Таҳкими сиёсати воқеъбинона ва пайгириҳои бесобиқаи ниёзҳои геостратегӣ аз ҷониби абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ боиси шиддат гирифтани носуботии ҳарбӣ-сиёсӣ гардида, дурнамои таъмини амниятро дар равандҳои минтақавӣ норушан месозад. Аз ин нуқтаи назар дар амалияи сиёсӣ динамикаи таъмини амнияти миллӣ ва амнияти минтақавию байналмилалӣ ба динамикаи муборизаҳои геополитикӣ гиреҳ мехурад ва вобаста ба тамоюлоти мазкур ҳар як кишвар дар раванди ивазшавии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон мавқеияти геополитикии ба худ хос касб менамояд.

Мавқеи геополитикии кишварҳоеро, ки дар равандҳои геостратегӣ нуқтаи бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои бузурги сиёсати ҷаҳонӣ интихоб гардидаанд, пеш аз ҳама, манфиатҳои бақодорӣ, манфиатҳои ҳаётан муҳим, шароитҳои табиию ҷуғрофӣ, менталитет ва арзишҳои миллӣ муайян менамояд.

Роҷеъ ба арзёбиҳои мазкур аз оғози даҳсолаи охири асри ХХ кушиши ба маркази геополитикӣ табдил додани Осиёи Марказӣ аз ҷониби қудратҳои манфиатхоҳи минтақа ва ҷаҳон амалан матраҳ аст. Таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллии кишварҳои минтақа низ аз бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои минтақа ва ҷаҳон сарчашма мегирад ва бартараф намудани онҳо низ аз мавқеъгирии стратегию амалкарди тактикии онҳо вобаста мебошад.

Дар чунин шароити мураккабу ҳассоси геополитикӣ зоҳиршавии ҷангҳои иттилоотиву омехта (гибридӣ) ва махсусан инқилобҳои ранга як ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб равад ҳам, вале занги огоҳист барои ниҳодҳое, ки тавассути онҳо амнияти миллӣ таъмин мегардад. Зеро ҳолати ҳимояшавандагии манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат арзиши волотарин буда, ба таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ниёз дорад.

Осиёи Марказӣ бори аввал баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бевосита ба сиёсати ҷаҳонӣ ва фазои геополитикаи постмодерн ворид шуд. Минтақаи мазкур аз лиҳози захираҳои табиию гидроэнергетикӣ, канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва боигариҳои дигари табиӣ диққати қудратҳои ҷаҳонию минтақавиро ба худ ҷалб намудааст. Тавре дар боло ишора гардид, муборизаҳои геополитикӣ хислати фаромиллӣ доранд ва тарҳи нооромиҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ раванди бошуурона, яъне идорашавандаанд. Идорашавии интиқоли ноамниҳои минтақавӣ аз назари зоҳирӣ тафовути фикрӣ дорад. Аз назари ратсионалӣ решаи ноамниҳои минтақавӣ дар манфиатҳои геополитикӣ ва императивҳои геостратегии абарқудратҳо нуҳуфта аст. Аз ин дидгоҳ инқилобҳои ранга ҳамчун тарҳи нооромсозии кишварҳои минтақа метавонанд ҷанбаи дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта бошанд. Илова бар ин бояд ишора намуд, ки ниёзҳои бақодории қудратҳои сиёсати ҷаҳонӣ вобаста ба вазъият дар арсаи ҷаҳонӣ тағйир меёбанд ва чунин ҳолат дар аксар маврид таҳкими манфиатҳои геополитикии онҳоро халалдор месозад. Бинобар ин густариши фазои нуфузи геополитикии қудратҳои мазкур омили устувортарини ҳимояи афзалиятҳои геостратегии онҳо дар шароити дигаргуниҳои бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ боқӣ мемонад.

Дар шароити феълӣ минтақаи Осиёи Марказӣ дар масири тағйирпазирии геополитикӣ қарор дорад, ки ба суботи сиёсӣ ва амнияти миллии кишварҳои минтақа таъсири бевосита дорад. Инқилобҳои ранга ва ҷангҳои гибридӣ дар шароити ҷангҳои иттилоотӣ яке аз технологияи геополитикаи постмодерн маҳсуб гардида, механизми аз байн бурдани соҳибихтиёрии давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, инқилобҳои ранга таҳдиди воқеӣ ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мегарданд. Илова бар ин воқеиятҳои геополитикаи постмодерн рамзи фарҳангию тамаддунӣ дорад ва технологияҳои густардаи он аз қабили инқилобҳои ранга, мавҷҳои демократикунонӣ, ҷангҳои омехта (гибридӣ) ва ҷангҳои иттилоотӣ на танҳо кишварҳоро аз истиқлоли сиёсӣ маҳрум месозад, балки арзишҳои фарҳангию тамаддунии миллатҳоро тахриб менамояд. Зеро аз назари арзишию тамаддунӣ дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсати ҷаҳонӣ роҷеъ ба баррасии инқилобҳои ранга тафовути назарҳо мушоҳида мегардад, ки он аз гуногунтаркибии консепсияҳои геополитикӣ шаҳодат медиҳад. Кишварҳои Осиёи Марказиро дар масири инқилобҳои ранга интиқоли низоми андешаҳо ва ормонҳои волое, ки пояи бунёдиашон асоси воқеӣ надоранд, ҳамроҳӣ менамояд.

Ҳадафи ниҳоии инқилобҳои ранга тағйири он қудратҳои сиёсиест, ки ниёзҳои геостратегӣ ва афзалиятҳои стратегии қудрати мушаххасро дар масири шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ таъмин карда тавонад. Инқилобҳои ранга ҳамчун лоиҳаи ноором намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусиятҳои ба худ хос дорад. Яке аз хусусиятҳои инқилобҳои ранга технологияҳои мухталифи назарфиребии оммаи мардум мебошад, ки тавассути ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ дар шабакаҳои иттилоотиву интернетӣ амалӣ мегарданд.

Ҳамзамон Осиёи Марказӣ дар руёруи қудратҳои бузурги сиёсати ҷаҳонӣ, ки онҳо доктринаҳои мушаххаси геополитикии худро нисбат ба минтақа тарроҳӣ намудаанд, қарор дорад. Дурнамои таъмини амнияти миллии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз равобити геополитикии қудратҳои бузурги сиёсати ҷаҳонӣ дар фазои геополитикии минтақа вобаста мебошад.

Тафовути арзиширо дар фазои минтақа, гуногунтаркибии консепсияҳои геополитикӣ ташкил додааст. Махсусан, тафовути андешаҳои геополитикӣ ва геостратегӣ шиддати муносибатҳои геополитикиро дар Осиёи Марказӣ мураккаб сохта, таҳдидҳо ба амнияти миллии кишварҳои минтақаро то андозае мушкил сохтааст. Қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии минтақа нақши муассир доранд. Махсусан, муносибатҳои амниятии қудратҳои мазкур бо кишварҳои минтақа яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии онҳо маҳсуб мегардад.

Амалан, зоҳиршавии таҳдиду хатарҳои замони муосир кишварҳои минтақаро ба масири ҳамгироии минтақавӣ ворид сохтааст, ки дар натиҷа бо ҳамроҳии шарикони стратегии худ Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин системаҳои минтақавии таъмини амниятро ташаккул додаанд. СААД ва СҲШ аз зумраи созмонҳои минтақавие мебошанд, ки дар раванди таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи махсус доранд. Барои возеҳу равшан намудани пасманзари инқилобҳои рангае, ки дар баъзе аз кишварҳои минтақа, махсусан Қирғизистон амалӣ шудаанд, инчунин воқеаҳои январӣ дар Қазоқистон, бояд тафовутҳои арзишии консепсияҳои геополитикӣ, ки дар муқобили минтақа тарроҳӣ гардидаанд, мавриди омӯзиш қарор гиранд. Дарвоқеъ зоҳиршавии инқилобҳои ранга дар фазои кишварҳои мазкур шаҳодат аз он медиҳад, ки Осиёи Марказӣ оҳиста-оҳиста ба маркази муқовиматҳои геополитикӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии қудратҳои минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст. Илова бар ин, инқилобҳои ранга ҷанбаи қавии геополитикӣ дошта, ҳамчун зуҳуроти идорашаванда хислати таҳмилӣ доранд.

Дар баробари ин, ҳузур ва рақобати акторҳои муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар фазои геополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ баъзе таҳдидҳои воқеию эҳтимолиро ба бор овардааст. Тавре маълум аст, солҳои охир Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Покистон ва дигар бозингарони геополитикии минтақа низ дар фазои Осиёи Марказӣ манфиатҳои геополитикии худро пайгирӣ менамоянд. Ҳамзамон, ҳолати ҳимояшавандагии манфиатҳои геостратегӣ дар меҳвари муносибатҳои мутақобилаи акторҳои геополитикӣ қарор гирифта, бад ин васила назорати фазо дар минтақаҳои ҳаётан муҳим роҳандозӣ мегардад. Вале бояд қайд намуд, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир хусусияти фарогир доранд ва кишварҳои минтақа ба танҳоӣ наметавонанд дар муқобили онҳо истодагарӣ намоянд.

Вобаста ба таҳдиду хатарҳои нави замони муосир Асосгузори сулҳу воҳдати миллӣ, – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаи аз берун халалдор намудани амну суботи минтақаро таъкид намуда, хостори устувор намудани камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон шуд. Аз ин лиҳоз, кишварҳои Осиёи Марказӣ афзалиятҳои амниятии худро дар муқобили таҳдидҳои замони муосир, маҳз тавассути таҳкиму густариши системаҳои амнияти дастаҷамъӣ роҳандозӣ намуда метавонанд.

Ҳамин тариқ, таҳдиду ҳатарҳои воқеию эҳтимолӣ ба  амнияти миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ аксаран хусусияти фарогир доранд. Дар ин замина ташаккули системаҳои дастаҷамъии амнияти минтақавӣ воситаи муҳимтарини муқовимат бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир арзёбӣ мегардад.

 

Баротов Исроил
муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед