26-уми декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа намуданд.

Кишвари азизамон Тоҷикистон зери ливои сулҳу ваҳдату ҳамдилӣ, бунёдкорию созандагии самаранок дар партави сиёсати хирадмандонаи Қаҳрамони миллати тоҷик, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳ ва мавқеи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ касб намояд. Имрӯз хеҷгуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа ва ҷаҳон бе ҳузури  фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Ин аст, ки то имрӯз чор ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон бо ибтикор ва дидгоҳи башардӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудаанд.  Дар баробари ин, Тоҷикистон ба баъзе мушкилотҳои муҳими замони муосир дар минтақа ва ҷаҳон мавқеи устувор ва дидгоҳи созандаро дорост.

Мавриди қайд аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сиёсати хориҷӣ дар Паёми соли 2020 ба Маҷлиси Олӣ, бори дигар вобаста ба дурустии интихоби сиёсати «дарҳои кушод»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат изҳор доштанд, ки «Мо минбаъд низ ин сиёсатро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорем».

Ба назари коршиносон ва таҳлилгарони соҳа, дар ҳолати кунунии баҳси геополитикӣ ва геостратегии баъзе аз кишварҳои ҷаҳон, Тоҷикистон новобаста ба мавзеи ҷойгиршавии географӣ ва мавқеи геополитикии худ тавонист, тавозуни қувваро дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳифз намуда, сиёсати хориҷии мутавозини худро идома диҳад. Мувофиқи Конститусия ва Консепсияи сиёсати хориҷӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкунанда ва тасмимгирандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, дастовардҳои Тоҷикистон дар бахши сиёсати хориҷӣ бевосита ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доранд. Ҳамчунин, ин аз он далолат медиҳад, ки интихоби сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин шароити пешгӯинашаванда, самаранок ва қобили таҳсин мебошад.

Бояд зикр намуд, ки соли 2019 бо руйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар сиёсати хориҷӣ соли воқеан таърихӣ буд. Чун анъанаҳои қаблӣ дар соли ҷорӣ низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якқатор кишварҳо сафар намуда, дар чорабиниҳои сатҳи баланд иштирок намуданд ва бо якқатор давлатҳо дар бахшҳои зиёди рушди кишвар шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ бастанд. Аз нуқтаи назари дипломатию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ соли равон низ идомаи сиёсати бобарор ва комилан мантиқии кишвар дар самти сиёсати хориҷӣ буд.

Аз таҳлилҳо ва мушоҳида бармеояд, ки сафарҳои хориҷии Пешвои миллат аз нуқтаи назари сиёсиву амниятӣ саривақтиву мутавозин ва аз нуқтаи назари иқтисодиву тиҷоратӣ манфиатноку инкишофёбанда арзёбӣ мегарданд.

Ҳамчунин, дар давоми соли 2019 якқатор сарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба ҳузур пазируфта шуданд. Дар раванди сафарҳои расмиву кории онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту гуфтушуниди сатҳи баланд доир гардид.

Дар умум, давоми соли 2019 зиёда аз чил дидору мулоқоти ҳайати расмӣ ва баландпояи кишварҳои ҷаҳон – сарварони кишварҳо, вазирон, роҳбарони созмону ташкилоти бонуфуз бо Пешвои миллат анҷом ёфтааст, ки ба густариши боз ҳам бештари раванди ҳамгироии Тоҷикистон бо субъектҳои байналхалқӣ таъсири муҳим расониданд.

Дар соли 2019 бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати якқатор созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои онро ба зима дошт. Тоҷикистон муваффақ шуд, ки бо қабул ва амалинамоии чандин барномаву лоиҳаҳо барои рушди кишварҳои узви ин созмонҳо саҳмгузории бузург намояд.

Моҳи июни соли 2019, Тоҷикистон мизбони нишасти сарони кишварҳои Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) буд, ки ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ роҳбарони зиёда аз 40 кишвари минтақаи Осиё озими Душанбе шуданд. Маврид ба зикр аст, ки баргузор гаштани чунин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ, он ҳам бо иштироки роҳбарони олӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, баъзе дидгоҳҳо ва мавқеъҳои нодурусту тахаюлии бофтаро нисбат ба кишвари мо шикаст. Тоҷикистоне, ки аз нуқтаи назари географӣ дар саргаҳи баъзе хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, тавонист амнияту осудагии меҳмононро таъмин намояд ва бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки Тоҷикистон кишвари амну субот ва дар ҳоли рушди босуръат қарор дорад.

Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола низ ба бӯҳрони Афғонистон диққати ҷиддӣ дода, мавқеи давлат ва миллати тоҷикро устуворона таъкид доштанд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки «…қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд».

Коршиносон ва таҳлилгарони соҳаи мазкур дурустии ин дидгоҳро қайд намуда, таъкид менамоянд, ки ҳалли қазияи Афғонистон зиёда аз 40 сол идома дошта, бештар тариқи низомиву сиёсӣ ба он сарукор мегиранд. Дар натиҷа, имрӯз бештари минтақаҳои Афғонистон аз назорати расмии мақомдорони ин кишвар берун рафта, сафи гурӯҳҳои нави террористии дохилӣ ва хориҷӣ дар ин ҷо афзоиш ёфта истодааст. Дуруст аст, ки Ҳукумати Афғонистон ва шарикони ӯ аз нуқтаи назари ҷисмонӣ ва миқдорӣ ба он гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ зарбаи моддӣ расониданд, вале пеши роҳи афзоиши ояндаи идеологӣ ва андешаи ифротии ин гурӯҳҳоро гирифта натавониста истодаанд. Ин аст, ки қазияи ҳалли Афғонистон тариқи музокира ва беҳтар намудани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии мардуми ин кишвар тариқи усулу равишҳои сулҳомез ва аз ҳама муҳим «тақдири ин кишвар ва роҳи ояндаи онро бояд худи мардуми ин кишвар» ҳаллу фасл ва муайян намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид намуданд, ки дар соли 2020 Тоҷикистон раёсати Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Раванди Истамбул оид ба Афғонистонро оғоз менамояд.

Таҷрибаи Раисии Тоҷикистон дар ниҳодҳои муҳими минтақавӣ, мисли СҲШ ва СААД хеле бузург буда, дар кору фаъолияти ингуна созмонҳо нақши сазовор дорад. Бинобар ин, бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъулиятро бо муваффақона анҷом ҳоҳанд дод.

Яке аз масъалаҳои муҳим ва глобалие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ махсусан таъкид доштанд, ин проблемаи об ба шумор мерафт. Қобили қайд аст, ки кишвари мо дар партави татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028», ду соли охир Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баландро баргузор менамояд. Таҷрибаи баргузории чунин чорабиниҳо бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар татбиқу амалӣ шудани ташаббуси навбатии худ нигоҳи ҷиддӣ дошта, ҷонибдорӣ ҳаллу фасли дастаҷамъонаи ин проблемаи глобалии аср мебошад.

Бинобар ин, имсол низ Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» бо иштироки намояндагони воломақом ва коршиносони сатҳи ҷаҳонии соҳаи мазкурро баргузор намояд.

Коршиносон ва таҳлилгарони ватаниву хориҷӣ ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ карда, ингуна чорабиниро майдони озоди табодули фикру андешаҳои созанда доир ба пешгирии норасоии об қайд менамоянд.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун қутбнамо ва санади инъикосгари масъалаҳои мубрами сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рушду тавсеаи дурнамои сиёсати хориҷии кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Азимзода Т.С,

корманди Раёсати таҳлил ва

ояндабинии сиёсати хориҷӣ

Чоп кунед