
Аз оҳи дили мардумаш огоҳ, кард дӯстиву гуфт сухан зи минбар, то роҳ кушояд ба тоҷик…, бар меҳру субот…, хуб шавад вазъи иҷтимоъ!
Роғунро бисохт, то равшанӣ шавад ба хони халқ,
Чун шаршараи оби равон, ваҳ чӣ, дурахшид гесуи дарози духтари нобаш!…
Пайроҳа бурид, роҳ биёфт бар дили кӯҳаш, мардони накӯаш.
Ӯ (он кас) малҳами ҷонҳо, мардумгиё шуд!
.
Эҳёи Ватан кард…, аз Сомонӣ…, чор унсури миллат гуфт…, дирам суфт! Аз фарҳангу оин гуфт, ғазаб аз дили халқ рӯфт!
Чун шеваи Рӯдакӣ забон шуд, лаҳнаш чӣ ҷавон шуд!
.
Ӯ (он кас) шуд муваффақ дар ин роҳ бо дастгаҳу дастгоҳ.
Бо марди абарманд, низом қарор шуд, сӣ соли дигар занги дили халқ аз ҷанг раҳо шуд, аз ғам даво шуд.
Ҳай, кори савоб шуд! Худо бипазирад!…
.
Ин гуфтаи ман бекаму кост аст, таърих гувоҳ аст! Дар кишвари тоҷик чунин сулҳу салоҳ ҳаст!
.
Ай хандаи хуршед, созандаву умед, бошад, ки ҳазор сол дурахшед, бар миллати ман боз ҳам оромӣ бубахшед! Бошад, ки бошед!…. Садсолаҳо бо Шед!
.
Назриева О.Ш., номзади илмҳои фалсафа,
сармутахассиси Раёсати таъминоти иттилоотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон