Таҳти сарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли ҳафт соли охир дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ малакати мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид:

  • аз 54% то ба 70% расидани саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохила;
  • ба тасвиб расидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №390 “Дар бораи табдил додани Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк””;
  • содагардонии бақайдгирии соҳибкорӣ (Равзанаи ягона);
  • фаъолгардонии низоми ҳисоботсупории электронӣ (омор, андоз) ва ғайра.

Соли ҷорӣ, санаи 11 октябр, дар мамлакати мо маъракаи муҳими сиёсӣ –интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Яке аз номзадҳои арзандатирин, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ин навбат низ дар барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар бахши сиёсати иқтисодӣ барои давом додани дастгирии давлатии соҳибкорӣ ҳалли масъалаҳои зерини соҳа ба назар гирифта шудааст:

  • бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ такмил додани низоми маъмурикунонии андоз;
  • идома бахшидани ислоҳот доир ба беҳтар кардани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ;
  • таъмин намудани фаъолияти бонизоми соҳибкорӣ тавассути ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба сармоягузорону соҳибкорон дар минтақаҳои кишвар ва сода гардонидани расмиёти пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла такмил додани низоми иҷозатдиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ;
  • таҳия ва амалӣ намудани “Стратегияи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025”;
  • амалӣ кардани консепсияҳои иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ дар идора ва хизматрасониҳои давлатӣ ҷиҳати таъмин намудани хизматрасониҳои босифат ба аҳолӣ ва соҳибкорон;
  • тавсеа бахшидан ба сиёсати “иқтисоди сабз”, вусъатдиҳӣ ва дастгирии давлатии низоми соҳибкории экологӣ.

Рушди муносибатҳои бозоргонӣ ташаккул ва рушди соҳибкориро ба миён овард, ки яке аз шаклҳои нави хочагидорӣ мебошад. Ташаккули соҳибкорӣ дар тамоми соҳаи иқтисодиёти давлат барои ҳалли масъалаҳои барпо намудани истеҳсолоти нав, васеъкунии истеҳсолот, мукаммалгардони техникаву технологияи ташкилот ва идоракунӣ, ба даст овардани фоида, фаъолияти инноватсионӣ ва пешрафти илмӣ – техникӣ, иштирок намудан дар сиёсати шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ, дар амалисозии барномаҳои миллӣ ва сохтани ҷойҳои нави корӣ, инчунин, барои афзун гардонидани молу мулки аҳолӣ нақши муҳимро мебозад.

Аз гуфтаҳо маълум мегардад, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам оварда шудааст ва амалӣ гардидани тадбирҳои дар барнома пешниҳодшуда ба густариши ҳамкории дпвлат ва бахши хусусӣ,мустаҳкам гардидани мавқеи соҳибкорӣ дар иқтисодиёт, рушди устувори иқтисодиёт ва боло рафтани сатҳи зиндагӣ аҳолӣмусоидат менамояд.

А.Ф. Содиқова – сармутахассиси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед