Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите ба мардуми кишвар ироа карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи соҳибтамаддуни он дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – таҷлили 30-солагии истиқлоли давлатӣ қарор доранд.
Бояд зикр намуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ муосир, дар ҷамъбасти ҳар сол ба парламенти мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Маҷмӯан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади фарогир, таҳлилу баррасикунандаи амиқу дақиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъминкунандаи дурнамои рушди устувори кишварро метавон ба бахшҳои гуногун ҷудо намуд.
Чунин як соҳаи килиди ва меҳварие, ки ҳамасола дар доираи Паёми Пешвои миллат матраҳ мегардад ин таҳлилу арзёбии амиқу дақиқи вазъи иқтисодии мамлакат мебошад.
Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ ибрози ақида намуданд, ки муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат аз ҷумлаи ҳадафҳои олии ҳукумати мамлакат муайян гардида, ҳамаи нақшаву барномаҳои давлатӣ маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи стратегии мамлакат таҳия, қабул ва амалӣ карда мешаванд. Бо ин мақсад ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ элъон намуда, онҳоро тадриҷан амалӣ карда истодааст.
Маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар дораи ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ ва Паёми Пешвои миллат муайячнгардида, соҳаҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба дастоварҳои нав ба нав ноил мегардад, ки муҳимтаринашонро чунин хулоса намудан мумкин аст:
- Эътироф ва кафолат додан ба гуногуншаклии моликият ҳамчун асоси иқтисодиёт, фаъолияти озоди иқтисодӣ, бахши, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкӣ дар кишвар;
- Таҳия қабул ва амалӣ намудани се ҳуҷатҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла “Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ”, “Барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум” ва, “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ;
- Дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардидани рушди миёнасолонаи иқтисодиёт ва 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ расидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар бист соли охир;
- Бунёди зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ ва дар ин замина, қариб чор баробар афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пайдо кард;
- Аз 11 миллиарди соли 1992 то ба 40 миллиард сомонӣ расидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (1992-2021);
- Ҷалби беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишвар дар дар бист соли охир;
- Дар ин давра, ҷалби беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ба рушди соҳаи саноати кишвар;
- Сохта ва бунёду таҷдиди 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар;
- Дар се соли охир сохта, ба истифода додани зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ;
- Таъсисӣ беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои стратегӣ;
- То афзоиш ёфтани 87 баробар зиёд гардидани музди миёнаи меҳнат, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ бошад, 75 баробар;
- Аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз расидани сатҳи камбизоатӣ дар соли 2019 ва дар ин замина, то ба 75,1 сол дарозумрии аҳолӣ дар соли 2020, ки ин рақам нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад.
Президенти кишвар дар идомаи ироаи Паёми худ иброз доштанд, ки бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, вале ин нишондиҳанда барои расидан ба ҳадафҳои рушди кишвар ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Бинобар ин, Пешвои миллат ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда ва дар ин замина таъмини рушду устувори иқтисодиёти кишвар ба масъулини соҳа дастуру ҳидоятҳои зарурӣ намуда, дар назари онҳо мақсаду вазифаҳои нав гузоштанд.
Вазифагузориҳои нав
- Баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод дар ин замина, татбиқи «иқтисоди сабз»;
- Бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» таҳияи ва татбиқи Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд;
- Тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа, инчунин гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо;
- Мунтазам зиёд кардани шумораи бонкҳо, тақвият бахшидани низоми идоракунии хавфҳо ва баланд бардоштани ҳаҷми сармояи ойинномавии ташкилотҳои қарзӣ чораҷӯӣ карда шавад;
- Зиёд намудани ҳаҷми қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан, барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ;
- Дар панҷ соли оянда ҷиҳати ҳамасола афзоиш додани ҳаҷми қарзҳо ва дар соли 2026 ба 30 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарздиҳӣ тадбирҳои мушаххас андешанд;
- Ҷорӣ намудани низоми электронии пайгирии муроҷиати сармоягузорон дар доираи «Равзанаи ягона» ва таҳияи тартиби роҳандозии ҳамкории электронӣ бо сармоягузорон дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти давлатӣ;
- Ҳамчунин, то охири соли 2022 раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми 24 соат, аз ҷумла ба тарзи электронӣ ба роҳ монда шавад;
- Андешида тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳо бо технологияҳои муосир, паркҳои инноватсиониву технологӣ, марказҳои коркарди иттилоот ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда;
- Бо дарназардошти фароҳамсозии омилҳои ҳавасмандгардонӣ дар корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла корхонаҳои нассоҷии дар ихтиёри давлат қарордошта низоми идоракунии корпоративӣ роҳандозӣ ва бо ҷалби бахши хусусӣ фаъолияти самараноки онҳо ҳарчи зудтар таъмин карда шавад;
- Дар робита ба ин, замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягона, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд;
- Дар самти рушди соҳаҳои мухталифи саноат зарур аст, ки гузариш ба технологияҳои инноватсионӣ, хусусан, таҷҳизоти каммасрафи барқӣ таъмин гардида, дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок бо истифода аз «энергияи сабз» васеъ ҷорӣ карда шавад;
- Бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд;
- Андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ ба ин васила таъмини рушди саноати сабук.
Пешбинии натиҷа дар сурати амалӣ гардидани мақсаду вазифа ва афзалиятҳои зикргардида дар давраи то соли 2026. Дар ин замина Пешвои муаззами миллат, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро чунин муайяну арзёбӣ намуданд, ки онҳро маҷмӯан чунин хулоса намудан мумкин аст, аз ҷумла:
- Таъмини рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва дар ин замина то 2 баробар зиёд намудани ҳаҷми ММД ба ҳар нафар аҳолӣ;
- Таъсисӣ 870 корхонаи саноатӣ ва дар ин асос, ба 95 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ва ду баробар афзоиш додани содироти он, ичунин ба 26 фоиз расонида ҳиссаи саноат дар ММД;
- Ташкили беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, беш аз 2 баробар афзоиши даромади пулии аҳолӣ ва дар ин замина, то ба 45 фоиз расонида табақаи миёнаи аҳолӣ ва ба 15 дарсад коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;
- То ба 10 фоиз расонидани ҳаҷми сармоягузории мустақим нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;
- Сохта, ба истифода додани беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
- Тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати ба иқтисоди миллӣ ҷалб намудани маблағҳои имтиёзнок, ва беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ;
- Дар доираи амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар дар 7 соли оянда;
- Дар давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд;
- Бунёд зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ.
Хулоса, ба андешаи мо, агар ҳар як вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ дар татбиқи мақсаду вазифа ва афзалиятҳои дар Паём гузошташуда, ҳамчун санади фарогир ва барномаи стратегии воқеан амалишаванда ва амалисозии силсила дастуру ҳидоятҳои қатъию мушаххаси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона назар кунанд, масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рушди нерӯи инсонӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, истифодаи дурусту самараноки захираҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхона, ҷойҳои нави корӣ ва ғайра ҳаллу фасл гардида, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллӣ таъмин хоҳад гашт.
Одинаев А.И.
Сардори Раёсати таҳлилӣ масъалаҳои
соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ