Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таърихӣ нишон медиҳад, ки масъалаи низоъҳои байнидавлатии марбут ба сарҳад оқибатҳои ногувор ва аз назари замон тулонӣ буда, абзори асосии истифодаи қувваҳои манфиатдор мегарданд. Дар ин замина, андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият, масъалаи муҳим дар муносибатҳои байни давлатҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин қарина ҳоло дар ҳалли ин гуна низоъҳо мушкилоти зиёде ба назар мерасад, гоҳе ҷонибҳо ба пуштибонии қувваҳои ғайр умед мебанданд ва баъзан ба асли воқеияти масъала таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.

Агар ба асли ҳалли мушкилотҳо назар афканем, дар воқеъ маълумамон мегардад, ки ҷонибе дорои бартарӣ ва асноди раднашаванда нисбат ба тарафи муқобил мебошад, аммо аз тарафи муқобил бо назари ноогоҳона ба масъала менигаранд ва бо такя ба нерӯи кӯмакрасони сеюм тасмим мегиранд, ки на ҳамеша оқибати хубро дар пай дорад.

Бо назардошти ин масъала қайд намудан ба маврид аст, ки бо истифодаи роҳи гуфтушунид ва ба мувофиқа омадани ҷонибҳои даргир бе дахолати ҷониби сеюм беҳтарин василаи ҳалли низоъҳо ба ҳисоб меравад. Дар алоқа бо ин итминони мо ин аст, ки новобаста аз миёнаравӣ ва дахолати ҷониби сеюм аксар вақт сухани аввалро тарафҳои даргир мегӯянд.

Аз ин рӯ, низоъҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон низ аз қаринаи болозикр бархурдор аст.  Мутаасифона, дар тамоми давраҳои низоъ миёни кишварҳо, ки он дар тули даҳсолаи охир зиёдтар муноқишаҳои шадид ба амал омадаанд, натиҷаи иҷро нагардидани тавофуқот дар тамоми раванди гуфтушунидҳо ба назар мерасад, ки бештари онҳо ба Қирғизистон алоқаманд мебошанд.

Дар низоми муносибатҳои байнидавлатӣ, ба инобат гирифтани манфиатҳои мутақобилан судманд муҳимтарин омили ҳалли мушкилотҳо ба ҳисоб мераванд. Аз тарафи дигар, шинохти манфиатҳо ва дар ин замина ба роҳ мондани музокирот, инчунин иродаи сиёсӣ дар тавофуқот ва минбаъд риоя намудани онҳо омили асосии ҳалли нофаҳмиҳо ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, қайд намудан ба маврид аст, ки низоъи сарҳадӣ, ки санаи 14 сентябри соли 2022 ба амал омад, бевосита ба масъалаҳои болозикр алоқамандӣ доранд. Новобаста аз тамоми тавофуқоте, ки дар заминаи ҳалли мушкилоти сарҳадӣ ба даст омада, ба амал овардани чунин даргирӣ низ аз иҷро нагардидани тавофуқоте, ки миёни ду кишвар ба даст омадаанд дарак медиҳад.

Маълум аст, ки ҷанг ягона воситаи ҳалли муноқишаҳо ба ҳисоб намеравад ва ҳоло дар заминаи ҷангҳои низомӣ нақши ҷангҳои иттилоотӣ кам нестанд. Ҳоло истифодаи фазои иттилоотӣ ба сифати омили бесубот сохтани ҷомеаҳо ва ё ба ин васила ба даст овардани манфиат аз тарафи доираҳои манфиатдори хориҷӣ зиёдтар ба назар мерасад.

Вазъияти муосири минтақа ва ҷаҳон имрӯз аз мо тақозо менамояд, ки дар шинохти амалкарди доираҳои манфиатдор нозукназар бошем ва ба механизми ҳалли низоъҳо таваҷҷуҳи асосӣ равона созем.

Дар доираҳои гуногуни илмӣ ва таҳқиқотии Тоҷикистон олимону коршиносон ба ҷалб нагардидани тарафи сеюм ба ҳалли низоъи сарҳадӣ миёни ду кишвар таъкид менамоянд, ки фикр менамоем ин мавқеи дуруст аст. Зеро ҳалли низоъи сарҳадӣ бо ҷалби тарафҳои сеюм, аз як тараф ба манофеи онҳо алоқаманд буда, аз тарафи дигар боиси вобастагии ду кишвар аз қудратҳои ҷалбгардида мешавад.

Мусаллам аст, ки мураккаб гардидани вазъи сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз як ҷониб суботи дохилии кишварҳоро халалдор менамояд, аз тарафи дигар ба бесуботӣ дар минтақа боис мегардад.

Ҳоло агар ба мавқеъгирӣ ва гузоришҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба низоъи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фазои иттилоотӣ назар афканем, мебинем, ки ҳар лаҳза мавқеъ ва афкори ҷомеа ва тарафҳои манфиатдор аз ҳам тафовут доранд. Зиёда аз ин ба вуқуъ пайвастани муноқишаҳо дар манотиқи сарҳадии ду кишвар вокунишҳои дохилиро низ нисбат ба ҳалли масоили сарҳадӣ аз ҷониби доираҳои гуногуни миллӣ ба вуҷуд меорад, ки ин бевосита ҷиҳати ноором сохтани вазъи дохилии кишварҳо аз тарафи қувваҳои манфиатдор ба маврид мебошад.

Агар ба пешниҳоди ҳалли масоили сарҳадӣ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷониби доираҳои манфиатдор назар афканем, ба назар мерасанд, ки онҳо ҷиҳати тақвияти таъсиргузории худ дар кишварҳо ба масъалаи ҳалли мушкилот миёни онҳо омодаанд. Масалан, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия хонум Мария Захарова аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват намуд, то барои ба эътидол овардани авзоъ дар марзҳои муштарак ва ҷилавгирӣ аз иқдомоти таҳрикомез, тадобири лозимро дар ихтиёри кишварҳо гузоранд. Аз ҷумла, Мария Захарова меафзояд, ки: “Мо аз иттифоқчиёни тоҷику қирғизамон даъват ба амал меорем, ки тавофуқоти баамаломадаро ба таври қатъӣ риоя намуда, ба ҳалли мантиқӣ ва мусолиматомези мушкилоти сарҳадӣ даст ёбанд”. Ӯ ҳамчунин меафзояд, ки “Мо омодагии худро дар ҳоли зарурати ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли….мушкилоти сарҳадӣ миёни ду кишвари бародар иброз менамоем.” https://iz.ru/1396190/2022-09-16/pogransluzhba-kirgizii-soobshchila-ob-strelbe-so-storony-tadzhikistana. Ҷониби Туркия низ мавқеи расмии худро ҷиҳати ҳалли низоъ миёни ду кишвар иброз намуда, ҷонибдори “ҳарчи зудтар ба мувофиқа расидани ҷонибҳо” мебошад https://kaktus.media/doc/467240_mid_tyrcii_otreagiroval_na_konflikt_na_kyrgyzsko_tadjikskoy_granice.html.

Дар расонаҳои русӣ дар бораи вазъияти сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври гуногун менависанд, аз ҷумла INTERFAX.RU аз номи қушунҳои сарҳадии КДАМ Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки “ҷониби тоҷикӣ ба қушуни сарҳадбонии  қирғизӣ тир паронидааст.” https://www.interfax.ru/world/862426, инчунин манбаъ менависад, ки “Ҷониби Тоҷикистон бо нақзи тамоми тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, дар тамоми нуқтаҳои марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар ноҳияи Боткенди вилояти Боткенд ба иншооти марзӣ ва ғайринизомӣ хиёнаткорона ҳамла кард.” https://www.interfax.ru/world/862435. Инчунин, гуфта мешавад, ки “Ин нақзи ошкори созишномаҳо дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар марзи давлатӣ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон иқтидори назорати вазъро надоранд, бар замми ин, онҳо ба авҷ гирифтани задухӯрдҳои мусаллаҳона мусоидат мекунанд, ки боиси сар задани талафоти инсонӣ  ва осеб ба инфрасохтори ғайринизомии ҳарду мегардад.” Ин мазмун дар сомонаи KOMMERSANT.RU, низ ба чунин мазмун оварда шудааст ва дар он танҳо аз маҷруҳ гардидани сарҳадбонони қирғиз иттилоъ медиҳанд https://www.kommersant.ru/doc/5560966, ин дар ҳолест, ки дар натиҷаи оташ кушодан аз ҷониби сарҳадбонони қирғизӣ сарбозони тоҷик ҷон бохтаанд.

Аз ин рӯ, вобаста ба фарогирии мавқеи расмии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ пешниҳодҳои зеринро зарурӣ медонем:

1.     Бояд нашри иттилоот дар сомонаҳои расмии мақомоти марбутаи давлатӣ вобаста ба вазъият саривақтӣ бошад, чун аксари манбаҳои иттилоотии хориҷӣ бо такя ба иттилои онҳо мавод нашр менамоянд;

2.     Оҷонсиҳо ва расонаҳои миллии иттилоотӣ, инчунин мақомоти марбутаи давлатӣ ки бо забонҳои русӣ маълумот нашр менамоянд бояд бо расонаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкорӣ дошта бошанд, зеро аксарияти расонаҳое, ки берун аз кишварҳо бо забони русӣ нашр мегарданд дар онҳо мавқеи қирғизӣ инъикос меёбад.

3.     Бояд доираҳои илмӣ ва таҳлилӣ ашхоси таҷрибадор, ки ба низоъи миёни кишварҳо шиносоии амиқ доранд бо иродаи касбии мавқеи корӣ ва қаблан дар ниҳодҳои дахлдор кору фаъолиятнамуда, фазои иттилоотии миллӣ ва хориҷиро холӣ нагузоранд.

Шарипов С.С.,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед