Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 26 январи соли ҷорӣ ироа карда шуд, тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию байналмилалии кишвар дар соли 2020 ҷамъбаст гардида, вазифаҳои навбатӣ барои соли нав ва дурнамои наздик гузошта шудаанд. Дар ин росто таҳлили вазъи глобалии замони муосир ва мақоми байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун яке аз масъалаҳои марказӣ дар Паём қарор дошт. Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».

Вобаста ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ дар се самти асосӣ – (1) идомаи мубориза бо экстремизму терроризм, (2) ҳифзи сарҳад, таъмини амният ва таҳкими иқтидори мудофиавии ҷумҳурӣ ва (3) густариши муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон Пешвои миллат дар назди мақомоти дахлдор ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ вазифаҳои хеле ҷиддӣ ва мушаххасро гузоштанд, ки иҷрои онҳо кишвари моро ба вазъи ҳассоси глобалии замони муосир бештар мутобиқ гардонида, мавқеи байналмилалии онро боз ҳам устувортар менамояд.

Вобаста ба идомаи мубориза бо экстремизму терроризм дар Паём таъкид карда шуд, ки созмонҳои ифротгаро барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеаи Тоҷикистон ва барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар шабакаҳои интернетӣ хеле фаъол гардидаанд. Ва чунонки ҳамагон медонем, ин қабл аз ҳама ба хоинони бешарафи Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дахл дорад, ки чун дар солҳои 90–уми қарни гузашта бо ҳидояти хоҷагони хориҷияшон аз кишварҳои маълум мехоҳанд боз оташи ҷанги бародаркӯширо дар Ватани мо аланга гиронанд. Вобаста ба ин сокинони ҷумҳурӣ, махсусан ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бо чунин хоинони Ватан, ки, бо таъкиди Пешвои миллат, мехоҳанд «фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд», муборизаи беамон баранд. Аз аҳли зиёи ҷумҳурӣ бошад, талаб карда мешавад, ки дар фазои иттилоотии анъанавию маҷозӣ фаъолтар бошанд ва даҳони бефаровези ин ҷинояткору хиёнаткорон, бешарафону беномусҳоро маҳкам бубанданд. Чун хоинони бешарафи Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бар зидди миллати тоҷик ѓаддорона ҷанги иттилоотӣ эълон кардаю ба шаъни давлату миллат туҳмату буҳтон раво мебинанд, мо низ бояд ин «оҳани тофта»-ро, бо ибораи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо оҳани аз он зиёдтар тофтае бизанем. Маҳз дар чунин сурат мо метавонем, ки аз чунин бешарафон тафовут дошта бошем, зеро бетараф будани ҳар як зиёӣ ба сарнавишти миллату давлат маънии бешарафиро дорад.

Мубрамияти идомаи мубориза бо экстремизму терроризмро дар замони муосир ба эътибор гирифта, Пешвои миллат Прокуратураи генерали ҷумҳуриро вазифадор намуданд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025»–ро таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намояд. Дар ҳақиқат ҳам, иҷрои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, № 776 тасдиқ шуда буд ва дар амалишавии он мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳмгузорӣ намудаанд, ба таври аёнӣ нишон дод, ки қабул ва татбиқи амалии чунин санадҳо дар вазъи кунунӣ самараи хеле мусбат ба бор меорад.

Ҳифзи сарҳад, таъмини амният ва таҳкими иқтидори мудофиавии ҷумҳуриро низ Сарвари давлат дар Паёми хеш аз вазифаҳои муҳимтарин дар вазъи ҳассоси глобалии замони муосир шумурданд, ки комилан аз воқеияти имрӯза маншаъ мегирад. Дар ин самт тибқи дастурҳои Пешвои миллат бояд даставвал тадбирҳои зерин амалӣ шаванд: таҳкими доимии ҳифзи сарҳад, махсусан, сарҳади Тоҷикистону Афғонистон; дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ; тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлат; азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ таъмин намудани онҳо, тақвияти фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ ва ѓайра. Боварии комил дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар зарфи сӣ соли Истиқлоли давлатӣ дар қатори ниҳодҳои дигари давлатию ҷамъиятӣ сохти конститутсиониро барқарор сохта, нерумандии худро дар муқобили ҳама гуна душманҳои дохилию хориҷӣ ба исбот расониданд, баъди амалисозии тадбирҳои пешбинишуда таҷдид гардида, дар таъмини амнияти миллӣ боз ҳам саҳми бештаре мегиранд.

Қобили зикр аст, ки дар баробари таъмини амнияти миллӣ Пешвои муаззами миллат пайваста ба таъмини амнияти озуқаворӣ низ таваҷчуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ва ин беасос нест, зеро тибқи таҳлилҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ, бо мушкилоти ҷиддии таъмин бо маводи хӯрокворӣ, дар соли 2021, аз ҷумла бо сабаби таъсири пандемияи КОВИД-19 метавонанд тамоми кишварҳои олам мувоҷеҳ шаванд. Аз ин рӯ, дар рушди кишоварзӣ, самаранок истифода намудани ҳар як қитъаи замин, зхаираи озуқа барои ду-се сол ва амсоли он бояд ҳар як сокини ҷумҳурӣ саҳмгузор бошад.

Оид ба густариши муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузорӣ намуда, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои давлати моро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, “бо шарикони стратегӣ ва рушди мо – Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико”, инчунин “бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико” ба нақша гирифтанд.

Дар баробари ин, ибтидо аз соли 2021 боз ҳам тавсеа ёфтани робитаҳои ҳасана дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, махсусан дар Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он пешбинӣ карда шуд. Дар ин росто, бо дастури Сарвари давлат тавсеаи ҳамкориҳо бо созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ ба доираи вазифаҳои мубрами амалисозии сиёсати хориҷии Тоҷикистон ворид карда шуд, ки дар байни онҳо тақвияти робитаҳои мутақобилаи дуҷонибаю бисёрҷониба бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мавқеи хосса дорад.

Боиси ифтихор аст, ки соли равон кишвари мо раёсати ҳар ду созмони зикршударо ба уҳда дорад. Ва чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, аз таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай имсол бист сол сипарӣ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат шахсан дар саргаҳи таъсиси ин созмони бонуфуз қарор дошта, аз асосгузорони он маҳсубанд. Аз ин рӯ хеле рамзист, ки таҷлили бистсолагии ин созмони бонуфузи на танҳо миқёси минтақавӣ, балки сатҳи баланди байналмилалӣ дар пойтахти кишвари мо сурат мегирад. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ нақшаи васеъ иборат аз чорабиниҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Боиси сарфарозии мост, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи зикршудаи чорабиниҳо масъулияти баргузор намудани конференсияи байналмилалӣ барои мутахассисон ва коршиносони байналмилалӣ ба зиммаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Марказ аз ҳоло омодагиҳоро дар ин самт дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳ монда, саъй мекунад, ки ин чорабинии муҳимми илмӣ дар сатҳи баланд доир карда шавад.

Ҳамзамон, боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон имрӯз ба ҳайси яке аз фаъолтарин кишварҳои олам дар самти мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси ҷумҳуриро зарур аст, ки барои иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идомаи “муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир”, дар маҷмӯъ, барои таъмини амнияти миллӣ саъю кӯшиш бештар ба харҷ диҳад.

Хуршед Зиёӣ

доктори илми фалсафа, профессор,

директори Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед