Ҳар як давлат бояд барои рушд ёфтани иқтисодиёти худ фаъолияти самараноки соҳаи саноатро ба роҳ монад. Қобили зикр аст, ки Ҳукумати мамлакати мо нақши соҳаи саноатро дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии давлат дарк намуда, пай дар пай барои рушди ин соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи саноатро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мамлакат муайян намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва рушди ҳаматарафаи соҳаи саноат вазифаҳои мушаххас мегузоранд.
Санаи 23 декабри соли 2022 Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ аҳамияти соҳаи саноатро дар рушди иқтисодиёт иброз дошта, дастовардҳои ин соҳаро муаррифӣ намуданд, ба монанди:
- Дар бист соли охир ҷалб гардидани беш аз 36 миллиард сомонӣ сармояи мустақим барои рушди соҳаи саноат;
- Дар панҷ соли охир аз ҳаҷми умумии қарзҳои дода шуда (55 миллиард сомонӣ) 36 дарсади он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидаанд;
- Дар натиҷаи дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ татбиқ гардидани тадбирҳои андешидашуда, дар давоми панҷ соли охир номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 дарсад афзоиш ёфт;
- Дар ин давра мавриди истифода қарор дода шудани 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ ва таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав;
- Соли 2022 беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат намуданд;
- Саноати дорусозӣ тадриҷан рушд ёфта, имрӯзҳо дар мамлакат истеҳсоли 540 навъи доруворӣ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи ин соҳа дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 се баробар афзоиш ёфтааст.
Президенти мамлакат қайд намуданд, ки барои ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръат расидан, бояд дар самти рушд додани саноат фаъолиятамонро давом диҳем. Аз ин рӯ, дар назди вазоратҳову мақомотҳои дахлдор як қатор вазифаҳои марбут ба ин соҳа гузошта шуданд:
- Чораҷӯӣ намудан ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда;
- Ҷорӣ кардани механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз»;
- Чораҷӯйӣ намудан ҷиҳати ҷалби «маблағгузории сабз» барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ дошта;
- Вусъат бахшадани кор ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда;
- Эътибори аввалиндараҷа зоҳир намудан ба таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, паркҳои технологӣ, таҳия ва татбиқ намудани лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва ҷалби боз ҳам бештари сармояи мустақим;
- Андешидани чораҳои зарурӣ барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ дар давоми се соли оянда ва таъсис додани 30 парки технологӣ ва минтақаи саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат;
- Андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳала ба марҳала сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани филизоти қиматбаҳо;
- Аҳаммияти хосса додан ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар филизот, таҳия ва амалӣ сохтани барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳо;
- Таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои кишвар дар самти рушди саноати сабук;
- Андешидани чораҳои саривақтӣ ҷиҳати дар се соли минбаъда бунёд кардану ба кор андохтани маҷмааҳои коркарди ниҳоии нахи пахта дар 5 шаҳру ноҳия, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб бо ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- Таъмин сохтани фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусӣ, ки аз кор бозмондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд;
- Дар соли 2023 барқарор намудани корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодом тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо;
- Бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва таъмин намудани ҳаҷми боз ҳам зиёди истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ;
- Истихроҷ намудан ва то маҳсулоти ниҳоии сохтмон коркард кардани сангҳои ороишӣ ва ба роҳ мондани содироти онҳо ба хориҷи кишвар;
- Соли 2023 бо мақсади афзоиш додани истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ёвон сохта ба кор андохтани корхонаи бузурги истеҳсоли масолеҳи сохтмон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла гаҷсанг;
- Чораҷӯйӣ намудан барои аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар.
Дастовардҳои ноилгардида ва вазифаҳои барои оянда гузошташуда собит месозанд, ки масъалаҳои рушди соҳаи саноат таҳти назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дода шуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд, ки ба боз ҳам беҳтар намудани шароит, баланд бардоштани иқтидори содиротии давлат, рақобатнокии молу маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва умуман тараққӣ ёфтани иқтисодиёт мусоидат менамояд.
Содиқова А.Ф.,
муовини сардори Раёсати
тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ
ва инкишофи бахши хусусии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон